Сешанбе, 17 ноябри 2026
Садои Шарқ
Нашрияи миллии адабии Тоҷикистон
Наср

Зиндадаргӯр

Хотираҳо ҳеҷ гоҳ гиребони инсонро раҳо намекунанд. Қиссаи ҷолибе аз рӯгори як марди солдида.

Зиндадаргӯр

– Баҳона будааст ҳамааш, баҳонаи бандагию эҳтиёҷи зиндагӣ, дигар ҳеҷ.
– Чӣ хел баҳона? Чӣ хел баҳонаи зиндагию бандагӣ? Гиреҳи риштаи гапро, ки кушодӣ, маҷбурӣ ба мазҳака ё фоҷеа анҷом ёфтанашро фаромӯш накарда, ҳолати баъдинаашро ҳам ба эътибор бигирӣ. Маънии аслии ин таъкиди шикваомезу гуфтори ғамангез, ки муамморо мемонад, шарҳ мехоҳад.
– Шояд ҳақиқати ҳолро бе ишораву тафсир ҳам аз ман хубтар бидонӣ, вале барои дифои бетарафӣ худро ба нодонӣ мезанӣ.
– Намедонам, бовар бикун, ба Худо, ба он ҳадде, ки бояд қонеъ бишавам, намедонам. Ҳатто бо ҷонсупорида гуфтугӯ кардан дар доираи фаҳми кас намегунҷад, ба тори зеҳни ман ҳам ин бор гаронӣ мекунад. Ба чӣ рӯз афтодани худамро ҳам озод қисса карда наметавонам. Ё ман девонаи аз ақл бегона ё ту зинда шуда, чархи осиёби рӯзгори пешинаро дигарбора гардону навашро ба бод доданиӣ?
– Ҳеҷ гоҳ чунин хаёл дар сарам набуд. Аз саҳнаи зиндагӣ боре нақши мондагор пешниҳод намудан кофист. Дубора баргаштану нақш бозидан маънӣ надорад. Шояд баъди ёд оварданат ба сари ҳамин андеша биёям. Ҳанӯз ин ҳам зери савол аст.
– Не, ин масъала ягон роҳи ҳал ва чархи ҳаёт ҳам чун оҳани кафшершуда дигар имкони мисли аввала тоб хӯрдан надорад. Пешвоз гирифтан ҳам бе ашкрезӣ намешаваду гусел намудан ҳам. Ашки шодист ё сиришки ғам, баҳо дода наметавонам, вақт посух мегардонад.
Мушоҳидаҳои ба таҷриба табдилёфта ҳамин қадар муайян намудаанд, ки ашкрезии баъдина аз пешина талхтар аст. Вале ба кадом хотир ёдрас шудани ин суханҳои саршори васлу ҳиҷронро сарфаҳм намеравам. Ростӣ, девона шудаам, аз воқеаи ҳанӯз рухнадодаву аз ҳодисаи ҳанӯз басарномада. Осудагии кундаи хобидаи пеш аз омадани табарро ҳам аз даст додаам.
– Ноумедӣ пешаи шайтон аст, на аз инсон мегӯянду тадбир меҷӯянд. Ҳанӯз ҳам умеди аз роҳ баргардонидани он мусофир, ки Осудагӣ ном дорад, мавҷуд аст.
– Мавҷуд нест, ҳамааш ёдоварию тасаллои яклаҳзаина.
– Шояд. Агар аз ақл бегона шуда бошам ҳам, ҳанӯз ба сатҳи девонагӣ нарасидаам. Девона ҳам кадом як раги пинҳони неку бадро ҳискунанда дорад, ки дар мавриди дидани чеҳраи шиносон ва эҳтиёҷаш ба кор мебарад. Ман ҳанӯз ҳушёрам, хотираамро гум накардаам, дар хазинаи ёд ганҷи обовардаи фаромӯшнашаванда дорам, мисли девон бузург аст ин китоб. Ман ҳама чиро, ҳар қадами мондаву ҳар амали кардаро, шуруъ аз айёми кӯдакӣ то имрӯз, дар ёд дорам. Барои зудтар ба кӯи мақсад расидан аз баҳри бобҳои “Даврони кӯдакию наврасӣ” мегузарам. Хаскашонию обу ҳезум овардану чорво чаронидан чӣ таассуроти фараҳбахш дорад, ки ба хушӣ ба ёд биоварам? Ин ҳама кори муқаррии бачаи деҳотӣ. Субҳдам аз хоб хестану рӯро нимкора шустану роҳи саҳроро пеш гирифтан ва шомгоҳ ба хона баргаштан. Дафтари хотироти умри нотакрору бебаҳоро аз даврони ҷавонӣ, аз рӯзи хонадоршавӣ, варақ задан беҳтар, – ба сари ҳамин мақсад омадам.
