Аз “Ёддоштҳо” то “Ёддоштҳо”
Баъзе ишораҳо ба “Ёддоштҳо”-и Саймумин Ятимов, қисми 1. – Душанбе: “Эко Принт”, 2024. - 672 cаҳ., қисми II. – Душанбе: “Эко Принт”, 2024. –704 cаҳ.
Шунав панду дониш ба он ёр кун
Агар дар мавриди “Ёддоштҳо”-и С. Ятимов, бахусус, муҳтавои қисми аввали китоб, ки хотироти айёми хонавода, тадриси мактаби аввалу сонӣ, кӯдакиву ҷавонии муаллиф аст, сухан оғоз кунем, бидуни иғроқ, борҳо месазад ашк аз дида хориҷ карду ханда бар лаб овард.
“Ёддоштҳо”-и устод Айниро айёми мактаби миёна хонда будам. Чун “Ёддоштҳо”-и С. Ятимовро хондан доштам, хостам санъати ёддоштнависии Айниро пеши хотир орам. Аммо бароям гарон шуд. Зеро аз миён 50 сол сипарӣ гаштааст. Лозим донистам, ки барои гирифтани ҷавоб ба андешаҳои суолии худ “Ёддоштҳо”-и Айниро аз нав хонам.
Аз китобхонаи шахсиам мунтахаби ҷилди яку дуи онро, ки нашриёти “Адиб” соли 1990 чоп кардааст, пайдо кардам. Онро таъҷил хондам. То кадом андоза С. Ятимов аз мактаби устод Айнӣ дар навишти ёддоштҳояш истифода кардааст, намедонам. Аммо дар ёддоштҳои тарафайн нуқтаҳои ҷудогонаеро пайдо кардам, ки ба ҳам якнавохтӣ доранд. Ин ҳамнавохтиҳо дар мавзуъҳои зер дар тамоюл ба айнияти якдигарианд:
Тасвири Хайбар ва Барфак. Ҳамнавоии Лутфулло Гӯпон ва Девлох. Раванди хатмашқкунӣ. Ҳодисаи ғӯзакашӣ ва чӯҷабарорӣ. Пофишории падари ҷонибҳо ҷиҳати исботи нуқтаи назари худ. Таъкиди падарони ҷонибҳо бо ифодаҳои ҳаммазмуни: “Хон! Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон! (Айнӣ); “То камтарин имкон дорӣ, хон, бачам (Қисми 1. –С. 85); ҷанги Махдуми Гав бо Рӯзӣ Бадбурут ва ҷанги Сафари “Каҷала” бо Девлох; сайри Ширбадан ва сайри Душанбе; истифодаи ҳазломези шеваи вайроншудаи русии Айнӣ ва шеваҳои вайроншудаи русии рӯзгори ориёниёни Ятимов; ҳолати каллапочафурӯшии Болои Ҳавз ва хӯрокхӯрии саримизии ҳайати мухолифин; портретофарии ҳар ду нависанда. Барои намуна ду тасвири чеҳраофарии ҷонибҳоро пешниҳод менамоем.
Тасвири устод Айнӣ дар чеҳраи Махдуми Дониш: “Ин одам қомати баланде дошт, баландии қоматаш ба дараҷае, ки ҷомаи банораси подшоҳии дар тан доштааш баробари зонуяш буд ва ҳол он ки ин гуна ҷома дар тани одамони одӣ ба замин мерасид. Аммо сари ин одам аз одат берун калон буд. Шояд бори он каллаи калон ба он гардани дароз, бо вуҷуди пурра будани он, вазнинӣ мекарда бошад, ки дар вақти роҳ рафтан гарданаш гоҳ ба ин тараф ва гоҳ ба он тараф хам мехӯрд ва гӯё гардан мехост, ки дар бардоштани он сар ва бозувони соҳибаш мадад кунад” (Қисми 2. – Саҳ. 230).
