Орзу ва фоҷеа
Резаҳикояҳои ҷолиб аз Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷаббор
Дар арафаи баҳор
Интиҳои зимистон буд. Аз ҷониби ғарб шамоли ғашовар мевазид. Чор тарафи бошишгоҳро аз назар гузаронидам. Касе наметофт. Дари қаровулхонаро кушодам. Он ҷо болои катча Солеҳ-саркор ва боз ду нафар марди дигар ноништа мекарданд.
– Баъди як дам Нормат-амак мебиёянд, – хабар расондам пас аз пурсупос, – Гулбоғро набурида истанд гуфта хоҳиш кардаанд…
– Сад афсус! – андешамандона гуфт Солеҳ-саркор. – Дилам гувоҳӣ медод-а. Бистарӣ бошад ҳам, то қиёмат аз мо меранҷад. Замони ҷанг аз фронт баргашта, бо сад умеду орзу ҳамин гулбоғро шинонда будааст. Ҳамсолонаш мегӯянд, ки ҳар як ниҳолро мисли кӯдак парвариш мекард. Дарахтон ба воя расиданд, чуқур реша давонданд, дигар ба нигоҳубини мӯйсафед муҳтоҷ набуданд. Бо мурури солҳо, мардум, ҳарчанд себу биҳӣ, ноку гелос, ангурашро хӯранд ҳам, фаромӯш карданд, ки Нормат гуфтанӣ инсоне ҷон коҳондааст…
Идомаи матн барои обуначиён
Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.