Публитсистика · Шумораи 9 2026
Инсонпарварӣ ва Истиқлоли сиёсӣ
Мушоҳида аз инсонпарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити Истиқлоли сиёсӣ
“Дасти риоят зи раият мадор,
Кори раият бар риоят супор.
Марҳамате кун, ки ҷигархастаам,
Дар караму лутфи ту дилбастаам.
Ҳукамо гуфтаанд, яке аз осори шафқати султон он аст, ки чунон раиятро дӯст дорад, ки падар фарзандро ва ҳар чи бар худ написандад, бар эшон написандад. То эшон низ молу ҷони худро аз вай дареғ надонанд ва ҳар чӣ доранд, фидои вай кунад ва ҳама ҳиммати худро ба дарозии умру зиёдатии давлати ӯ гуморанд ва чандон чи ӯро раҳму шафқат бар халқ бештар бошад…”.
Ин иқтибос, ки аз хазинаи бекаронаи маърифати ориёнӣ – тоҷикӣ овардем, дар маҷмуъ яке аз ишораҳои чашмрас дар боби инсонпарварии Сарвари давлат мебошад.
Дар таърихи давлатдории ориёнӣ – тоҷикӣ чандин лаҳзаҳои дардноку тақдирсоз ҳастанд, ки ба сабаби аз даст додани эҳтиром, муҳаббат, бузургдошти роҳбари давлат аз ҷониби раият давлатҳо ва ҳатто империяҳо шикаст хӯрдаанд. Нишони равшани ин падидаро дар тақдири империяи Сомониён ҳам мушоҳида кардан имкон дорад (дар садри ҳукумат нуфуз кардани кӯчманчиён, паст шудани иззату эътибори раияти асосӣ, яъне ориёнӣ- тоҷикон дар баробари дигар омилҳо яке аз сабабҳои шикасти Сомониён буд…).
Хушбахтона, дар фаъолияти муосири мақомоти олии Тоҷикистон, хусусан дар фаъолияти Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо аз рӯзҳои нахустини роҳбариашон пайванди гарму самимиро бо раият мушоҳида мекунем.
Дар ин масъала аввалин нуктае, ки бояд ба ёд овард, нуктае, ки ҳаргиз бояд фаромӯш нашавад, пешвози муҳоҷирони гуреза, хусусан аз Афғонистон аст. Ин лаҳзаҳои таърихӣ, ки дар наворҳои ҳуҷҷатӣ маҳфузанд, дар баробари сахт ҷонкоҳ буданашон падидаи бисёр равшани пайванди самимиии Роҳбари давлат бо раъият аст.
Ин ҷараёни ягонагӣ, ҳамдилӣ, ҳамқадамӣ, ҳамнафасӣ бо раият дар ҳошияи суханрониҳои Ҷаноби Олӣ (хусусан дар лаҳзаҳои суханрониашон, вақте аз матни маъруза берун мешаванд, изҳори ақида мекунанд), дар суҳбатҳо ё дар ҷараёни чорабинии сиёсӣ ё дар ҳошияи ин чорабиниҳо бо мардум сурат мегирад, равшантар мешавад.
Аслан дар ин раванд бояд фаромӯш накард, ки Ҷаноби Олӣ дар тули фаолияти роҳбариашон расмҳои наве бунёду эҷод кардаанд, ки дар фаъолияти роҳбарони собиқ мушоҳида намешавад. Албатта, дар навбати аввал:
– расму ойини бо ятимону барҷомондагон мулоқоти алоҳида намудан;
– бо аҳли соҳибкорӣ муносибати махсусан бунёдкорона устувор кардан;
– собитқадамона тадбирҳо ҷорӣ кардан ба мақсади баланд бардоштани иззату эътибор, мартабаву мақоми занҳо ва ҷавонон дар ҷомеа;
– ғамхории пайваста ба мактабу маориф.