Тасвири С. Ятимов бар чеҳраи Девлох: “Ман дар умри худ ин гуна одами девсуратро надида будам. Каллаи пок тарошидаи ӯ кадуи калони сурхи дарозрӯяи барои намоишгоҳи кишоварзӣ парваридашударо мемонд. Чашмони суп-сурхаш ба андозаи ду пиёлаи хурд, абрувонаш ду дастаи қили монанди банди абрешимӣ тобдода буданд, гӯё дар ин каду бо ширеши махсус часпонидашуда бошанд. Бурутҳои ғафси чандин моҳ қайчинашудааш дар ду тарафи манаҳ овезон. Аз таги манаҳи ӯ дастаи пашми аз қафаси синааш ба берун ҷаста менамуд. Раги бари гарданаш ба найчаи ғафси резиние шабоҳат дошт, ки гӯё онро пуф карда, дар бадани ин ғӯл часпонида бошанд. Панҷаҳои дастонаш шохинеро ба ёд меовард, ки гӯё барои канда ва ҳамвор кардани замини санглох тайёр карда бошанд. Зонуҳои ин одами фавқулода аз бадани азимҷуссааш дар масофаи тақрибан якунимметрӣ фосила гирифта, ду сутуни дуқадро ба хотир меовард” (Қисми 2. – Саҳ. 90).
Фарқияти ҷиддии ёддоштҳои Саймумин Ятимов аз устод Айнӣ дар сохтани ҷумлаҳо ва гузоштани сарлавҳаҳост. Ҷумлаҳои устод Айнӣ бештар ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиба бо пайравҳои мутаносиб, аммо ҷумлаҳои Саймумин Ятимов, аслан, ҷумлаҳои сода ва гоҳо ҷумлаҳои мураккаб ҳастанд. Ҳамчунин, дар “Ёддоштҳо”-и ӯ рафти ҳодисаҳо дар матнҳои ҳаҷман хурд, таҳти сарлавҳаҳо пешниҳод шудаанд, ки ин ҳолат раванди хонишро осонтар менамояд.
“Ёдоштҳо”-и Саймумин Ятимов аз нуқтаи назари доираи мавзуъ фарогиранд. Масъалаи мубрами ҳаётие нест, ки муаллиф ба он дахл ва ҳаводиси зиндагиро бо тобишҳо таҳлил накарда бошад. Хосияти маҳзи “Ёддоштҳо”-и ӯро бо буди ин аломатҳо таъкид кардан бамаврид аст:
– ҳаммонанд бо устод Айнӣ мавриди корбурд қарор додани вожа ва ибораҳое, ки дар забони адабиёти бадеӣ маъмул нестанд. Чунончи: ҳирғай, хасар-хусур (хашар-хушур), тарғел (чизи вазнини тар афтода, ки қобилияти ҳаракати ваҳмангезро дорад), шушулка (сушилка – хушккунаки пахта); ворох (пахтатозакунак); парта, радиои панҷсӯма, ҳашари пахтакунҷӣ, портупея (тасмаи миёнбанди чармӣ), дарбеҳ (поргӣ), “асҳоби одил” (“особый отдел”), кавсанг, ноҷаи дар, ҳаёта, печка, чӯчик (чӯбча, резагӣ), ҳелча, талхакаф, одами меҳнатрӯзӣ, пасикаллагӣ, лош (-и палак ё чизе), кастинка (касынка), пенҷак (костюм), печ (гайка), лебёдка, болт, лингча, чапарак, ҷайбур (риши ҷайбур, тулт), алас (алас як навъ амали дуохонии муллоҳо), “хлеби горбушка”, тилдир (муаллиф навишта, ки ин вожа аз куҷо пайдо шудааст, намедонам), буча-буча (пора-пора), гармошка, тарғафа (нони дар чой ё об тар карда хафашуда), фанни гармония, укроп (шибит), пех (ченаки певоз), гарданбанд (галстук), шойеот;
