Чоршанбе, 18 ноябри 2026
Садои Шарқ
Нашрияи миллии адабии Тоҷикистон
Назм · Шеър · Шумораи 9 2026

Ифтихор аз Истиқлол

Бозтоби рӯзҳои пурфоҷиа, талошҳои сулҳофаринӣ ва шукӯҳи Истиқлоли давлатӣ

Ифтихор аз Истиқлол

Ҷашн меояд…
Ҳар суханро об бояд дод аз тиллои андеша,
То шавад равшан гуноҳи бегуноҳи сӯзи тоҷикон,
Пас талоши оқибатпирӯзи тоҷикон…

Боз бар дирӯз чашми ибрати айём бояд дӯхт,
Зиндагии рафтаро бояд зи дарси ёдҳо омӯхт,
Дар шарори хотироти хеш бояд сӯхт,
Ҳамчу дуди оҳҳои модарон бояд нафасгардон
Зери лаб ларзон дуо кард,
Аз Худои меҳрбахшо илтиҷо кард,
То бузургию шукӯҳи даври Истиқлол
равшан дар сухан монад,
То ки нақши зарҳали даврони мозӣ дар Ватан монад…

Оҳ, бо ҳарфи чу тиллои шуои офтоби Тоҷикистон
Боз мебояд ситоиш кард руҳи қаҳрамононро,
Мурдагони зинданоми давру давронро.
Рафтагоне, ки ба ҳар як муждаи оянда меоянд,
Нестҳое, ки ба ҳар айём ҳастанду кунун поянда меоянд.
Бошарафҳое, ки мурданду валекин зинда меоянд,
То шукӯҳи даври Истиқлолро дар санг ҳак созам,
То ки нақши тозаи тақдирро аз нанг ҳак созам…
Миллати ҷонофаринам, зинда бошӣ!
Дар ҷаҳони хушумедон, беҳтаринам, зинда бошӣ!
Ид меояд…
Ҳарфҳои хуб бояд ҷуст бар таҳнияти миллат,
Бозгӯӣ то кунем аз нийяти миллат…
Аҳсани имрӯз лозим нест,
Аз талошу кинаи дирӯз бояд гуфт,
То шавад айни ҳама дунё азобу заҳмати миллат…

Миллати ҷонофаринам,
Ман зи дирӯзи ту бояд ҳарфи ҳақ ҷӯям!
Аз парешонию худсӯзии ту то ҳарфи ҳақ гӯям!
Эй худованди ҳақиқат,
Як назар бахшой имдодам!
Он қадар душвор ин эъҷози хушгӯӣ барои ҳастии ёдам,
Мекафад дар сина бо ҳар оҳ фарёдам!
Баски дирӯзам пур аз хун буд,
Чун талоши мансабу ҷоҳу ҷалолу кандани бун буд,
Тахти бахтам вожгун буд…

🔒

Идомаи матн барои обуначиён

Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.

Агар рамзи дастрасӣ доред, онро дар ҳуҷраи шахсӣ ворид кунед.

Боз аз рубрикаи «Назм»

Ҳамаи мавод →
Борбади Марвазӣ Обуна
Назм

Борбади Марвазӣ

Ба муборакбодии пешниҳоди  Борбади Марвазӣ ба феҳристи ЮНЕСКО  дар шумори чеҳраҳои ҷаҳонии фарҳанг

Камол Насрулло · Шумораи 10 2026
Рахна Кушода
Назм · Шеър

Рахна

Шеъри зебое аз андуҳи рӯзгор, рӯшноии умед ва хандаи тифле, ки ба зиндагӣ маъно мебахшад.

Мафтунаи Қосим · Шумораи 9 2026