Ҳолати онвақтаам, расидан ба хулосае, ки аз ду кадомеро интихоб намоям, осон набуд. Яке дар шаҳр буду дигаре дар деҳа. Ба яке дил баста, баъдтар ранҷидаву дигареро аз наздик надида будам. Яке ба равшанӣ моҳро мемонду дигаре дар дурахш ситораро ва бандаи орзуманд ҷигарпораро. Ишқ кори худашро мекарду ҳаёт кори дигарро. Ба банда дахл дошт ишқу оҳ, вале интихоб ба қиблагоҳ. Ранҷиш риштаи хаёли маро ба сӯи санҷиш мебурд. Ман ғами аздастравандарову падар ғами аз имтиҳонгузаштаро мехӯрд. Имтиҳонгоҳи зиндагӣ интихобкардаи падарро гузаронд ва ишқу ранҷиш дар гӯшаи фаромӯшӣ монд. Дар он рӯзон, ки банда мусофири сари дуроҳаро мемондам, бехабар ба хостгорӣ рафтани падар маро аз роҳи ба ҷои номаълум рафтану ба чӣ мушкилот рӯ ба рӯ омадан боздошт. Пушаймонии маъшуқаву восита шудани ҳамдарсони он нозанин ҷои эҳтироми падарро гирифта натавонист. Ночор ба хости волидон хонадор шудам ва аз ин бурд ҳам кардам. Ҳамқисмати дурандеш ба хидмати пиру кампир камар баста, муддате осудагиямро таъмин карда тавонист. Баъди падари чаҳор фарзанд шудан, бори аввал ба ғами ношинос рӯбарӯ омадам, ки бораш аз бори дарду алами даврони ятимӣ сангинтар буд. Духтарчаи навзабонам, ки ба умед Рухсора номаш ниҳода будам, дар яксолагӣ фавтид. Таваллуди тифлаки минбаъда, ки беҷон ба дунё омаду бо худ ҳамсарамро ҳам бурд, маро дар гирдоби ғами пурдаҳшат афканд ва дидани рӯзи сиёҳ насибам гардид. Барои аз ин варта берун баромадан волидон духтари тағоямро ба ман доданӣ шуданд, ки ятимаконамро ба воя бирасонад. Ҳанӯз аз қайди никоҳ нагузашта, хабари сари тоқро аз нав ҷуфт намуданам зуд ба атроф паҳн шуда, то хонаи соҳибони ҳамсари хокдаҳонам расид.
– Ҳамшаҳриямон Муҳаммад марди кӯтоҳандеш набуд, чаро дидаву дониста, барои ба занӣ гирифтани бебисот розӣ шуда бошад? Наход надонад, ки дарди сахти зодан занро дардошнову олами меҳр мегардонад. Нозода ин бузургиро надорад. Шояд ҳолати муҳтоҷияшро дида, бечораи занмурдаро фиреб додаанд? Давоми ҳаёташ ба фоҷеа наанҷомад, хуб, – мегуфтанд дар кӯчаву бозор…
Мешунидам ин таъкидҳову таънаҳоро, вале илоҷи аз хати кашидаи модар по берун ниҳодан надоштам. Баъди хонадоршавӣ нисбию беҳуда будани ин суханҳо исбот шуд ва ту пурмеҳрию бузургии ҷинси занро муаррифӣ карда тавонистӣ. Агар раҳматии Руқиямоҳ ҳамагӣ ҳашт солу се моҳ ҳамроҳам ба сар бурда бошад, ту сию се сол шарики умрам будӣ, ҳарчанд, ки нисфи зиёдаш дар роҳу дари даҳҳо муоинагоҳу беморхона ба интизориҳову ҷустуҷӯи табибон гузашт.
– Не, ман ҳушёри ҳушёрам, девона нестам, ҳеҷ чизро фаромӯш накардаам, ҳатто рӯзи дар беморхона ҷон доданатро. Дар беморшавӣ собиқа доштӣ, зуд-зуд ҳолат бад ва меҳмони даргоҳи табибон мешудӣ. Чандин маротиб аз дами теғи ҷарроҳу аз сарҳади марг гузаштӣ, вале имкони пул ёфтану табобат кардан муддате ҷони туро дар бадан нигоҳ дошт ва оқибат ҳеч чиз сари роҳи аҷалро гирифта натавонист, ҳучбеморият ба ҳолати бемории сахти ҷогаҳӣ расид. Дарди бедармони саратон корашро кард, ҷонатро аз хонаи тан берун баровард. Дар зери дастгоҳи махсуси санҷишӣ ҷон додӣ. Ҳангоми нӯги ақрабак ба нуқтаи сурх қарор гирифтан, овози табиби навбатдор ба гӯшам расид:
– Нашуд, ҳайфи заҳматҳои кашидаи мову ташвишҳои шабонарӯзии шумо. Рӯзаш буд шуд, ҷон дод, метавонед, майитро ба хона бибаред.
Мани хонавайрону хешовандони дидагирён ҷисми беҷонатро ба хона оварда, як шаб нигоҳ доштем ва ҳама дар гирди кати хобат ҳалқа зада, то саҳар, то дами тобутро аз ҳавлӣ баровардан нола кардему то нисфирӯзӣ пайкаратро бурда ба оғӯши хоки сард супурдем. Баъди даҳони гӯрро ба хок бастан дафнкардагон хокдаҳонат гуфтанд. Пас аз як моҳ парвардагони сипосгузор тибқи васиятат аз кишвари Ҳинд санги сабзи мармар оварда, ба болои гӯрат гузоштанд, бо чунин катиба:

