Чоршанбе, 18 ноябри 2026
Садои Шарқ
Нашрияи миллии адабии Тоҷикистон
Назм · Шумораи 10 2026

Борбади Марвазӣ

Ба муборакбодии пешниҳоди  Борбади Марвазӣ ба феҳристи ЮНЕСКО  дар шумори чеҳраҳои ҷаҳонии фарҳанг

Борбади Марвазӣ
                                  I
Борбад!
Хунёгари
             фархундаи
                            таърихи
                                        фарҳанги
                                                        башар!
Эй ки дар дунёи маъниҳо
Бенавоиро наво бахшидаӣ,
Бебақоиро бақо бахшидаӣ,
Дар фазои
                 зиндагии
                                  асрҳо
Розу армони башарро
Аз асоратҳо раҳо бахшидаӣ!
Кохи кошӣ,
Кохи зарринтоҷи шаъни миллати моро
Ибтидову устуво бахшидаӣ,
Бар ҳавои бахтозинаш
Сафо бахшидаӣ.
Эй шукӯҳат аз сухан берун,
Рӯдакии кохи фарҳанги сухан,
Рӯдакии бегазандии тамаддун.
Савту созат
Мезанад ҷавлон
                         ба сад ранги муҷалло
Аз замини зиндагонӣ то ба кайҳон,
Бо навоят медарояд ҷон
Бар сиришти ҳар як инсон!
Пешаи поки Худовандист
Ҷон даровардан ба ҷисми беравон!
Борбад!
Хунёгари фархундаи таърих!
Асрҳоро савту сози ту мунаввар кардааст,
Табъҳоро гулфишону боровар кардааст!
Дар диёри маънавият,
                                    ишқ,
                                          фазлу
                                                   дӯстӣ,
Олами фарҳангҳову
                                 рангҳову
                                                  нангҳо
Миллати фархундаи моро музаффар кардааст.
Ҳар навои ту сафое дошт,
Бедавоиро давое дошт,
Бар ҳама уммедворон
                                дар ҷаҳони ноумедӣ
Пайку пайғоми раҳоӣ дошт.
                      ***
Борбад барбат ба каф омад,
Борбад пайғоми ид аст,
Бо сиришти миллати мо
Ҳамдуруду ҳамнавид аст.
Ҳар навои ӯ саломи осмонҳо бар Замин аст,
Ҳар суруди ӯ суруши озарини ростин аст,
Савту сози ӯ расида з-осмонҳои мунир
Бо фурӯғи эзадӣ бар одамин аст!
Борбад, хуш омадӣ бо пайки ҷонафрӯз!
Ҳар суруди ту дуруди шодбошии замон аст,
Ҳар дуруди ту дуои амну сози ормон аст.
Омадӣ чун нуру сури зиндагонӣ
Бо дурахши осмонӣ
Аз варои неку бад,
Омадӣ аз умқи зулматҳо чу пайғоми наҷот
Бо ҳамон дасти сафо,
                                дасти шааф,
                                              дасти мадад,
Борбад!
Он ҳама фазле, ки бо савту наво
Аз фари Сосониён овардаӣ,
Дар пару перояи рози мунаққаш
Бар сиришти орзу пайки равон овардаӣ,
Ту чӣ неруву расолат доштӣ,
То аз он дунёи менуӣ
Ин ҳама эъҷози оламофаринро
Армуғон овардаӣ!?
Худ ағониҳои ту афғони ҷон буд,
Ёдгориву муқаддас аз муғон буд.
Розҳо мегуфт удат бо забони ҷону дил.
Шуд мунаввар оламе бо ҷилваи армони дил!
Шуд мунавар бо зуҳури ту ҷаҳони ҷону дил.
Барбатат бо ҳашт тори руҳбахшо,
Ҳашт самти ҳастии инсону оламро сафо бахшидааст.
Он чи натвонист додан ҳеҷ пайғомовари дигар,
Барбати ту бо як эъҷози наво бахшидааст.
Эй ба дӯши зулмати олам расида ҳамчу нур,
Эй ба рӯзи сахтии мардум расида чун сурур,
Зиндагиро додаӣ арғушт андар саҳнаҳои рӯзгорон.
Дар навоят Вақт мерақсид
Медаромад ҷон ба аъзои Замон
                                               бо савти сур.
Бо чароғи ҷовидонии ҳунар
Дар фурӯғи озарини меҳру бовар
Ишқро афрӯхтӣ дар зулмати таърих,
