Рахна
Шеъри зебое аз андуҳи рӯзгор, рӯшноии умед ва хандаи тифле, ки ба зиндагӣ маъно мебахшад.
Рахнае дар боми хона,
мечакад андӯҳ,
Мефизояд ҳасрату ғам дар дили тангам.
Фасли сармо кай равад, то пок созам
Бӯйи сардӣ, бӯйи нам аз манзили тангам.
Пеш аз дай фасли сабзу гулфишонӣ буд,
Орзуҳоям муниру осмонӣ буд,
Хешро бо рангу бӯи тоза ороям,
Ҳамчу дирӯзе, ки рӯям арғувонӣ буд.
Эй ки пиндорӣ маро маъсуму бечора,
Дар ду-се метри мураббаъ
сахт овора,
Шаш ҷиҳатро пур кунам аз нағмаҳои нав,
Гарчи дунёям бувад ҳамҳаҷми гаҳвора.
Бок не, гар метапам дар гӯшаи зулмат,
Медурахшад дар нигоҳам ишқу бедорӣ.
Аз ту ҳам дилзандатар, зеботарам аз ту,
Эй баҳоре, ки дами ҷонофарин дорӣ…
Рахнае дар боми хона,
метаровад нур,
Мекунад бо нур бозӣ, тифли хандонам.
Мефизояд нусрату шодии оламро,
Рақси нуру шавқу нози пораи ҷонам…