Ду ҳикоя барои хурдсолон
Дунёи орзуҳои кӯдакона, сеҳри китоб ва роҳ ба қуллаи муваффақият
Оҳанги кӯҳсорон
Ин саҳар хоби ширини деҳаро на садои хурӯси бибии Нигор, балки ғурриши гӯшхароши трактори Ғаффор, ки барои шудгор ба замини Лаби Ғор мерафт, халалдор кард. Деҳа дар баландӣ, дар камари кӯҳ, доман паҳн карда буду хонаи онҳо аз ҳама боло, дар танаи шахи часпида буд, ҳатто девори пушти хона харсанги кӯҳ буд. Парвиз аз ин баландӣ ҳама садоҳои поёнро мешунид: ғуриши мошинҳову шилдирроси дарёро, ҳуштаки шамолу чир-чири чирчиракҳоро, хониши парандаҳоро, хишир-хишири санги осиёбро, тук-тук ба дарахт нӯл задани эзорсурхакро, шир-шири ширдӯшии модарашро, шарфаи оби чашмасоронро, гулдурроси тундаррову чак-чаки резиши боронро…
Ҳамаи ин садоҳо бо ҳам ҷӯр мешуданду як симфонияи табиӣ, оҳанги ширину диловезе мегаштанд дар гӯши ӯ ва аз он фараҳ мебурд. Он чиро, ки ӯ мешунид, касе аз ҳамсолонаш намешунид…
Хонаи онҳо дар саргаҳи деҳа буду хиргоҳи мактаби мусиқӣ дар поёни деҳа, лаби дарё, ҷойи хушманзару зебо. Тобистон бачаҳо аз пойтахт барои истироҳат ба хиргоҳ омаданд. Садои мусиқӣ дар кӯҳу камар танинандоз гардид. Шабҳои гарми тобистон Парвиз болои кати ҳавлӣ хоб мерафт. Садои фораму дилнишини пианино аз хиргоҳ дар оромии шаб то ба гӯши ӯ расид ва ӯ мутаваҷҷеҳ шуд ба оҳанги марғуби он. Навои он дар дилаш як эҳсоси гуворое бедор кард. Дар хаёлаш оҳанги пианиноро бо шӯру туғёни дарё, чир-чири чирчиракҳову хишир-хишири санги осиёб, шир-шири ширдӯшии модарашу тук-туки эзорсурхак ба ҳам омехт ва дилаш аз суруру фараҳ лабрез гашт. Ангуштонаш беихтиёр ба ҷунбиш даромаданд. Оҳанге хира-хира аз умқи дилаш баромаду ба фазо танин андохт…
Идомаи матн барои обуначиён
Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.