Тифлони худат назодаро парвардӣ,
Аз мазраи умр хӯша пайдо кардӣ.

Боз чӣ хел зинда шуда, чимҳои дари гӯру хоки даҳҳо кас партофтаро ба танҳоӣ яктарафа карда, аз лаҳад берун баромадиву дар ин нимишабӣ ба даргоҳи умедат омадӣ? Аз мазори деҳа то ин хона роҳи дуру дароз аст. Хайрият, моҳи дуюми фасли баҳор буду ҳавои муносиб барои иҷрои васиятат шароит фароҳам овард ва тобутатро аз шаҳр то он ҷо бе душворӣ бурда, ҷисматро дар бари решапайвандон ба хок супоридем. Агар фасли сармо мебуду роҳҳо пурбарфу яхбаста, маҷбур мешудем, ки дар ягон мазори гӯшаи шаҳр гӯрат бикунем. Не, ин ту нестӣ, шабона аз он пуштаи дур ҳеҷ имкони омадан нест. Шояд ин хуфта ҳамранги ту бошад?
– Ҳамранг? Чӣ, аслро нашинохтӣ? Маро зуд фаромӯш кардӣ? Ман ҳаргиз нусхаву ҳамранги касе набудаму дар сурати арвоҳ низ нестам, ҳамон Зуҳроям. Мақсади хостаамро нагуфта, суханро ба дарозо кашидӣ. Умед доштӣ, ки дар ин миён ҳақиқати саргузашти ҳамқисматӣ фаромӯш шавад? Магар ҳамранг рози ҳамхонагии бегонаву худӣ ва гуфтаҳои зану шӯро, агар зани ҳалолу никоҳии ӯ набошад, медонад? Намедонад. Танҳо он ҳама дар хотири шарики умр боқӣ мемонад. Бовар намо, шубҳа накун, ман ҳаргиз бедалел ҳарф намезанам. Як гувоҳи дақиқ ҳамин, ки то ҳол дар хилвати шаб аз даруни ҷогаҳ овозат ба гӯш мерасад:
– Ба тарафи дасти чап хобидан хосияти хуб надорад, ба дил зиён мерасонад. Ба рост бихобӣ, дил роҳат мекунад. Чаро ҳоло ба чап боратро партофта, пуштатро ба сӯи ҳамқисмати дерина гардондаӣ? Магар ин бенамакӣ нест? Носипос шудаӣ, ҷои ғами куҳанро ба шодии нав додаӣ. ”Шодӣ ғами куҳанро аз ёд мебарорад” – гуфтан рост будааст. Рози андак ошкоршударо ҳам илоҷи пинҳон кардан нест. Тобандаро бо кадом рӯ “Ҳеҷ чиз нест, дар назарат метобад” мегӯӣ? Дар тарафи рост кӣ хоб аст, медонам. Фасли баҳор, чашми хумор, сабзабаноз, мижгондароз, хирмани гул, лолаи рӯ, сунбули мӯ, пудинабоғ, зеби суроғ. Дар тарафи чап чӣ? Пушти девор, пистамазор, дастаи хор, чинбаҷабин, ташназамин, рехтабарг, накҳати марг…
Марди хона тоб хӯрда, рӯяшро ба сӯи овоз гардонд, вале ҳеҷ касро надид, на чинбаҷабинро, на ташназаминро, на дастаи хорро, на пистамазорро. Ёд овард фасли баҳорро.
Дар нимаи моҳи дуюми фасли баҳор зани заҳматкаши роҳатнадидааш пуштаҳои махмалпӯшу саҳроҳои гулфурӯшро, хору симфонияи мурғакони дилхурӯшро, боди пурнакҳати вазонро, чак-чаки борони баҳорро монда, ба водии лаббастаҳо рафт, суроғи парешондастаҳо рафт. Баъд аз он рӯз чак-чаки ширини борони баҳор ҳам талх шуд ва танҳо “Дар ёд дорам туро”-яш монд…
Шабу рӯзи марди занмурда аз ҳамдигар фарқ надорад, фақат сиёҳию сафедии зоҳириаш аз ҷойивазшавӣ башорат медиҳад. Аз пушти андешаҳои мухталиф, аз таънаву маломату нешзании хотираҳо, аз талошу мубориза барои ғолибӣ ва аз дасти навина гирифтани муҳри бахту супоридан ба ёри дерина, ҳоли зор насибаш мешавад. Аз чӣ бошад, ки мард ба ҳама бегуноҳӣ худро забонкӯтаҳу гунаҳкори майдони набарди ҳаёт пиндошта, мекӯшад ҷонашро аз ин ҳалқаи таҳдидгар берун бикашад, вале наметавонад.
Ӯ ҳангоми ба тарафи чап тоб хӯрдан хаёлан аз пеш оғӯши гарму панҷаҳои нарм ва аз пушт пучидану кашидани лаби курпаву пироҳанро ҳис карда, хашмгину безобита мешуд, вале боз аз кадом тарафе насими мададрасоне вазида, ғубори бераҳмиро бо худ мебурд ва дилаш месӯхт ба интизори паси девор. Худро дар миёни обу оташ медид, ҳам гармӣ таҳдидаш мекарду ҳам сардӣ, ба аърофафтодаро мемонд. Тарафдори кӣ шавад, аз пешина ё аз баъдина? Аз баҳри ҳеҷ кадоме ҳам гузашта наметавонад. Мабодо аз онаш мондаву аз инаш ронда нагардад? Чӣ кор карданро намедонист бечораи бадбахт ва аз навои садои дилу оҳи хомӯшаш ин дуо ба гӯш мерасид:
– Худо чӯҷадореро маҳрум аз бахти нахуст ва ҳатто душмани касро хонавайрон накунад…


