Алмос
Гург ҳам меҳрубонии инсонро фаромӯш намекунад.
– Ҳой, мардум! Ба деҳа гург омадааст, гург! Ҳушёр бошед! Ба кӯча набароед! – воҳимаву овоза кард Ҳабиби косатарош.
– Ин қадар воҳима накун, мардумро натарсон! – гӯён косатарошро ором кард калони маҳалла…
Кӯҳистон. Манзараи хеле дилпазир. Аз тамошои ин манзараи нотакрор чашм сер намешавад. Аз дили кӯҳ дарёчаи шӯхоб аз санг ба санг зада ҷорӣ мешуд. Гулу буттаҳои сабзу норинҷӣ ва арчаву бурсҳои сершоху сабзранг ба шукӯҳи кӯҳҳои барфпӯш зебоӣ зам менамуданд. Дар осмон парандаҳо сайр мекарданд. Чӯпон дар теппае мол мечаронд. Ӯ сарашро ҷунбонда, бузу гӯсфандҳояшро бо нигоҳаш ҳисоб мекард. Баъди нисфирӯзӣ хастагиашро эҳсос карда, ба санге такя карду дақиқае пинак рафт ва якбора аз аккоси сагҳо бедор шуда, дар ҷояш шах шуд. Сагҳо гургеро миёнагир карда буданд. Гург дар миёни сагҳои азимҷуссаи ташнаи хун дар изтироб буд. Ба ин сӯ – ба он сӯ давутоз карда, аз ҳалқаи онҳо раҳо шудан мехост, вале илоҷе намеёфт. Аз мубориза бурдан шояд хаста шуда бошад, ба замин нишасту бо чашмони хаставу уммедвор, вале пурғурур ба сӯйи сагҳо нигоҳ кард. Шояд бо нигоҳаш озодӣ дархост мекард, ё дар фикри бачаҳояш буд, ки пӯзи борику дарозашро ба боло бардошт ва бо тамоми овоз уллос кашида, дур шудани сагҳоро хост. Сагҳо бозистоданд, гург бархосту ба баландии ҷониби дарёча баромад. Сагҳои бағазабомада аз паси модагург медавиданд. Гург бехабар аз он ки дар он тарафи баландӣ ҷар аст, давида ба зер афтид ва нолиши ҷонгудозе кашиду мурд. Чӯпон ба худ омада, фарёд зад:
Овозашро шунида, сагҳо наздаш омаданд. Чӯпон гӯсфандҳоро ба тарафи хайма ронд. Шаб хобаш набурд, дилашро ваҳм зер кард: “Ягон гӯсфандро гург хӯрда бошад ё не, чаро нашумурдам?” – мегуфт худ ба худ. Поси шаб чароғак фурӯзон карду рамаро аз назар гузаронда, хотирашро ҷамъ карду ба гулхани оташаш фурӯ нишаста як-ду ҳезум партофту хуфт.
Идомаи матн барои обуначиён
Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.