Гулназар ва Лоиқ
Нақди Гулназар бар шеъри устод Лоиқ
Ошноии нахустини Гулназар ва Лоиқ солҳои 60-уми асри ХХ дар идораи рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” дар маҳфили шеъри Аминҷон Шукӯҳӣ ба вуҷуд омадааст. Он вақт Лоиқ донишҷӯйи Институти омӯзгории шаҳри Душанбе ва Гулназар донишҷӯйи Университети давлатии Тоҷикистон буданд. Ҳар ду шеър машқ мекарданд. Вале тавре, ки аз хотироти даврони донишҷӯйии Гулназар бармеояд, номи Лоиқ ва шеъраш дар байни ҷавоншоирони он солҳо нисбат ба дигарон шуҳрати зиёдтаре доштааст. Ӯ ба ёд овардааст, ки: “Боре дар моҳномаи “Садои Шарқ” шеъри Лоиқ дар бораи ҳаёти донишҷӯӣ ба табъ расид… Мо, ки бо шеърҳои васфии умумӣ аз ҳаёти донишҷӯён одат карда будем, ба вижа суруди машҳури устод Боқӣ “Офарин бар ғайрати овозадорат, студент!”, аз тозагӣ ва мушаххасии мушоҳидаҳои Лоиқ ҳайратзада будем ва ҳамагон ин шеърро медонистем”. Махсусан, бино ба навиштаи Гулназар, пас аз шунидани воқеаи фавқулодаи бо як шеъри “Ба модарам” ба узвияти адибони Тоҷикистон пазируфта шудани Лоиқ дар маҳфили “Адибони ҷавон” аз забони устод Боқӣ Раҳимзода “агар хабари чоп шудани ин ва ё он шеъри Лоиқ ба гӯш мерасид, ҳамагон ба ҷустуҷӯй меафтоданд, агар ба даст меомад, дар хобгоҳҳо, синфхонаҳо, кӯчаву паскӯчаҳо дар сари он баҳсу мунозираҳо мекарданд”.
Ба мушоҳидаи Гулназар, “адибе мисли Лоиқ ба ин шиддат ба адабиёт наомадааст, ба ин шиддат ташаккулу такомул наёфтааст ва ба ин шиддат мақоми аввали худро дар адабиёт ҳифз накардааст”. Муаллифи рисолаи “Лоиқе чун Лоиқе” эътимод бар он дорад, ки: “Бешак, на танҳо ман, балки ҳамаи он шоирони ҷавоне, ки баъди Лоиқ омадаанд, аз шеъри Лоиқ шеъргӯйиро омӯхтаанд. Ё аз ӯ тарзи омӯзиш ва баҳраҷӯйиро ёд гирифтаанд”. Беҳуда нест, ки боре дар суҳбате Лоиқ ба Гулназар гуфта будааст: “Ту аз ман баромадаӣ”.
Нависандаи номии тоҷик Абдуҳамид Самад, аз ҳамкорон ва дӯстони наздики Гулназар ба ёд овардааст, ки дар ҷашни 50-солагии Гулназар дар манзили падарии шоир ҳузур дошт ва шоҳиди насиҳати падар ба писар гардидааст. “Падар вақти гусели меҳмонон дар танҳоӣ асроромез бехи гӯши писараш таъкид мекард:
– Шоир шуданӣ бошӣ, мисли Лоиқ шоир шав…”.
Солҳои 60-70-80-уми асри ХХ барои Гулназар солҳои омӯзиш, ҷусторҳои адабӣ ва заҳмати шабонрӯзӣ буданд. Камолоти шоирии Гулназар ба солҳои 90-уми асри гузашта ва оғози асри ХХ1 рост омад. Дар ин муддат Гулназар на танҳо ҳамчун шоири тавоно, балки ба сифати шеършиноси номӣ ва огоҳ ба воя расид. Барори ӯ махсусан дар шинохти Лоиқ ва шеъри ӯ назаррас мебошад. Рисолаи маъруфи ӯ “Лоиқе чун Лоиқе” (чопи солҳои 2000 ва 2013) то имрӯз яке аз беҳтарин нақдҳо бар шеъри Лоиқ ба шумор меравад.
Гулназар ба ҷуз ин китоб дар бораи Лоиқ ва шеъри ӯ мақолаи “Шастсолагӣ ва ҷовидонагӣ” (“Садои Шарқ”, 2001, №1-6)-ро навишта, дар шеърҳои “Нақиза ба мисраи Лоиқ” (Маҷмуаи “Лангар”, 1984) ва “Наврӯзи бе Лоиқ” (2000), марсияи “Ба ҳам омад ҷавонӣ бо ҷавона” (2000), рубоиҳои “Паймонаи ту ҳазор паймона шикаст”, “Лоиқ! Лоиқ! Нумуи миллат боқист” ва “Ин булҳавасон зиндаву ошиқ мурда” ( Маҷмуаи “Шуълаи барқади сӯзони малоҳат”, 2002), достони “Дӯст” (2005) ва китоби “Сафина” (2007) аз ӯ бо муҳаббат ва эҳтироми зиёд ёд овардааст. Дарвоқеъ, Гулназар рост мегӯяд, ки: “Ман борҳо перомуни эҷодиёти Лоиқ гуфтаву навиштаам”.