Масти хоби ноз буд симинпайкари мижгондароз. Дар ин хилват, ғофил аз бедории боғбон ду зулф, ду панҷаи зангии дузд ба хурмои рухсораҳояш нияти дастдарозӣ доштанд. Масти хоб буду намедонист, ки дар атроф чӣ гап аст. Намедонист, ки як ваҷаб он сӯ шӯру валвала, ранҷишу гила ва ҷанги тақдиру тадбир аст, дар ин ҷода бефоида насиҳату дуову такбир аст. Намедонист, ки мубориза барои баландтарин тахт аст, номаш Бахт аст. Тамоми ганҷи дунё дар нисбаташ қадри дони арзан арзиш надорад ва каси ин арзанро надошта ҳам, гавҳари осоиш надорад. Хуфта аз куҷо донад ҳоли бедорро, тандуруст аз куҷо донад ҳоли беморро? Кӣ ғолиб меояд дар ин майдони ҷанг? Ғолибу мағлуб надорад арсаи нанг. Дар ин корзор неруҳо фарқкунанда бошанд ҳам, касе бори шикастро ба гардан намегирад, то нафаси охирин занозанӣ мекунанд, баҳри таслим нашудан ҷонканӣ мекунанд. Пешина ҳам худро соҳибхона медонаду баъдина ҳам. Баъдина метавонад забондарозӣ карда бигӯяд:
– Ин даргоҳ аз ту буд, аз ман шуд. Чаро бори сафар баста, ба водии хомӯшон рафтӣ? Ин ҷо, ки нафорид, ба хонаи охират кӯчидӣ. Даъво, ки доштӣ, чаро дар рӯзи ба болои гӯрат об рехтан овоз набаровардӣ? Ҳама дар он пуштаи кушоди хандақпеч гунҷиду ту нагунҷидӣ? Танг аст агар даргоҳат ё кушод, равшан аст ё торик, ба ман дахл надорад. Аз интихобат пушаймон шуда бошӣ, кӣ гунаҳкор? Меистодию намерафтӣ, ҷои туро ҳеҷ кас гирифта наметавонист, ҳатто ман ҳам…
– Не, он хуфтабаноз забондарозӣ карда наметавонад, ба ин ҳақ ҳам надорад. То бедор мешавад, ки масъала роҳи ҳалашро меёбад. Бедор бошад ҳам, ба чӣ далел соҳибмулк буданашро исбот мекунад? Дар бунёди ин хона фақат ду кас дасти шарикӣ дорад, ману ту. Агар бохчон масти хоб намебуд, шояд соҳибмулк илтифот намекард. Тоб намехӯрд, зарфи гӯшаш аз суханҳои таҳдор об намехӯрд. Бо ин ҳама, ба хотири рӯзгори дерина зуд рӯяшро ба тарафи рост гардонд. Касеро надида бошад ҳам, хаёлан боз ҳамон овози шиносро шунид:
– Ман даъвогару тасарруфкунанда нестам, дигар ба ман ҳеҷ чиз лозим нест. Чашмонам аз дидани моли дунё сер шудаанд. Фаҳмидам, ки оқибаташ як кафан будааст. Ба ин умед пешакӣ як тӯп сони кафанбоб харидаам, ки он ба чанд равандаи дигар ҳам мерасад. Ин ҳамаро бе мақади тасарруф неву дар омади гап гуфтам. Замони хонасозиро ҳам ба ҳамин ранг ёдрас карда метавонам:
– Хиштҳои аз партовҷо ба хона кашондаатро ҳамроҳи кӣ тоза мекардӣ?
– Ҳамроҳи ту!
– Кӣ симу арматури каҷу қатшудаи аз даруни бетон гирифтаатро рост мекард?
– Ту!
– Ҳамроҳи кӣ чизҳои нодаркорро ба ароба бор карда, ба партовгоҳ мебурдӣ?
– Ҳамроҳи ту!
– Дар куҷо буд он мижгондароз, он масти хоби ноз?
– Дар хонаи қиблагоҳаш! Ростӣ, дар дигар шудани роҳи қисмат он паршикаста гуноҳ надорад.
– Чӣ хел гуноҳ надорад? Ҷои маро гирифт, ҳамин аст гуноҳаш.
– Аз пеши худ нагирифт, бо ризоии Худову амри тақдир гирифт. Ту рафтию имтиёз пайдо намуд. Сутун афтад, рав ҷояшро мегирад. Парво накун, кори шудагӣ шуд. ”Оби рехтаро ҷамъ карда намешавад. Қанд ҳам хурдӣ, хомӯш бошу фанд ҳам хурдӣ, хомӯш бош” гуфтаанд. Бе ин ҳам, ин хонаи серҳуҷра, ба ҳама басанда аст, хусусан ба ҳардуятон.
– Дар пушти ман боз як ҳақдори дигар интизори навбат аст. Хайрият, ки ҳоло модари кӯдаконат хомӯш аст, агар овоз барорад, шояд оромаш карда натавонӣ? Зеро ӯ соҳиби бештари имтиёз ва забонаш аз забони ман ҳам дарозтар аст. Нахуст кӯдакдор ҳуқуқи даъво кардан ба ҳаққи ҳалолашро дорад. Қонун ҳам аввал манфиати ӯро ҳимоя менамояд, баъд аз дигар даъвогарро. Даъвои мо риштаи печидаи калобаро мемонад, бикшоданаш осон нест. Ман, ки ҷои ӯро гирифтам, маҳваши нозат ҷои маро гирифт. Маънии ҳаёт омадану рафтан ва ҷои ҳамдигарро гирифтан бошад ҳам, ҷинси зан ҷои ба хушӣ ё ба зӯрӣ гирифтаашро додан намехоҳад. Ҳолӣ ҳам дунёи мураккабу макри занонро намедонистаӣ. Гоҳо дар як хона даҳ мард соз мегираду ду зан не, зеро дар он ҷо рашк, он хоҷаи беадолату носер, ҳукмрон аст. Дунёи кушод ҳам дар нигоҳи чашмони рашк танг аст. Ҷанги байни занон гоҳо бадтар аз сагҷанг аст. Саги мағлубшуда тан медиҳад, вале зани мағлубшуда то нафаси охирин ҷавркардаашро намебахшад. То кина нагираду ба ҳадаф нарасад, намемирад…
Абрӯсиёҳи мижгондароз ҷунбид, бедор шуду тоб хӯрд ба тарафи чап. Ба ҷои рӯ паси сари ҳамқисматро дида хашмгин шуд, вале барои барнахестани шӯру валвала худро ба даст гирифта, хомӯшона, овоз баровард:
– Магар безор шудӣ аз тамошои чеҳраам, ба дилат задаам, ки пушт гардондаӣ? Кӣ аст дар оғӯшат? Бо кӣ суҳбат дорӣ, ё олоӣ мегӯӣ?..
– Олоигӯ худат ҳастӣ, на ман. Аз рӯзе, ки ҳамболинат шудаам, дар хобат бо кӣ гап мезанию чӣ мегӯӣ, намедонам.
