Сешанбе, 17 ноябри 2026
Садои Шарқ
Нашрияи миллии адабии Тоҷикистон
Тарҷума · Мақола · Шумораи 10 2026

Тоҷикон дар тамаддуни инсонӣ

Тарҷумаи мақолаи нависандаи кувайтӣ Нодир ал-Вусайр доир ба тоҷикон ва Тоҷикистон

Тоҷикон дар тамаддуни инсонӣ

Агар халқҳои зинда таърихи худро фаромӯш накунанд ва барои посдорӣ аз ҳувияти хеш мубориза баранд, халқи бузург низ худро сирфан шаҳрванде, ки дар сарзамин ва меҳани хеш зиндагӣ мекунад, намебинад, балки хештанро ҷузъе ҷудоинопазир аз ҳастии хеш медонад. Ӯ кӯҳест, ки дар сарзаминаш муҳкам шуда ва хунаш обест, ки дар жарфои сарзаминаш ҷорист. Аз ин рӯ, фарҳанги ӯ, ҳарчанд дар маърази вазиши бодҳои навгонӣ қарор мегирад, дигаргун намешавад, балки ҳамчунон дар баробари гузари замон истодагӣ мекунад, то мероси худро ҳифз кунад, ҳатто агар нишонаҳои навгонӣ дар меъморӣ ва симои шаҳрҳояш падидор шуда бошад.
Ин гуна аст халқи тоҷик, ки ҳамчунон ба рукнҳои ҳувияти хеш пойбанд ва посдори мероси куҳани худ аст ва дар айни ҳол ба пешрафти давлат, шукуфоии илмҳо ва ҳаракати ҳамгом бо тамаддуни ҷаҳонӣ имоне росих дорад.

Буъди роҳбурдӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар каронаи ҷанубии Осиёи Марказӣ воқеъ аст. Агарчи масоҳати он аз 143 ҳазор километри мураббаъ бештар нест, аз нигоҳи роҳбурдӣ яке аз муҳимтарин кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин кишвар аз шимол бо Қирғизистон, аз ҷануб бо Афғонистон, аз шарқ бо Чин ва аз ғарб бо Ӯзбекистон ҳаммарз буда, кӯҳҳои сар ба фалак кашидаи он аз ганҷинаи азими конҳои гаронбаҳо бархурдоранд.
Дар ин сарзамини кӯҳистонии душворгузар ва дар айни ҳол фиребо тоҷикон зиндагӣ мекунанд, мардуме, ки аз байни халқҳои Осиё, балки ҷаҳон нақшу саҳми қобили мулоҳизае ба тамаддуни инсонӣ гузоштаанд. Ҳузури тоҷикон танҳо ба қаламрави Тоҷикистон маҳдуд намешавад, балки аз нигоҳи ҷамъиятӣ дар саросари кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Русия низ имтидод ёфтааст. Дар ҳар сарзамине, ки бошанд, осори барҷаста ва дастовардҳои бузурге аз худ бар ҷой гузоштаанд. Бо ин ҳол, бузургтарин дастоварди онҳо, ки ба ғанои таърихи сутурги исломӣ афзудааст, дар сарзамини азалии онҳо, ки ба Мовароуннаҳр маъруф аст, рух додааст. Дар ин сарзамин онҳо дар арсаҳои гуногуни инсонӣ дурахшидаанд, давлатҳое барпо карданд, заминро бо кишоварзӣ обод сохтанд ва тиҷорату саноатро равнақ бахшиданд. Аммо бузургтарин чизе, ки онон ба ҷаҳон арза карданд, мероси азими илмиашон буд, ки пизишкӣ, фалсафа, муҳандисӣ, меъморӣ ва дигар шохаҳои донишро дар бар мегирифт ва саҳме басазо дар шукуфоии тамаддуни исломӣ гузошт.
Тоҷикон сирфан сокинони Осиёи Марказӣ нестанд, балки решаҳое ҳастанд, ки ба жарфои хоки ин сарзамин давондаанд ва фарҳанге ҳастанд, ки дар тору пуди ҳофизаи ҷамъӣ танидa шудааст. Ниёкони ин халқ аз куҳантарин рӯзгорон дар ин сарзамини бостонӣ мезистанд ва гузоришҳои ҳайатҳои бостоншиносии русӣ нишон медиҳад, ки инсон аз сапедадами таърих дар ин марзу бум сукунат доштааст.

Дар ин сарзамин тамаддунҳои куҳане шукуфо шудаанд, ки садсолаҳо пеш аз мелод вуҷуд доштанд. Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳое, ки ин сарзамин шоҳиди он буд, ҳамон лашкаркашии юнониён ба раҳбарии Искандари Мақдунӣ дар садаи IV пеш аз мелод аст. Ба назари муаррихи бузурги тоҷик Бобоҷон Ғафуров, бошандагони ин тамаддунҳо ниёкони таърихии халқи тоҷик буданд. Ғафуров, ки яке аз барҷастатарин муаррихони миллати тоҷик ба шумор меояд, ёдовар мешавад, ки ҳувияти миллии тоҷик дар садаҳои IX-X мелодӣ дар Варорӯд ва Хуросон дар сояи шукуфоии давлати Сомониён ташаккул ёфт, ки онро тоҷикон бузургтарин давлате медонанд, ки дар таърихи исломӣ таъсис доданд.
Аммо номи «тоҷик» ба сифати номи ин гурӯҳи нажодӣ дар садаи XI мелодӣ падидор шуд ва яке аз нахустин касоне, ки онро зикр кард, таърихнигори эронӣ Абулфазли Байҳақӣ дар китобаш «Таърихи «Байҳақӣ» буд. Ӯ дар он китоб мегӯяд: «Мо тозиконем» ва ин истилоҳро дар бахшҳои дигаре аз китоби худ низ такрор мекунад.
Аз он замон истилоҳи тоҷик тасбит шуда, ба номи худи халқ табдил гардид, ки дар Осиёи Марказӣ ташаккул ёфта, ҳувият пайдо карда буд. Сипас ин ном дар манбаъҳои таърихии баъдӣ низ ба таври пайваста такрор мешавад, аз ҷумла дар «Таърихи ҷаҳонкушо»-и Атомалики Ҷувайнӣ, таърихнигори садаи XIII мелодӣ ва ҳамчунин дар «Бобурнома»-и Султон Заҳируддин Муҳаммади Бобур дар садаи XVI мелодӣ. Ин амр аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин ном дар навиштаҳои таърихии исломӣ решадор ва тасбит шудааст. Муаррихон бар ин боваранд, ки тоҷикон аз табори эронӣ-ориёӣ буда, забони тоҷикӣ яке аз гӯишҳои забони форсӣ ба шумор меравад.

🔒

Идомаи матн барои обуначиён

Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.

Агар рамзи дастрасӣ доред, онро дар ҳуҷраи шахсӣ ворид кунед.

Боз аз рубрикаи «Тарҷума»

Ҳамаи мавод →
Пора аз романи “Таъми калела” Обуна
Тарҷума

Пора аз романи “Таъми калела”

Достони зиндагии ду русбачаи ятим, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Тоҷикистон кӯчонда мешаванд ва аз шарофати меҳру мухаббати мардум камол меёбанд.

Тарҷумаи Сурайё Аҳмадзод · 19 июли 2026