                                                    бо амри садод
Руҳи инсонро ту гаштӣ раҳнамо
Дар самои адлу дод
Сӯйи эҳёву наҷоти одамизод!
Хусрави Парвизи Сосонӣ,
Давлати хушрези Сосонӣ
Чун ҳидоят карда буданд
Ин ҳама ромишгариро,
То ту бахшидӣ чунин эъҷози тоза
Шеваи савти дариро.
Уд дар дасти ту буд эъҷози эҷоди сууд,
То сурудӣ савтҳои лоуболиро,
Бо фари “Язнофарид”-у “Партави Фархор”
“Сабз дар сабз” офаридӣ савти олиро.
Монда аз ту ёдгор ин мактаби хунёгарӣ,
Аввалин мактаб ба савту сози оҳанги дарӣ.
Хусравонӣ, мавригиҳоест аз ту ёдгор,
Мактаби “Тақвими мусиқӣ” ба номат пойдор.
Зимни сӣ лаҳни ту шуд эҷод сози “Шашмақом”,
Аз мақомат оқибат дарёфт ин миллат маром,
Гашт савти руҳбахшоят
Ҳолаву перояи заррин ба андоми калом.
Ин туӣ “Тақвими мусиқӣ”-и Меҳан,
Нома-нома савти ихлосу паём.
Рӯзҳову
                ҳафтаҳову
                                                        моҳҳову
                                                                       солҳо
Ҳар яке бо чеҳраву симои рангин
Мондаанд андар навои дилрабоят.
Дар канори саҳнаи музҳики дунё
Бахт мерақсид,
Ишқ мерақсид,
Вақт мерақсид бо савту навоят,
Санъати мо ҷовидонӣ гашт бо табъи расоят!
Аз Аҷам савту навоят кард тасхир
То Урупою Арабро
Ишқу шодӣ бурд,
Ҳамниҳодӣ бурд,
Бурд пайғоми саодатпарвариро,
Савти ҷонбахши дариро!
Илм огоҳ асту ҳам таърих медонад
Марв мулки тоҷикон буд,
Борбад як тоҷики дилбохта
Дар раҳи ихлосу имон буд,
Аз сиришти Ориён буд.
Ин санад имрӯз ҳам бо мост,
Борбад имрӯз ҳам бо мост!
Бо навои ҷоннавозу савту сози руҳбахшо
Одамонро зинда медорад,
Нуру неруи равонро зинда медорад,
Бовару уммеди мардум,
Ҷисму ҷонро зинда медорад.
Нусрати оҳангҳои безаволаш
Бар сари мардум, ба дӯши зиндагонӣ
Аз муҳаббат, аз асолат файз меборанд.
Бар замини нангу ори мардуми рӯйи ҷаҳон
Бо муҳаббат ишқ мекоранд.
Тули таърихи пурармон
Беҳтарин савғоти мо шеъру суруд аст,
Беҳтарин савғоти мо ҷилди китоб.
То ту ҳастӣ, миллати фарҳангу одоб,
Мебарояд аз варои шонаҳои файзборат чун таманно
Ин саодат, ин ҳунар, ин офтоб!
Оре, симои асили миллати мо
Худ ҳамин фарҳанги фатҳафшони мост:
Борбад,
            Монӣ,
                        Авасто,
                                       Рӯдакӣ…
Санъату илму ҳунар, шеъру адаб,
Ҳастии меҳанпарасту ҷони пурэҳсони мост!
То ҳанӯз аз савту сози ҷонфизоят
Бар вуҷуди халқи дунё
Файзу сури зиндагонӣ мерасад,
Пайки шодиву амонӣ мерасад,
Накҳати ишқу саодат
Чун паём аз ҷовидонӣ мерасад.
Эй ки бо ҳар савту сози безаволат баҳри инсон
То ҳанӯз орӣ ту неру,
То ҳанӯз орӣ мадад,
То ҳанӯз ин субҳи пирӯзии Меҳан
Аз сафову аз ҳавоят медамад,
Мерасад сури навои ту ба ҷони мо ҳанӯз
Бо паёме аз абад, эй Борбад!
Бо паёме аз абад, эй Борбад!
 МАҚОМИ БОРБАД МОРО МАРОМ АСТ
   “Устоди ағонӣ ва нағамот Борбад ба созу навои хеш Эронзаминро бар халифаҳои аъроб шӯр ангезонид, чун ин қасдаш натиҷа надод, панҷаи ҳазордастонашро бибурид ва сози барбаташро оташ зад».
       “Китоб-ут-тоҷ”
         Чӣ суд аз дасти ман, гар нашканад дастони ғосибро?..
                              Чӣ суд аз панҷаи ман, то натобад панҷаи золим?
                             Лоиқ Шералӣ
Нест дар таърих
                          шигифтовартар аз ин эътиборе,
