Чоршанбе, 18 ноябри 2026
Садои Шарқ
Нашрияи миллии адабии Тоҷикистон
Адабиёти кӯдакон

Ҳушвора ва адабиёти кӯдак

Дар мисоли осори устод Мирсаид Миршакар

Ҳушвора ва адабиёти кӯдак

Азбаски имрӯз насли наврас аз китоб дида бештар ба телефону планшету компютер майл дорад, аз омӯзиши эҷодиёти шоирону нависандагони ватанӣ дар канор мемонад. Албатта, ин раванд ба тарбияи оилавӣ ва таъсироти иҷтимоӣ низ вобаста аст, вале, дар маҷмуъ, наврасон ба аниматсияҳои русиву англисӣ иштиёқи бештар доранд. Пеши роҳи ин равандро гирифтан мушкил аст, вале онро метавон ба нафъи фарҳанги миллӣ истифода бурд. Яке аз сабабҳои ин падида дар фазои интернетӣ кам будани чунин мавод ба забони тоҷикӣ мебошад. Аз ин рӯ, кӯдакон ба аниматсияҳои бегона рӯ меоранд. Ва бо ҳамин аз фарҳанги худ дуру ба фарҳангҳои дигар қарин мешаванд ва ҳатто ин фарҳангҳо барояшон азизтару худитар мегарданд. Аз ин рӯ, барои рушди аниматсияи тоҷик бо истифода аз барномаҳои махсуси зеҳни сунъӣ (ҳушвора) ба тасвир кашидани осори бачагонаи адибони тоҷик, аз ҷумла устод Мирсаид Миршакар, яке аз тадбирҳои муҳиммест, ки бояд дар наздиктарин замон сурат гирад.

Устод Мирсаид Миршакар соли 1912 дар деҳаи Синдеви Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Назар ба қавли худи ӯ, манбаи ягонаи маънавиаш дар зодгоҳ ҳикояву афсонаҳои модаркалони 120-солааш будаанд. Биноан, чизеро, ки дар хурдӣ аз модаркалон ва дигар қиссагӯён мешунид, дар ёд мегирифт. Баъдан онро тобишҳои маъноии гуногун бахшида, дар асарҳои худ ҷой додаст. Аз ин рӯ, гуфта метавонем, ки ашъори бачагонаи Мирсаид Миршакар аз фолклор маншаъ гирифта, барои сохтани аниматсияи фолклорӣ ва кӯдакона бисёр мувофиқ мебошад.

Аниматсияи фолклорӣ, ки тавассути барномаҳои зеҳни сунъӣ сохта мешавад, унсурҳои устура, ривоят, афсона ва анъанаҳои халқро дар бар гирифта, дар тарбияи кӯдаки муосир нақши калидӣ дошта метавонад. Насли наврас, чунонки гуфта шуд, ҳамқадами замон аст ва фолклори миллати худро аз ҳар касе бештар дар шакли аниматсия тамошо кардан мехоҳад. Бештари падару модарон низ имрӯз ҷонибдори чунин тарзи тарбияи фарзанд мебошанд. Устод Мирсаид Миршакар на танҳо яке аз беҳтарин муаллифони адабиёти кӯдаки асри 20, балки гӯяндаи моҳири онҳо буда, пайваста бо ин қишри ҷомеа тамоси ҳузурӣ доштааст. Устод аз ҳар як жанри фолклорӣ ба таври сода, оммафаҳм, мувофиқи завқу фаҳмиши кӯдакон ба таври фаровон истифода бурдааст. Барои он ки ин хазинаи заррини сухан ба гӯшаи фаромушӣ наравад, вазифаи мост, ки онро дар барномаҳои зеҳни сунъӣ ба сурати аниматсия ҷой дода, пешниҳоди насли айёми таҳаввулоти технологияи рақамӣ намоем.

Эҷодиёти устод Мирсаид Миршакар барои ин кор маводи фаровон медиҳад. Аз рӯйи навиштаҳои вай филмҳои кӯтоҳ ва силсилафилмҳое, ки ҳикояҳои фолклориро нақл мекунанд, сохтан мумкин аст. Фановарии муосир имкон медиҳад, барои офаридани ҷилваҳои назарии кӯҳҳо, рӯдҳо, либосҳои миллӣ ва ғайра аз он истифода шавад. Барои таҳияи аниматсия тавассути зеҳни сунъӣ даҳҳо барномаи касбиву одӣ ба кор бурда мешаванд. Аз ҷумла, бо истифодаи барномаҳои содатаре чун Toontastic 3D (қаҳрамонҳоро ба ҳаракат меорад ва овоз медиҳад), Scratch (блокҳо аниматсия ва қисса месозанд), FlipaClip (расмкашӣ ва аниматсиясозӣ), Pencil2D (аниматсияи расмдор), OpenToonz, Adobe Animate, Adobe Animate и Toon Boom Harmony, барномаҳои мураккабтаре аз қабили Blender, Adobe premiere pro, Adobe After Effects, Adobe Character Animator, Penacle Studio 15, Penacle Studio 21 4k video метавон қаҳрамонҳои афсонаву ҳикоётро эҷод кард. Барои эҷоди аниматсияи 2D беҳтар аст аз барномаҳои TupiTube (махсус барои аниматсияи кӯдаконаи 2D), Pencil2D ва Krita, барои эҷоди шакли телефонии аниматсия метавон барномаи RoughAnimator ва FlipaClip-ро истифода бурд.

🔒

Идомаи матн барои обуначиён

Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.

Агар рамзи дастрасӣ доред, онро дар ҳуҷраи шахсӣ ворид кунед.

Боз аз рубрикаи «Адабиёти кӯдакон»

Ҳамаи мавод →
Алмос Обуна
Адабиёти кӯдакон · Ҳикоя

Алмос

Гург ҳам меҳрубонии инсонро фаромӯш намекунад.

Дилрабо Фарҳодзода · 20 июли 2026