Ҳунари нигорандагӣ
Нигоҳе ба ҳунари тасвисозӣ ва образофаринӣ дар назми тоҷики солҳои 60–70-ум
Даромади сухан. Ҳунари нигорандагӣ дар назм аз масъалаҳои муҳимми таҳқиқи шеър дар замони мо маҳсуб мешавад. Ҳамон тавре ки маълум аст, донишмандон марбут ба шеъри солҳои 60-70 бештар ба масъалаи сохтор ва мавзуву муҳтавои он таваҷҷуҳ кардаанд ва масъалаи ҳунари шоирӣ, дар мисоли таркибу ибораороӣ ва тасвирҳои баланди шоирона, камтар дар мадди назарипажуҳишгарон қарор гирифтааст. Вобаста ба ин масъала ба таври умумӣ дар навиштаҳои муҳаққиқоне чун Муҳаммадҷон Шакурӣ, Расул Ҳодизода, Раҳим Мусулмонқулов, Худоӣ Шарифзода, Хуршеда Отахонова, Юсуф Акбарзода, Абдунабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким, Абдураҳмони Абдуманнон, Абдушукури Абдусаттор, Абдувалӣ Давронов, Рустам Ваҳҳобзода, Мисбоҳиддини Нарзиқул ва дигарон ишораҳо метавон дид. Ҳамон тавре ки мушоҳида мешавад, бештари ин таълифот бар мабнои таҳаввули сохтории шеър ва мавзуву моҳияти он сурат гирифта, ба арзишҳои ҳунарӣ, шоиронагӣ ва забону баёни он камтар ихтисос ёфтаанд. Дар ин радиф масъалаи шоиронагӣ ва бадеияти шеъри шоирон бештар дар навиштаҳои Муҳаммадҷон Шакурӣ, Аскар Ҳаким ва Рустам Ваҳҳобзода зоҳир мегардад. Ин донишмандон дар навиштаҳои худ ба баъзе вижагиҳои ҳунарии шеър таваҷҷуҳ намуда, ҳунари шоирии бархе аз эҷодкоронро аз назари зебоишинохтӣ матраҳ намудаанд. Агар навиштаҳои чанд донишманди эронӣ, ба мисли Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ (дар китоби “Чун сабӯе ташна”), Алиасғари Шеърдӯст (дар китоби “Чашмандозе ба шеъри муосири тоҷик”), Гарморӯдӣ (дар китоби “Садр ва соқа”), Алиризо Қазва (дар рисолаи “Хуршедҳои гумшуда”)-ро дар хусуси шеъри тоҷикии мавриди назарамон ба инобат нагирем, масъалаи халлоқият ва ибдоъот дар заминаи мавзуъ, иҷтиноб варзидан аз корбурди таркибу ибораҳои шеъри куҳан ва паҳлугардонии бисёре аз таркибу ибораҳои шеъри пешин, хаёлпардозиҳои шоирона ва амсоли ин аз мавзуъҳои дастнахӯрдаи шеъри солҳои 60-70 ба ҳисоб мераванд, ки мунаққидону адабиётшиносони тоҷик аз ин зовия ба онҳо камтар пардохтаанд.
Аммо, мутаассифона, донишмандони эронӣ ҳам, ки дар навиштаҳои худ ҳунари шоирии эҷодкорони ин давраро дар тарозуи нақду баррасӣ гузоштаанд, аз ҳама ҷанбаҳои осори онон ба таври комил воқиф набудаанд ва муҳимтарин осор дар дастраси онҳо қарор надоштааст.
Дар ин мухтасар чаҳор бахши асосии ҷусторҳои ҳунарӣ, дар мисоли паҳлугардонии калимаҳо, ҳунари шоирӣ, тасвирҳои воқеии манзара ва нигоҳи хоса ба мазуъҳои умумӣ, ки дар таҳаввули шеъри солҳои 60-70 нақши бориз доштаанд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Паҳлугардонии калимаҳо. Агар аз як тараф, ворид гардидани вожагону таркибҳои зиндаи мардумӣ дар шеър навоварӣ дониста мешуд, аз тарафи дигар, таркибу вожаҳои классикӣ низ шеъри муосирро пурбор мекарданд. Бештари ин таркибу вожаҳо дар шеъри муосир низ гоҳе ба маънии маҷозӣ ва таҳтонияшон корбаст мешуданд. Дар шеъри солҳои 60-70 аксари таркибу вожаҳои шеъри классикӣ маънои маҷозии худро аз даст дода, ба маънии аслии худ истифода шуданд. Дар шеъри шоирони ин давра як навъ паҳлугардонии калимаву вожаҳои шеъри суннатӣ сурат гирифт.
Масалан, ибораи “оби Хизр”, “оби ҳайвон”, “оби зиндагонӣ” ва дигар гузинаҳои он, ки дар шеъри гузашта фалсафаи ҳаёт ва бемаргиро таҷассум ва тадоӣ менамуданд, дар шеъри муосир моҳиятан ифодакунандаи унсурҳои воқеии ҳаёт гардиданд. Мирзо Турсунзода ин ибораро ба маънии воқеӣ истифода намуд ва ба ин васила аз назари мазмун як тозакориеро дар шеър рақам зад:
Ба ӯ Маскав зи рӯйи меҳрубонӣ
Равон бинмуд оби зиндагонӣ.
Ин таркиб дар шеъри Муъмин Қаноат нисбат ба шири модар, ки сарчашмаи ҳаёт аст, боз ҳам равшантару воқеитар ба кор рафт:
Ин шеъри Муъмин Қаноат, ки бо номи “Модар” дар маҷмуаи “Ситораҳои замин”-и ӯ интишор гардидааст, ба парвози аввалини зани кайҳоннавард Валентина Терешкова бахшида шуда, дар бораи бозгашти ӯ аз кайҳон ба замин нақл мекунад. Шеър хеле самимона ва дилнишин эҷод гардида, дар он таркибу ибораҳои мардумӣ низ хеле баҷо ва шоирона истифода шудаанд:
Идомаи матн барои обуначиён
Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.