– Тасдиқ ҳам накунам, инкор карда наметавонам. Ҳеҷ кас дами хоби ноз чӣ гуфтанашро намедонад. Шояд ман ҳам аз ин саф берун набошаму гоҳо ягон лаҳзаи ваҳмангез ё ҳушдоркунандаро дар хоб дида, гап бизанам. Вале ту, аксар вақт тулонӣ гуфтугӯ мекунӣ ва гоҳо бо касе муноқиша карда, дод ҳам мезанӣ. Ҳатто боре чӣ хондани як овозхони мардумписандро такрор намудӣ. “Магар, эй беҳтар аз ҷон, имшаб аз ман беҳтаре дидӣ?”- гуфтанат чӣ маъно дошт? Мегӯянд, ки одам баъзе амалҳову гуфтугӯҳои рӯзона анҷомдодаашро ҳангоми хоб такрор мекунад. Ту ҳам боз ягон бало надошта бошӣ? Дар ҳеҷ ҷо кор накунӣ ҳам, кадом саҳаре ба кӯча бароӣ, баъди шом пайдо мешавӣ. Ба куҷо меравӣ, киро мебинию ба чӣ амал даст мезанӣ, касе намедонад. Шояд бо ягон содаи дунёбахабар рухбозӣ мекунӣ?
– Астағфируллоҳ! Худо нишон надиҳад. Ҳатто даврони навҷавонӣ ҳам аз надоштани фурсати холӣ бе рухбозӣ гузашта буд. Кӯтоҳдастӣ ва шароити нохуби зиндагӣ маҷбур мекард, ки аз баҳри корҳои бефоида гузашта, ҳам пул кор кунаму ҳам хонам. Акнун дар ин синну солу бо ин дили озурдаву тани афгор чӣ ҳам карда метавонам? “Бисёр давидию давидӣ бас кун, дар мӯи сарат сафедӣ дидӣ, бас кун” гуфтаанд. Корвон рафт, дигар мо куҷову рухбозӣ куҷо?
– Шӯхӣ кардам. Ҳаволаи ҳама ба Худо. Ҳар кас мукофоти амалашро мегирад, – гуфт ва дар як лаҳза боз ба паҳлу гашт он олами ноз ва мижгонҳояш ба ҳам оғӯш кушода, пардаи хонаи чашм шуданд.
Шояд он зебосанами хунукхӯр пеш аз хоб ба фикри аз сардӣ муҳофизат кардани ҷисми худ лаби курпаи тунуки ҳамсарро номаълум ба миён печонд. Вақти зарурат марди хона хост, ки лаби курпаро ба тарафи худ бикашад, натавонист, курпа ҷояшро нагирифт. Гумон кард, ки боз ҳамон мурдаи зиндашуда аз дигар лаби он доштаасту сар додан намехоҳад. Андак дилаш ваҳм кард, дигар хобаш набурд. Ҳуҷраи чароғаш хомӯш, агар пардаҳоро ҷамъ карда, ба ҳалқааш намебаст, аз гӯри торик фарқ намекард ва аз паси шиша нуре ҳам аз кӯча ба онҷо намедаромад. Дар ҳолати паридани мурғи хоб лонаи нимравшан дар назар торику бимноктар менамояд. Ҷои хоби ӯ ҳам сурати маскани ваҳшатангезро гирифт. Дастаи сиёҳии ба нурҳои тираранг омехта, лашкари деву парӣ ва аҷинаву махлуқҳои ношиносро созмон доданд. Мепиндоштӣ, ки қисмате саркаллапо дар арши хонаанду гурӯҳе мисли мӯрчаҳои хурду калони сиёҳ роҳ кушода, дар бари девори рангаш сафед равуо доранд. Теъдоди дигараш низ дар фарши хона ба ҳар гуна бозӣ машғул буданд. Дар он ҷо тамошобинони одамсуратро ҳам дид. Аз байни онҳо касе ба занаш монандӣ дошт. Гоҳо аз баҳри ҳаводорӣ гузашта, то сари болин меомад ва боз дар лаҳзае ҷояшро иваз мекард. Хирсак – зочаи бузурги болои ҷевон ҳам дар як мижгон задан пираҳани азалиашро иваз намуда, ба як зани зебо табдил ёфт ва дар рангу рӯ аз ҳамсараш фарқ намекард. Хулоса баровард, ки дар як навбати омадани ин зиёрасон ҷисмашро дар ҷои ноаёни бари кат гирифта, ба дасти росташ лаби курпаро кашидааст. Ба ин фикр, ки боз ҳамин ҳолат такрор нашаваду ҳамбистараш бедор, оҳиста аз ҷой хеста, бе фурӯзон кардани шабчароғ ба ҳуҷраи хӯрокпазию таомхурӣ гузашт. Тукмаи чароғи хомӯшро зер карда, ба атроф нигарист. Рӯи миз пур аз пасмондаи шомона буд. Набераҳои беҳавсала, насли нави замон, баъди шикамро пур кардан, ба тоза кардану дар ҷояш ниҳодани зарфҳо эътибор надода, ба ҳуҷраҳои хобашон гузаштаанд.
Дар як тарафи девори ҳуҷра барои бемор кати яккасаи мулоим гузошта, дар бари девори муқобил телевизор насб карда буданд. Дар он ҳуҷра худро осудатар медид. Безор шуда буд аз ба пушт хобидан, аз тобхӯрию садо баровардани чӯбҳову пайвандҳои хӯрдашудаи кат. Мехост, ки гомҳои омадагону овозҳои шиносонро аз наздик шунавад. Гоҳо ҳамсоязанҳо барои эҳтиёҷе ба он ҷо мемомаданд, лаҳзае дар паси мизи дасторхондор амонат нишаста, баробари шикам пур кардан, аз боби парҳез ва манфиати рӯза ҳарф мезаданд. “Дуди ғами дили одамро одам мебарорад” ва авзои бемор ҳам аз дидани чеҳраи гарму шунидани гуфтори онҳо андак тағйир меёфт. Дар он ҷо шабро рӯз кардан ҳам интихобу хоҳиши худаш буд. Ба хотири андак фаромӯш шудани сӯзиши бадан, лаҳзаҳои бехобиашро ба дидани барномаҳову филмҳо мегузаронд. Сухани ин одами пурқадри хонааш барои хурду калон ҳукми қонунро дошт.
Баъди маргаш аз он кат осоре намонд. Дар он рӯзи маҳшар ҳатто шоҳидони ҳол аз мусибати басаромада парешон шуда, ғайр аз он кати куҳна, ба кӣ чиро додаанду дар тақсим ба кӣ чӣ расид, аниқ ба ёд оварда наметавонанд. Танҳо рӯкаши бистари ғафси симдору резиндорашро нав карда, барои хотира ба ихтиёри набераи дӯстдораш доданд. Вале аҳли хонавода ва онҳое, ки ин манзараро дида буданд, ҳар гоҳи кушода будани дару аз пеши ҳамон ҳуҷра гузаштан, гумон мекунанд, ки ҳамон кат дар ҷояш ҳасту дар болояш дардманди баҷонрасидае хоб.