– бо забони шеър таҳкиму ҷамъбаст намудани нуқтаи назар, ҳаводис ва афкори худу қаҳрамонони асар;
– ба мисли “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ зиёд ва бамавқеъ истифода бурдани зарбулмасал, мақол, фразиологизм ва ибораҳо ҷиҳати тақвияти афкори худ ва персонажҳои асар. Чунончи: “Авлоди ту худоиро тӯй мегӯяду тозиро қуй”, “Вақти шодӣ ба майдону вақти ҷанг ба каҳдон”, “Ман миру ту мир, хари моро кӣ об медиҳад”, “Изо ҳам қарз асту иззат ҳам”, “Ҳафттои худам ҳеч чиз неву оҳ яктои боғчонам”, “Аз гургак шарикиву аз рӯбаҳак тоқагӣ-ҳа?!!!”, “Дӯст дӯст, ҳисоб раҳи рост”, “Марди 60-сола ҳамонест, ки дар 6-солагӣ буд”, “Кор кун ғуломон барину бихӯр мирон барин”, “Ҳам музду ҳам миннатдорӣ”, “Гови хуб даркор нест, гов аз авлоди хуб даркор аст”, “Бикаш хирбичу бихӯр рубич”, “Ду бор кӯчидану як бор сӯхтан ба ҳам баробар”, “Нодон аз по мехӯраду доно аз сар”, “Дар зимистон шиками меҳмонро гушна монӣ ҳам, ҷойи хобашро гарм нигоҳ дор”, “Беҳтарин хотира дафтар аст”, “Хуб ҳамон касе механдад, ки охирон хандад”, “Қассоб бачаи худашро фиреб кардааст”, “Аввал бифурӯшу баъд бихар”, “Барои фурӯшанда як чашм бас аст, барои харидор сад чашм кам” ва ҳамин тариқ даҳҳои дигар.
Дар ёддоштҳои устод Айнӣ симои як падари одилу комил, серталабу соҳибназар таҷассум ёфтааст.
Падари Саймумин Ятимов ҳам дар ҳамин чеҳраи нодир ҳувайдост. Худи муаллиф ишора дорад, ки падарам дар истифодаи мақолу масал ва ҳикмати баён он қадр ҳунар дошт, ки ҳеҷ сухани худро бидуни он баён намекард.
Рӯзгори падарбузурги Саймумин Ятимов сарнавишти устод Айниро монад, ки барои харҷи иловагии мурдаи падараш аз амлокдор қарздор шудаву аз охирин афзори иҷтимоии худ – хонаву замини меросӣ маҳрум гаштааст. Худу бародаронаш дастёри як шахси давлатманд мешаванд ва исми зебои бо умед мондаи волидайнаш – Камолро Ҳалимбой бо калонигарии хӯҷаинона “Ятим” гуфта, муроҷиат мекардааст, ки оқибат он ба ном табдил ёфтааст.
Ин ҷо хондам, ки дар фарҳанги мардуми кӯҳистони Қафлондара “ятим” номи гулест, ки камёб аст ва ҷигари калфсангро шикофта, тани танҳо рӯяд.
Падари нависанда Абдусаттор чун устод Айнӣ дар синни 7-солагӣ ятим гаштааст. Се додару як хоҳари ноболиғ бори дӯшаш гаштанд. Бо ин ҳама, зери насиҳати падар аз ҷабри раиси колхоз гурехта, ба мактаб рафта, омӯзишгоҳи муаллимтайёркуниро хатм кардааст.
Дастурҳои падари муаллиф на танҳо панду насиҳатӣ, балки хосияти методологиву илмӣ доранд. Чунончи: “Агар хоҳӣ забонат бурро шавад, калимаҳо дар ёдат монад, ё мақсад дорӣ шеърро зуд аз ёд кунӣ, қадамзанон он матнро барои худат шунаво хон. Сипас, китобро пӯшида, мисраъҳои даркориатро аз ёд такрор кун”.