Нест мудҳиштар далели нангдорӣ,
Нест волотар виқоре,
Нест гӯётар намоди сидқу меҳру эътимоду ҷоннисорӣ!!
Борбад! Тандеси нангу ори халқи ориёӣ!
Метавон оё
Чашми худро кӯр кардан,
Аз сари нанг, аз сари ор,
То набинӣ рӯйи бадро,
                                     рӯйи муртадро,
То шигифтиҳои дунёро набинӣ?!
То шавӣ бинои роҳи хештан,
То шавӣ он гуна бино
Рӯйи аъдоро набинӣ.
Оҳ, агар хунёгарӣ ту,
Метавонӣ панҷаҳои хешро бубрид,
То ки нанвозӣ барои душмани худ!?
Борбад – хунёгари бемисли таърих,
Бар алайҳи душманони Меҳани худ,
Бар нишони эътироз аз ҷабр,
                                             аз зулму асорат
Бо шигифтиҳо ба ҷону бар тани худ,
Аз сари нанг, аз сари ҷон вораҳид
Панҷаҳои хешро бубрид,
К-аз сари ангуштҳояш
Хуни нангаш
Бо ҳазор оҳанги дигар
                                        мечакид…
Аз вуҷудаш ончунон вораст
Чун намои рӯшани худ,
Аз тани худ, аз мани худ.
Ончунон вораст
                               то сад кундаи зиндон шикаст.
Ончунон вораст, то сад ҳалқаи занҷир бигсаст.
Аз ҳама қиматтарин дороии худ –
Панҷаҳои бебаҳояшро бурид,
Аз ҳама қиматтарин дороии худ –
Барбаташро зад бар оташ.
Аз сиришти зулмати дунё раҳид,
Нангдориро чунин оё кӣ дид!?
Оҳ, аз сад худкушӣ волотар аст ин,
Хешро як бор не, сад бор куштан,
Дар раҳи нанги Ватан худро
Дар канори ор куштан,
Бо дили бедор куштан…
Ҳаст дар таърих: фарзанди Ватан
Мекунад қурбон сиришти хешро баҳри Ватан
Аз сари нанг, аз сари ор,
То нагардад пеши душман хор…
Балки ин олитарин эҳсони инсон аст,
Он гаҳе ки шаъни Меҳан
Эй басо қиматтар аз ҷон аст!
Бас мисоле ҳаст, худро куштаанд
Родмардони Ватан дар роҳи ҳифзи ор,
Балки ҳатто духтарони ин замини бешикан,
Бонувони покҷону поктан
Хештанро бедареғ аз нангдорӣ куштаанд,
То шараф,
То ҷисму ҷони покашон
Вораҳад аз дасти душман.
Миллати ман!
Ҳаббазо, ин иффати поку сиришти тобнокат,
Ҳаббазо, ангезаҳои родмардӣ
Аз сафои обу хокат!
Борбад!
Эй қаҳрамони ҷоннисори нанги Меҳан!
Ин ҳама нанги ту, нанги миллати фархундаҷони туст,
Ман ба орат пойдорам,
Ман ба нанги бегазанду устуворат пойдорам!
Борбад худ рамзи миллист,
Рамзи пирӯзии фарҳанги Ватан!
Рамзи пирӯзии номи миллат аст!
Борбад дар ҳар наво, дар ҳар мақому ҳар мароми хеш
Ҳомии соҳибмақоми миллат аст.
Ориёнои бузурги мову фарҳанги сутурги мо
Аз фурӯғи илму фарҳангу адаб садҳо санад дошт,
Аз бузургони ҷаҳонгир, ишқи оламофаринаш
Беадад дошт.
Миллати фархундаи мо
Рамзи пирӯзиию бемаргӣ,
Рамзи хушрӯзӣ, худафрӯзӣ
Як санад дошт.
Як мисоли муътамад дошт,
Борбад дошт!
Борбад, яъне, мақоми нанги Меҳан!
Борбад, яъне, мароми нанги Меҳан!
Аз фарози он муҳаббат,
Аз самои он садоқат,
Аз сиришти он асолат
Борбад, яъне, саломи нанги Меҳан!
Борбад, яъне, паёми нанги Меҳан!
🔒

Идомаи матн барои обуначиён

Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.

Агар рамзи дастрасӣ доред, онро дар ҳуҷраи шахсӣ ворид кунед.

Боз аз рубрикаи «Назм»

Ҳамаи мавод →
Рахна Кушода
Назм · Шеър

Рахна

Шеъри зебое аз андуҳи рӯзгор, рӯшноии умед ва хандаи тифле, ки ба зиндагӣ маъно мебахшад.

Мафтунаи Қосим · Шумораи 9 2026
Ифтихор аз Истиқлол Обуна
Назм · Шеър

Ифтихор аз Истиқлол

Бозтоби рӯзҳои пурфоҷиа, талошҳои сулҳофаринӣ ва шукӯҳи Истиқлоли давлатӣ

Аҳмадҷони Раҳматзод · Шумораи 9 2026