Ин андеша ба марди хона, ки пайваста ба он ҳуҷра медаромаду мебаромад ё аз пеши дараш мегузарад, бештар таъсир менамояд. Гоҳо сарвари хона лӯлаболиштҳо ва курпаҳои талчидаи кунҷи дигари хонаро ҳам хаёлан дар болои кати набуда дида, ба пайкари хуфтаи шарики умраш монанд мекунад ва зарфҳои дидагонаш пур аз сиришки ғам мешаванд. Дар торикӣ пеш аз дидани он манзараи ваҳмовар, даст ба тукмаи қандили долони даромадгоҳи хона бурда, баъд аз бари дари он ҳуҷра мегузарад.
Он шаб низ дар ҳуҷраи рӯшан, ҳамон кати набударо хаёлан дар ҷояш дида, дар чоҳи ҳайрат афтод. Тарҳе метофт дар болои кат хобида. Лекин тарҳи чӣ кас будаш номаълум. Ҷисмаш бо матои сафеди хатдори мисли матои бирешимӣ пӯшида. Пайкари зан ё мард буданашро аниқ намудан душворӣ дошт. Марди ношинос дар ошхонаи каси дигар чӣ мекобад? Шояд дузд бошад? Не, дузд вақти дар ҷойхоб дароз кашидану дам гирифтан надорад. Чизи писандашро гирифта, зуд ғайб мезанад. Ҷисми зан аст. Қади миёнаву бадани харобшудааш пайкари ҳамон зани дардмандро пеши рӯ меовард. Дар зери он рӯпӯши барҷаста, болишти ғафси кулӯла ҷисми хурдакаки набераро мемонд, ки бибӣ ӯро аз ҳама бештар дӯст медошт ва навозишро нисбаташ аз ҳаду меъёри меҳрубонӣ мегузаронд. Он кӯдак нусхаи замони хурдию ятимии падарашро ба ёд меовард.
Қиблагоҳаш низ мисли ӯ ҳар гоҳи хоб дар бари ҳамон муштипар, ки дасти навозишаш ҳамеша бар сараш буд, мехобид. Бачаи дувоздаҳсола ба бемори мушкилдармони тиф, ки он сол ин дарди ҷонкоҳ қаламрави шаҳру ноҳияи Кӯлобро фаро гирифта буд, гирифтор шуд. Ин беморӣ самару натиҷаи гушнагию хӯрдани ғизои номақбул ва селовардҳои ба обҳо ҳамроҳшуда буд. Беморхонаҳо катҳои холӣ надоштанд, ҳатто барои таъмини ҷо дар долонҳову роҳравҳо кат гузошта буданд. Дар бемористони кӯдакона ҳам ҷои сӯзанзанӣ ёфт намешуд. Тифлакону наврасони бадҳол бо оҳу нолаҳои ҷонсӯз дили ворисонро реш-решу хомӯшии атрофро халалдор менамуданд. Ҳар лаҳза, мисли афтодани ситора аз осмон, касе мефавтиду ҷуфте тоқ мешуд. Табибон тартиботи роҳбандӣ ҷорӣ карда, барои ба ин дарди гузаранда гирифтор нашудану паҳн накардан падару модаронро намегузоштанд, ки дидори фарзандони ҷонбалабашонро бибинанд. Онҳо танҳо имтиёзи аз паси тирезаи пӯшида дидани парвардаҳояшонро доштанду халос. Дигар табибон медонистанду он беморони хурдсол. Мӯйҳои ҳамвори сари кӯдакони гирифтор ба ин беморӣ намои пешинаи худро гум карда, мисли мӯйи дар ҳалқаи оташафтода мешуданд. Бачаи мӯйҳояш рости ӯ ҳам ҷингиламӯ шуда буд. Вақте ин зани меҳрубон ҳолати ба пушт афтодану лат хӯрдани парвардаашро дар айвон дид, аз баҳри ҷони худ гузашт. “Ё марг ё зиндагӣ” – гӯён таъкиди масъулонро як даъвати бераҳмӣ пиндошта, худро маҷбуран дар байни кӯдакони бемор гирифт. Ӯ, ки умре ҷону тан дар чанголи дард дошт, парвои гузаштани дарди навбатӣ ҳам накард. ”Очат зеби мурдан дорад, ба ҷои ту очаи дардмандат биафтаду бимирад” – гуфта, лаҳзае аз бари парвардааш дур нарафт. Азбаски баъзе волидон аз гузаштани дард тарсида, ба фарзандонашон наздик намешуданд, ҳамзамон дар назорату нигоҳбини кӯдакони мардум саҳм мегирифт. Ба гушнае нону хӯрок ва ба ташнае оби ҷӯшомадаву чой медод. Гоҳо мева пӯст мекарду гоҳе болину бистарҳои каҷшудаи дардмандонро рост. Хулоса, ӯ як хизматгори бемузди ҳама дардмандони хурдсол буд. Кӯдакон аз меҳри зиёд очахонашонро “очаҷон” гуфта ҷеғ мезаданд ва дар он ҷо як писараш даҳҳо писар шуд. Табибон чунин муносибатро дида, имтиёзаш доданд, ки то сиҳат шудани бачааш дар он ҷо бимонад. Магар савоб гирифт ё оҳи пурсӯзи хурдсолони поку беолиш мисли дуои одами поку дилсоф мустаҷоб шуд, ки дарди гузаранда ҳам ба ҷисми каммадораш таъсир нарасонд. Ҳатто дар он рӯзони сахт дардҳои пешинаи худро, ки ҷонашро ба танг меоварданд, то андозае фаромӯш кард. Яъне, зӯри дарди тиф ба дарди меҳр нарасид ва зан парвардаи мӯҷингилаашро тансиҳат ба хона овард. Дертар мӯйҳои ҷингилаи сари кӯдак шакли аввалаи худро гирифтанд, ки он аз тансиҳатии комил башорат медод. Баъди ба ёд овардани он рӯзгори талх марди хона ба дидани давоми манзара тоб оварда натавонист ва ноилоҷ аз тарс, на ба ҷойи хоби аввала, балки ба ҳуҷраи кушод, ба ҷои меҳмонқабулкунӣ гузашт.
Ҳама гӯшаи он ҳуҷраи кушоду рӯшану дилфаро барои дароз кашидану дам гирифтану раҳидан аз ҳамлаи дастаи хаёлҳои гуногун мувофиқ буд. Курпачаҳои мулоими чор тарафи миз ба фарши хона ҳусну ба дамгиранда роҳат мебахшиданд. Фақат дар миёнаҷои ҳуҷра, ки мизи дарози пояҳояш кӯтоҳ меистод, умеди озод хуфтанро ба бод медод. Дар як ҷои нармтари болиндор сарро монда, боз ба гирдоби пуршӯри дарёи андеша фурӯ рафт. Ҳангоми хаёлан саҳифагардон шудани китоби рӯзгори дерина, ангушти хасташуда гӯё дар варақи ширешолуде дармонда бошад, лаҳзае дар ҷой истоду чашмонаш ба навиштаҷоте бархурд: “Кӯч бастан оғози саргардониву нодор шудан ва нишонаи ҳаҷру ҷудоист, ки дар бисот ашку оҳ дорад. Яъне, паят аз дари кулбаи куҳна канда мешаваду ба дари хонаи нав пайванд, вале ҳалқаи нав занҷири пайдокардаро дуру дароз нигоҳ дошта наметавонад. Мустаҳкамӣ, ки надорад, баъди гузаштани андак вақт кандаву тори умри бахтбаргашта боз ба пуди рӯзи парешонӣ пайванд мегардад”.