Ё: “Аввал мавзуи дарсатро хуб мутолиа намо. Пас аз он роҳ гашта, мавзуатро, гӯё дар назди минбар баромад мекарда бошӣ, бо овоз нақл кун. Дар ин маврид, матн ҳам тез аз ёд мешавад ва ҳам дигар фаромӯш намегардад”.
Ё ин ки: “…агар чизеро хоҳӣ, ки тез дар хотират монад, саросема нашуда, аввал дар дафтарат навис. Бо даст дар варақ навиштан баробари дар майна сабт кардан аст. Баъдан бо матни аслӣ муқоиса кун, ки хато набошад” (Қисми 1. – Саҳ. 151-152).
Падари Айнӣ ба ӯ фармуда буд, ки “агар тасмими мадраса – Бухоро дорӣ, ана он заминро кишт кун, ҳосили онро фурӯхта, харҷи сафару мактаб ба даст ор”.
Ятимов ҳикоя мекунад: “Зимистон оғилхонаҳоро мерӯфтем, дастҳоямон тар шуда, дар ҷорӯбу белу каланд ях карда, мечаспид. Падарам ин аҳволро медид, вале вонамуд мекард, ки надидааст” (Қисми 1. – Саҳ. 420).
Ин ду падар бераҳму золим нестанд. Шафқат ҷавҳари ҷонашон аст. Аммо медонанд, ки зиндагӣ раҳим нест. Медонистанд, ки онҳо кафолате надоранд, ки ҳамеша чатри сари рӯзгори хонадон ҳастанд. Бинобар ин, писаронро барои ин рӯзгори ҷаббор омода кардан доштанд.
Сарҷамъии тиллои пошхӯрдаи муҳити оилавӣ
Модари Саймумин – Зебуннисо дар 4-солагӣ аз падар ятим шудааст. Падари ӯ ба иллати носозгориҳои зулмафкани замон аз ноилоҷӣ фарзандонро гузошта, тарки диёр карда, ба Афғонистон кӯч бастааст.
Баъди ба балоғат расидан ва хонадор шудан, сарнавишти талхи ятимони кӯчак – бародарон ва хоҳари шавҳар ба дӯшаш афтодааст. Рӯзгори сағирапарварӣ дар рӯзҳои сахти қаҳтиву гушнагиву нодорӣ ба сараш омадааст. Ба ҳар ҳол, онҳоро бо ҳазор азоб асраву авра карда, ба зиндагии мустақилона гуселонидааст. Ва дар дил ба як умр нисбат ба онҳо эҳсоси фарзандӣ доштааст.
Бо гузашти замон, модар акнун ҳамроҳи “писари калон”-и кӯчаки хона шавҳарро кифт бардоштанд. Ба саҳро барои ҷамъ кардани коҳ мерафтанд. Навбати пода мегузарониданд. Аз Осмонтеппа ҳезум ҷамъ карда, меоварданд.
Модар табъи шоирӣ дошт. Шеърҳои содаву равони кӯтаҳ менавишт. Ӯ устоди аввалини хатту хониши писар шуд.
Кӯшиши дастрасӣ ба китоби “Алифбо”, аз болохона бо варақҳои кандаву пошхӯрдаву паҳну парешони пур аз чангу хок пайдо карда, бо меҳрубониҳои дилсӯзонаи модар бо риштаву ширеш аз нав банду баст кардани он, дар синни шашсолагӣ рустӣ рафта, дар синфхонаи як нишастан ва худи ҳамон рӯз аз ҷониби муаллиме, ки ҳамсабақ ва гӯё аз ошноҳои падараш буд, бешафқатона аз синф пеш кардани ӯ ва баъдан бо кумаки модари ғамхораш, бо ҳазор шавқу завқ ёд гирифтани хондану навиштан як таърихчаи ибратомӯз барои тамоми падару модар ва мактаббачаҳои имрӯз аст.