Ҷойгоҳи Лоиқ дар адабиёти тоҷикӣ
Як гуфтаи Гулназар дар бораи эҷодиёти устод Лоиқро худаш ва дигарон такрор мекунанд ва он ин аст, ки: “Ман ба эҷодиёти Лоиқ чун ба як адабиёт муносибат мекунам. Бурду бохти Лоиқ бурду бохти адабиёт аст ва омӯхтани танқидии навиштаҳои ӯ ба рушду камоли наҷибтару шоистатари шеъри тоҷик мусоидат хоҳад кард”.
Ин гуфтаи Гулназар беасос нест ва дар он ҳеч гуна муҳоботе ҷой надорад. Лоиқ бо нав кардани тору пуди шеъри муосири тоҷикӣ ва тафаккури бадеии он на танҳо ба раванди таҳаввулу такомули шеъри тоҷикӣ таъсири амиқ гузошт, балки дар рушди тамоми навъҳои дигари он низ, аз он ҷумла наср, очерку публитсистика, адабиёти кӯдак, драма ва ғ. нақши муассир дошт. Зимнан, мақолаҳои публитсистиии ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳои давр ва барномаҳои радио ва телевизион маълум ва машҳур буданд.
Хидмати бебаҳои устод Лоиқ дар адабиёти тоҷикӣ, аз нигоҳи шоир ва мунаққид Гулназар, ба қарори зайл мебошад:
1.“Вай аз ҳама хубтару пурсамартар таҷрибаи адабиёти классикӣ, сурудаҳои мардумӣ, адабиёти ҳамзабонон ва ҷаҳониро истифода кард ва комёб гардид”;
2.“Вай намудҳои камравнақ ва “беобурӯшуда”-и (ғазал, рубоӣ ва дубайтӣ –А.С.) адабии моро бо шукӯҳу тароваташон ба мо бозгардонд”;
3.Дар забони шеър “як худи ӯ чӣ миқдор калима, ибора ва таркибҳои фаромӯшшудаву тозаро ба адабиёт овардааст”;
4.Лоиқ тавонист, “то адабиёти мо, ба вижа шеър, чеҳраи миллии хешро аз дигар пайдо кунад”;
5.“Ҷасорати адабии Лоиқ дар замони истибдоди мафкураи ҳоким тасвирношуданист. Ӯ мардумро ба нангу номуси ватандорӣ, ифтихори миллӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ даъват кард, онҳоеро, ки забони модариашонро гум карданд, нафрин гуфт ва дар паҳнои Шуравӣ садо дар дод: “Модар яктост, Тоҷикистон яктост!”.
Гулназар падидаи ҷасорати адабӣ дар эҷодиёти Лоиқро дар рисолаи “Лоиқе чун Лоиқе” муфассалтар баён намудааст. Ӯ дар ин замина навиштааст, ки: “Ҳар гоҳ сухан аз ҷасорати адабӣ равад, дар пеши назар симои Лоиқ ҷилвагар мешавад. Ин ҷо манзури ман танҳо ҷустуҷӯҳои пайваста, шикастани қолабҳо, зинда кардани таркибу ибораҳои китобиву шифоҳӣ, бепарда гуфтани асрори дил ва ҳолу аҳвол нест, ки шоири тоҷик аз худ борҳо нишон додааст. Ин ҷасорат дар интихоби мавзуъ ва корбурди унсурҳои муқаддаси миллат, ки дар паси девори идеологияи ҳоким пинҳон буданд ва муроҷиат ба онҳо мамнуъ буд (ё аз муроҷиат ба онҳо метарсиданд), низ зоҳир мегардад”.
6.“Ӯ аз шеъри худ ба соҳили шодоби фардои мо пули мустаҳкам бунёд намуд ва ҳар каси шоистае, ки аз ин пул гузар кунад, ӯро ҳамчун Устод ёд хоҳад кард”;
7.“Он шеъре, ки имрӯз шеъри нимоӣ ва он вазне, ки вазни нимоӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон аввалин маротиба дар шеъри Лоиқ зуҳур кард. Аммо ин равия ба мо тавассути шеъри Нимо не, балки ба воситаи шеъри Нодирпур омад. Он таҳаввулоте, ки дар батни шеъри Нимо буд, дар шеър ва тафаккури шоиронаи тоҷик гунҷоиш надошт».