Ин ҷойвазкунию саргардонӣ дар ҳаёти хонаводаи банда ҳам рух дод. Бо тақозои онҳо аз Кӯлоб аввал ба Бохтар кӯчида, баъди гузаштани муддате муқимии ҳамешагии пойтахти кишвар шуданд. Дар ду кӯчиш лаҳзаҳои беҳтарини умрашон дар хонасозию таъмиру ба тартиб овардани ҷои зист гузашт. Ҳарчанд сари пулҳои пайдошударо анҷом додани баъзе корҳои зарурӣ мехӯрд, парво надоштанд. Зеро он ҳамаро дидани даромадгоҳи зебои ҳавлӣ, гулбоғи сабзондаву ҳуҷраҳои дилфаро ҷуброн мекард. Магар ҳама ғаму ташвишашон дар зодгоҳу шаҳри Кӯлоб монд, ки шоду мамнун буданд. Вале баъди кӯчидани навбатӣ, дар ҷои нав чӣ чашми ҳасадеву чӣ пайи нохубе ба даргоҳашон расид, ки якбора шодияшон ба ғаму ҷашнашон ба мотам табдил ёфт. Мушкилоти дар деҳаву дар шаҳри Кӯлоб зистан нисбати ин мушкилот аз баҳр қатраеро мемонд. Сарвари хона сарҳисобро гум карда бошад ҳам, ба сахтӣ тан дода, сирри хонаводагиро ба касе нагуфт. Домани сабрро дошта, барои ба даст гирифтани зимоми бахти навбатӣ мубориза мебурд.
Ҳангоми дар шаҳри Кӯлоб будан, баъди панҷ соли хонадорию соҳиби се фарзанд шудан, ба ман хонаи давлатии хизматӣ доданд, ки ду ҳуҷраи хурду як ҷои хӯрокпазӣ дошт. Бари долони байни ҳуҷраҳо то ошхона танг ва ҷои дастшӯию саршӯӣ низ хурд буд. Гоҳ-гоҳ обаш, ҳангоми кам истифода бурдани ҳуҷрадорони поён, шабона ба боло мебаромад. Рӯзона аз поён, аз обрезакҳои бари роҳравҳои майдони пеши хона об кашонда, дар зарфҳои бузург захира менамудем. Бо вуҷуди ин ҳама норасоӣ, сарпаноҳи умед доштани мо тасдиқ мешуд. То соҳиби ҳамин хона шудан иҷорашин будаму дар як ҳуҷраи хобгоҳи умумии коргоҳе танҳо мезистам. Ҳар ҳафта зану фарзандонро хабар гирифта, ду рӯз ҳамроҳашон мемондам. Волидон сахтии дарди рӯзгори фарзанду келинашонро ҳис менамуданд, вале аз рӯзи бади ҷудоӣ тарсида, ба рафтанашон розӣ намешуданд. Барои ба сари раҳм овардани падару модар маҷбур шуда, ҳоли ногуворамро шарҳ дода, базӯр дуои пиру кампирро гирифтам. Дар як рӯзи офтобии фасли гармо кӯчро ба мошини боркашони тамғаи “ЗИЛ” бор карда, зану шӯ барбабар дар паҳлуи ронанда нишастем. Ҳанӯз аз дашти беоби мавзеи Олимтой нагузашта, дучори ҳавои боронӣ шудем. Дар як лаҳза абрҳои сиёҳ домани гардунро ишғол намуда, якбора борони селашонро ба сари мошин рехтанд ва ҷиҳози дар бордонбуда мисли мурғобиҳо дар ҳавз шуданд. Теппаҳои дони хирманҷои бари роҳ ҳам дар зери борон монданд. Роҳу кӯчаҳо низ мисли ҷӯйборҳову сойҳои обашон лойолуд гардиданд. Қатраҳои борон дар шишаи пеши мошин дидаҳои пурашкро мемонданд ва гуфтаҳои замони дар кӯдакӣ шунидаамро ба ёд меоварданд. Он замон ҳам фасли гармо ҳукмрон буду ҷои аз ҳама салқин таги чинорҳои чашмадори деҳаи Тутзор ба ҳисоб мерафт. Он ҷо аз сангҳои пасту баланд нишастгоҳи бисёр дошт ва рӯзе набуд, ки бошандагони деҳа пасу пеш ба он ҷо наоянду соате дар зери чинорҳо нашинанд. Хусусан дар рӯзҳои ҳавояш гарм ҷои ҷамъомади аҳли русто сари чашмаву таги чинорҳо буд. Онҳо як ё ду соати вақташонро дар он ҷо сипарӣ менамуданд, вале аксари рӯзони мо кӯдакон дар он ҷо бегоҳ мешуд. Ба хокбозию лойбозӣ овора шуда, чӣ гуна зуд гузаштани вақтро намефаҳмидем. Аз лой хоначаву ҳар гуна бозича месохтем ва гоҳо барои хоку лойдуздӣ гапамон мегурехт. Модарони бечора фарзандонро аз он ду ҷо меёфтанд. Дар як нисфирӯзии фасли гармо ногаҳон ҷои офтобро абрҳои сиёҳ гирифта, гӯё аз шодии зафар нағораву шайпури раъду барқашонро навохтанд ва баъд аз чӣ хаёл навбати ҷашнро ба мотам дода, гиристанд. Дар як лаҳза чунон селборон шуд, ки касе фурсати гурехтан наёфта, худро ба зери шохҳои сербарги дарахтон гирифтем. Хайрият, ки борон дер давом накард. Баъди рӯшан шудани ҳаво калонсолони ҳузур- дошта ба муҳокимаи ҳолати рохдодаву афсонапардозӣ гузаштанд.
– Дар чунин рӯзи гарм дар осмон пайдо шудани абрҳову расидани овози тундару аланга задани оташи барқ ва боридани борон бесабаб нест.
– Дар тобистони гарм боридани чунин селборонро бори аввал мебинам. Бовар бикунед, ин селборон набуд, кадом офату балои ҳушдоркунанда буд.
– Рост! Шояд қаҳри Худо аз носипосии инсон бошад? Ба фикри ман ашкҳои беваи Гулъизор аст, ки баъди марги шавҳари ҷавонаш дубора шӯ карду аз ҷои дур фарзандонашро хабаргирӣ омад, аммо бачаи кӯтоҳандеши ранҷидааш телааш зада, ба хонаи пешина роҳаш надод.
– Шояд ашкҳои дидагони кампири Олия аз ғами фарзанди ҷавонмаргу сириши акаи Мир аз ҳасрати бародараш бошад?
– Не, ашкҳои бобо Сафар аст, аз фироқи писари ягонааш, ки ба ҷанг рафта, дигар аз майдон барнагаштааст.