Ба фикри мо, меарзад ин ҳикоя ҳарчи зудтар ҳамчун як брошюраи саридастии боғчаҳои бачагонаи имрӯза ба чоп расад ва мавриди истифода қарор бигирад. Он аз нақши бузурги модар ҳикоят мекунад, ки чӣ тавр ба садои дили фарзанди ҷигарбанди табиатан китобдӯсташ ҳамовоз шуда, устоди аввалини хату саводи ӯ мегардад.
“Баъзан дар мактабу донишгоҳу кор иттифоқ меафтод, касоне лутф карда, ба ҳусни хати ман, мисле ки баҳои мусбат медоданд. Ман бо ифтихор иқрор мегаштам, ки ин ҳусни хати нахустустоди ман – модари ман, нишона ва ёдгорӣ аз ӯст”, – навиштааст муаллиф ва бо ифтихор ёддошт кардааст: “…ҳоло дар китобхонаи шахсии ман аз замони кӯдакиву наврасӣ ба сифати ёдгорӣ аз модари ҷигарбандам гаҳвораи ман, номаҳои модарам…, китоби Алифбои ман ва дар болои он акси … модарам мондаанд” (Қисми 1. – Саҳ. 155 -156).
Ин тасвирҳо ба симои модари устод Айнӣ ҳамнавоӣ доранд.
Дар омади сухан, ногуфта намонад. Аҷаб, ки ба мисли Тӯта-пошшои Садриддин Айнӣ дар деҳаи Ориён ҳам як кампири кари донои афсонагӯ бо номи Музайян будааст, ки аз нақлҳои ҷолиби ӯ дар “Ёддоштҳо”-и Саймумин Ятимов ҳикояву ривоятҳои аҷибу ғариб оварда шудаанд.
Ростӣ, чун “ғарқ”-и “Ёддоштҳо” шудам, аввал гумон кардам, ки шояд пиразане бо номи Музайян як образи маҳсули тахайюли бадеии нависанда бошад, ки ӯ барои осонии банду басти хотирот ин персонажро фикр карда баровардааст. Чун ман давраи ҷавонии худро солҳо дар кори адвокатӣ сарф кардаам, ба ёд овардам, ки наздик ба понздаҳ сол қабл, замоне маҳз аз ҳамин деҳа ба як ҷавонмарди миёнсол хидмати “сафедкунандагӣ”-и муваффақ расонида будам. Ӯро ба ёд овардам. Аз бойгонии шахсиам “парванда”-ашро пайдо кардам. Занг задам. Дар бораи воқеият доштани кампири афсонагӯ – Музайян дар деҳаи Ориён пурсон шудам. Ҳамсуҳбати ман бидуни мушкилӣ ёдовар шуд:
– Кампири Музайян, зани бобои усто Абдурауф буд. Қариб 90 сол умр дид.
Барои чӣ ӯ ин рақамро аниқ медонад? Чунки гӯри пиразан дар даромадгоҳи оромгоҳи Шӯртеппаи деҳаи Ориён аст. Агар дарвозаи манзили хомӯшонро кушодӣ, хоҳу нохоҳ санги мазори ин кампир, ки як порча бетони шикастаи сарироҳӣ оварда, он ҷо гузошта, аз даст бо ранги одии замони Шуравӣ соли таваллуду вафоти он маҷлисорои фавқулодаи ҳашаракии пахтакунҷии шабҳои дарози зимистони Ориёни давраҳои бебарқиву бетелевизиониву берадиоӣ навишта шудааст, беихтиёр ба чашм мерасад.
Кампир ду фарзанд дошт. Яке бо номи Зайнура, ки ӯ ҳам кар аст, ҳоло дар қайди ҳаёт мебошад.