8.“Ӯ суханро боз боло бурду бар курсӣ нишонд”. Ва чунин хидмати шоистаро Шумо дар адабиёти муосири тоҷик кардед”[ Лоиқе чун Лоиқе.-С.80.].
Дар бораи хидматҳои бузурги устод Лоиқ барои рушди адабиёти тоҷикӣ, хосса шеъри он, баҳсҳои муфассалтаре низ ҳаст. Аммо муроди мо ин ҷо танҳо баёни хидматҳои адабии устод Лоиқ аз нигоҳи Гулназари шоир ва ноқид мебошад.
Гулназар аз адибони тоҷик беш аз ҳама ва беҳ аз ҳама дар бораи устод Лоиқ ва шеъри ӯ навиштааст. Ба бузургвории устод ва хидматҳои адабии беҳамтояшон шакке надорад. Вале дар нақди шеърҳои устод баъзан аз аслҳое ба кор мегирад, ки баҳсбарангез мебошанд. Барои мисол, ӯ дар рисолаи “Лоиқе чун Лоиқе” гумоне намудааст, ки: “Ҳаёти эҷодии Лоиқро метавон ба ду давра тақсим кард: давраи аввал, даврае, ки Лоиқ шоир аст, то суханвар ва ин марҳиларо то чилсолагии ӯ таъриф кард; давраи дувум, даврае, ки Лоиқ суханвар аст, то шоир ва ин марҳила аз чиҳилсолагӣ то ба имрӯз идома дорад. Ин ҳолат аз ин сабаб ба миён омадааст, ки Лоиқ табиатан тасвиркор нест, аммо маънисози тавоност. Маънисозӣ суханвариро тақозо мекунад. Аз он шеърҳое, ки Лоиқ дар марҳилаи аввал навиштааст, бисёр хушам меояд, онҳо шоирона ва риндонаанд ва аз рангу бори косибӣ орӣ ҳастанд”. Чунин бардошти иштибоҳангези ӯ бори нахуст дар мақолае, ки бо номи “Замини барӯманди шеър” барои баҳс дар маҷаллаи “Садои Шарқ” (1976, №4) навишта буд, баён гардида буд.
Ба ин бардошти иштибоҳии Гулназар ва “хӯрдагириҳо ва айбҷӯиҳои бебунёди ҳампешагон ва мунаққидоне”, ки Лоиқро “ба пургӯӣ, ба лаффозӣ, ба суханбозӣ, такрори хеш ва дигарон бадном менамуданд”, камина, ки оғозгар ва анҷомгари баҳси “Шеър ва зиндагӣ” будам, дар мақолаи “Шеър бояд шеър бошад” (“Садои Шарқ”, 1976, №10) ва сарсухан ба куллиёти шоир (Хуҷанд, 2001) навиштаам, ҷавоб дода будам ва бо таассуф таъкид карда будам, ки “асари онро мо дар ягона рисолае, ки дар нақди шеъри шоир то имрӯз ба вуҷуд омадааст, “Лоиқе чун Лоиқе” (2000) ва ба қалами шоири номӣ Гулназар тааллуқ дорад, мебинем. Таассуфи мо аз он аст, ки дар ин рисола баробари мушоҳидаву мулоҳизаҳои бисёр ҷолиб ва бамаврид, таҳлилу танқидҳои воқеан мӯшикофона ҳамчунин як фикр бо исрор таъкид мешавад, ки мувофиқи он гӯиё Лоиқ «то чиҳилсолагиаш шоир будааст, то суханвар» ва аз солҳои 80-ум то поёни умраш «суханвар аст, то шоир» ва гӯиё «Лоиқ табиатан тасвиркор нест, аммо маънисози тавоност». Инсоф он аст, ки ин қазовати Гулназар аз рӯйи инсоф нест.
Иштибоҳи соҳиби китоби «Лоиқе чун Лоиқе», ки ман ба қудрати шоириаш ва шеършиносиаш ҳеч шакке надорам, яқинан аз он сар задааст, ки ҳангоми нақди шеъри устод Лоиқ аз як қазияи сохтаи ба «шоир» ва «суханвар» тақсим намудани қаламкашон ба кор гирифтааст. Ва ин идомаи ҳамон қазияи сохтаи ба «шеър» ва «назм» ҷудо кардани каломи манзум аз тарафи Маликушшуаро Баҳор ва дигарон мебошад. Далели муътамади сохта ва бофта будани қазияҳои боло таҷрибаи офаринишӣ ва гуфтаҳои нобиғагони шеъри форсии тоҷикӣ дар замина мебошад. Барои мисол, Ҳофизи бузургвор дар ҳеч мавриде миёни «назму шеър» ва «шоиру суханвар» фарқе нагузоштааст. Чунончи:
Идомаи матн барои обуначиён
Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.