– Шояд ашкҳои бобои Қараанд, ки писари ҷавони паҳлавонсураташ Маҳмадалиро баъди шаш моҳи хонадорӣ ба хонаи охират гусел намуда буд. Ҳар пагоҳӣ мӯйсафеди ҷонбезор ба сари гӯри фарзанд рафта, аз баландии пуштаи мазор худро ба поён ҷар мекард ва оқибат аз захмҳои барунӣ не, аз захмҳои тири андуҳу доғи дарунӣ ҳамсоягӯри писараш шуд.
Мо кӯдакон ин суханҳоро аз забони куҳансолони ҳамдарду соҳибдил шунида, ба ҳақиқат доштанашон бовар мекардем.
– Камхондаҳо аз ин зиёд муҳокимаву муқоиса карда наметавонанд. Аслан бигирем, ин ҳама як рӯйдоди муқаррарии табиат аст, ашки ғаму ҳасрат нест. Агар ашки ғаму ҳасрати зиндагӣ бошад, ашки модари Тоҳири ҷавонмарг аст, ки ҳар пагоҳӣ баъди азон додани муллои масҷид нолаи ҷонсӯзаш ба гӯш мерасид ва онро хурду бузург то рӯзи аз дунё гузаштани кампир мешуниданд. Шояд сиришки умрбодии чашмони капири Сунбули девчашмагияст, ки ҳар ҳафта харакӣ аз деҳаи дур ба лаби ин чашма меояд ва ҳарду зарфи гаронашро пури об намуда, ҳангоми бор кардан, аз касе мадад намепурсад. Мақсади ҳамеша сарпаст гаштану ба рӯи касе чашм надӯхтану рӯи ниёз наоаварданаш ҳам, надидани дидори инсони носипос аст, ки аз рӯзи хонаободияш шуруъ шудааст. Шаби тӯйи арусияш ҳама ҳамдеҳагон ба зиёфат омада, дар сари дастархон ба ӯву шавҳараш дуои барори бахту зиндагӣ дода, худи ҳамон пагоҳӣ ба ҷои фарзанди худ шоҳбачаи ӯро ба майдони ҷанг мефиристанд ва бечораи ҳанӯз васли ширини арусаш надидаро талхком менамоянд. Ҳарчанд хати сиёҳаш омада бошад ҳам, Сунбули дар садоқат бемисл ба марги хонаи бахташ бовар накарда, ба умеди рӯзе омадан ба рӯи касе дари дида намекушояд ва ба ҳафт пушти носипосии зоти одам нафрат хонда, роҳи ба танҳоӣ гузоронидани умри бебаҳоро интихоб менамояд, – ба баҳс нуқта гузошт муаллими Раҳмат, ки ҳамчун донотарин намояндаи деҳа шуҳрат дошт.
Ман ҳам баъди дар фасли гармо дар дашти Олимтой дидани селборон, мисли ҳамдеҳагон қатраҳои аз шишаи пеши мошин шорандаро ба ашкҳои чашмони модари гуселкунандаам ташбеҳ додам. Дертар хабар омад, ки баъди кӯчидани пораҳои ҷон модар як ҳафта мисли девонаи ҳарчигӯ дар гирди хона гашта, аз оҳу фиғони зиёд бемори бистарӣ шудаст. Воқеан, ин бемории аз ғаму дарди ҳиҷрон пайдошуда ним сол тул кашид. Дар ин миён ду ҳафта дар беморхона хобид, вале ҳолаш бадтар шуду беҳтар не. Аз дармонёфтани дардаш умед канда, ӯро ҷавоб доданд.
Дар моҳи охири фасли сармо, ки борони сарди барфолуд мерехт, бемориаш авҷ гирифт. Пеш аз гап мондан даст ба дуо бардошта гуфт:
– Худованди бахшандаву меҳрубон, тамоми умр азоби ранҷурию сағирапарварӣ кашидам, илтиҷо менамоям, ки дар рӯзи маргам мардумро аз ранҷу ташвишҳо озод бикун. Кош, рӯзи маргам вақти гули себ бошаду аз ҳавои офтобии ҷо-ҷо абрдор қатра-қатра борони эҳсон бирезад ва тобутбардорон рӯ-рӯи сабзаҳо қадам зада, кӯтали дарозро бе азоб пушти сар бикунанд…
Баъд аз ду ҳафта модари ниҳоят ғамхору меҳрубон бори сафари бебозгашт баст. Бегоҳии ҳамон рӯз ҳаво сард ва табъаш барфӣ буд, аммо магар дуо мустаҷоб шуд, ки пагоҳӣ ба рӯзи офтобии борондор табдил ёфт. Боғҳо ғарқи гулҳои себ буданд. Вақти тай кардани роҳи кӯтал борони шим-шими нарм борид. Гӯё ки осмон ҳам барои рахти инсони нек дарун-дарун гириста, гоҳо қатраҳои беруншудаи оби дидагонашро ба сари мардуми хайрхоҳ мерехт…
Дар давоми рӯзгори мустақил пай бурдам, ки тоифаи зан аз ҳама бештар сариштакор аст ва ба хаёли таъмини рӯзгори фардои номаълум, ёфтаашро беҳуда сарф намекунад. “Модарат ҳучбемор аст, боз пайи мотам ба хонаамон нарасад, дар пеши хешу бегона шарманда нашавем” гуфта, ҳамсарам матои пайдокардаву як тангаи ёфташро “барои рӯзи мабодо” дар сандуқи қуфлдораш мегузошт. Ҳатто гилемҳои навхаридаро ба умеди дар хонаи нав партофтан дар зери тали курпаҳо пинҳон кард. Аз куҷо медонист, ки пеш аз хушдоман худаш сокини водии хомӯшон мегардад? Агар заъфарону ба хазони умр гирифтор шуданашро медонист, шояд ҷузвдони сабзи бачаи ҳамсояро ҳам намехарид.
– Ин ҷуздон барои кӯдакони хурди мактабӣ будааст, мо нафаҳмида харидем. Агар ягон харидор пайдо шавад, фурӯхта навашро мегирем, – гуфт зани ҳамсоя ва ҷузвдони сабзи бо худ овардаро нишон дод.
– Ман мехарам, имсол бачаам мактабхон мешавад. Ранги сабз хосияти хубу маънои рӯидан дорад, – посух дода, он ҷувздонро харида буд ҳамсараш. Вале худаш ду моҳ пеш аз оғози дарсҳо ормон дар дар дил хокдаҳон шуда, на мактаб рафтани писарашро диду на хонаи навдодаи ҳукуматро.
Гӯё ғайри овози ҳасратолуд ба гӯши марди хонавайрон садои дигаре намерасид:

🔒

Идомаи матн барои обуначиён

Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.

Агар рамзи дастрасӣ доред, онро дар ҳуҷраи шахсӣ ворид кунед.

Боз аз рубрикаи «Наср»

Ҳамаи мавод →
Орзу ва фоҷеа Обуна
Наср · Ҳикоя

Орзу ва фоҷеа

Резаҳикояҳои ҷолиб аз Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷаббор

Абдуғаффор АБдуҷаббор · Шумораи 9 2026