Шиноси ман илова кард, агар вақт бошаду ман нақл кунам, афсонаҳои ин кампир як ҷилди калони китоби қиссаҳои аҷоибу ғароиби ҳеҷ гоҳ нашунидаро мемонанд. Ва мухлиси ғайриихтиёрии банда, тааҷҷуби худро ҳам пинҳон карда натавонист… Модоме, ки кампир қобилияти шунавоӣ надоштааст, аз куҷо ин қадар афсонадону афсонагӯ мешудааст? Ҳамсуҳбат, мисли дигар ҳамқишлоқиёни зираку кунҷковаш, тахмин мекард, ки шояд ҳамаи ин маҳсули тахайюлу бофтаи худи ин пиразани донои мармузи як умр “танҳо бо худ” ва “ғарқа дар хаёли худ”, дорои истеъдоди фавқулода, як навъ муъҷизаи табиат мисли кампири машҳури нобино – Ванга будааст.
Аз нақлҳои Саймумин Ятимов дар “Ёддоштҳо” аз номи кампири Музайян, беш аз ҳама, “Тиллои пошхӯрда” ҷолибу хотирмон омадааст. Ин далел бори дигар нишонгари он аст, ки нависанда чӣ қадар эҳтиёткор будааст. На танҳо воқеаҳои даврони балоғат, балки замони бачагии худро ҳам бо ҳақиқатнигорӣ рӯйи коғаз овардааст. Гарчанде масъулияти воқеънигорӣ дар хулосаи “Ёддоштҳо” ҳам бо қотеият таъкид гардидааст.
Бисёрҳо шунидаву хондаем, ки сарнавишти як миллат ба маърифати зан – модар сахт пойбанд аст. Басо бузургони ҷаҳон фатҳи қуллаи маърифатро маҳз аз домани фазли модар насиб кардаанд.
Модари Саймумин Ятимов ҳам, чун модари Айнӣ, ҳамин гуна зан – модар аст. Адиб навиштааст: “Модарам қаламро гирифта, дар се ангушти ман монда, тарз ва самти ҳаракати ангуштонро нишон дода, фармуд, то машқ кунам” (Қисми 1. – Саҳ. 142). Ҳамин нақши модар аст, ки идома додааст муаллиф: “Як чӯбчаро тарзе модарам гуфта буд, дар се ангушти дасти ростам гирифтам ва тамоми рӯз ҳам молчаронӣ кардам ва ҳам машқ” (Ҳамон ҷо. – Саҳ. 143). Ва инчунин муҳаббатпарварист, ки ба ифодаи соҳибкитоб, дар се моҳ хондану навиштани Алифборо ёд гирифтааст.
Дар “Ёддоштҳо”-и Саймумин Ятимов, чуноне дар боло зикр шуд, мавзуъҳои вобаста ба вақт, маҷрои худро доранд. Акнун ҷаҳони ду муаллифи ёддошт ба самтҳои хоси вобаста ба вақт ва замон равона шудааст, ки қисмати ба қалами Саймумин Ятимов дахлдор дар гуфтори зер баён мешавад.
Низоми ойилавии хонадони нависанда пандафзост. “Аҳли хонаводаи мо, шуруъ аз кӯдаке, ки акнун хубро аз бад фарқ мекард ва дар болои ду по истода метавонист, то сарвари хонадон ҳама бояд кор мекард”, – навиштааст муаллиф (Ҳамон ҷо. – Саҳ. 124).
Дар ойила ҳама бо ҳамдигар меҳрубон, вале ҳама аз ҳама серталаб аст. Бемасъулиятии касеро касе таҳаммул надорад. Аз ин ҷо, дар айёми камолот адиб ба ин хулоса расидааст, ки “ҳар ойила мисли як давлати хурдакак аст”. Дарк ва эҳтироми ин манзалат калиди дари мақсуд аст.
Идомаи матн барои обуначиён
Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.