Дар ин ҷараён диққати махсус ба мактабҳои таҳсилоти умумиро қайд кардан ҳатмист…
Дар ин маврид аз он чи ки шахсан муаллиф шоҳид шудааст, ҳамин нуктаро бояд арз кунам:
Солҳое, ки вазъияти сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон чандон ором набуд, дар ҳайати фаъолони зиёӣ дар сарҳади шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон ва Деҳнави Узбекистон дар ифтитоҳи як мактаби миёна ширкат кардем. Пеш аз маҷлис гузарондан, бо ҳайати расмӣ ин мактаби тозабунёдро тамошо кардем. Тасодуф ин гуна ба вуқуъ омад, ки вақте ба як синф медаромадем, ман дар паҳлуи Ҷаноби Олӣ мерафтам. Аз шукӯҳу шаҳомати мактаби тозабунёд, ҷиҳозу ороиши он ва хушҳолии муаллимону талабагон табиист, ки дили ман ба ваҷд меомад ва аз дил гузарондам, ки кош ҳамсоли ин кӯдакон бошам ва дар чунин мактаб таҳсил кунам. Ҳамин лаҳза Ҷаноби Олӣ ба ман муроҷиат карда, бо садои паст гуфтанд: “Кошки мисли бачаҳо мебудам ва дар ин ҷо таҳсил мекардам!” Дар ҳамин лаҳза мехоҳам қайд кунам, ки аз мушоҳидаҳои ман, ки солҳои зиёд дар чунин чорабиниҳо ширкат кардаам, ҷанбаи расмии чунин мулоқотҳо сол аз сол камтар мегардад ва ҷанбаи самимӣ шудан ва одиву урфӣ шудани ин мулоқотҳо равшану сареҳ мушоҳида мешавад. Мисоли тозатарину сареҳтарин суҳбатҳои Ҷаноби Олӣ бо мардуми Бадахшон дар сафари рӯзи 25-уми июли соли 2025 аст. Дар ин сафар мушоҳида мешуд, ки ба истилоҳи классикон Роҳбари давлат ба дидорбинии шаҳрвандон, ки гӯё хешутабор бошанд, омадааст.
Дар ин суҳбатҳо, ки гӯё дар сурати ғайрирасмӣ бо коргарон, кишоварзон, занон, ҷавонон сурат мегирад, пайванди ягонагии сиёсат – Ваҳдати миллӣ эҳсос мешавад. Аслан дар ин маврид ин нуктаро бояд дар назар дошта бошем, ки Тоҷикистон деҳа ба деҳа, шаҳр ба шаҳр, вилоят ба вилоят зебоиҳои хоси худро дорад. Чи Исфара бошад, чи Рушон, чи Фархор, чи Қабодиён, чи Ҳисор. Яке аз чунин зебоиҳо забони урфии мардуми Бадахшон аст, аз ин забони кӯҳистониҳо на фақат мо ба ваҷд меоем, балки сайёҳону муҳаққиқони асрҳои XVII, XVIII, XIX, XX, ҳамчунин изҳори хушнудӣ кардаанд. Онҳо дар баробари роскориву ростқавлӣ, инсондӯстӣ, самимияти кӯҳистониён забони ширину рангини онҳоро васф кардаанд
Дар суҳбатҳое, ки Ҷаноби Олӣ бо мардуми ин минтақа доштанд, чӣ қадар хушҳолӣ, самимият, ҳусни тафоҳум мушоҳида мешавад.
Як расму одати дигаре, ки аз Пешвои муҳтарами мо ба вуҷуд омадааст, ин аст, ки дар назди мардум аз он лаҳзаҳои саргузашти хеш, хотираҳояш аз падар, модар, бародар суҳбат мекунад, ки маъмулан барои аҳли сиёсат одат нест. Танҳо ҳамин Президенти Ватани мост, ки бо халқ ҳамчун бо хешу табори худ, ҳатто бо маҳрами рози худ суҳбат мекунад.
Албатта, мо аз корнамоиҳои Роҳбари давлати худ дар арсаи ҷаҳонӣ ифтихор мекунем, дар баробари ин дар назари мо корнамоии арзишманд, тадбири шоистаи эҳтироми муҳаббати Пешвои мо ин аст, ки пайванду муносибаташ рӯз аз рӯз бо мардум наздиктару қавитар мешавад.
Дар ҳамин маврид аз таъбири сифати зиндагии халқ ёд овардан зарур аст, ки ин таъбирро Пешвои миллат дар Паёмҳои солҳои охир истифода мебаранд.
Бори нахустин арз карда буданд, ки мушкилоте, ки ҷанги шаҳрвандӣ барои давлат, Роҳбари давлат, шаҳрвандони кишвар аз мушкилоти бисёр вазнини таърихи тоҷикон аст. Дар ҳоли ҳозир, он чи ки арз карданӣ ҳастем, ин аст, ки вақте бори нахустин Президенти Тоҷикистон дар бораи беҳтар кардани сифати зиндагӣ суҳбат карданд, дар ин суҳбат дар баробари нафаси тоза эҳсоси дардмандӣ ҳам мушоҳида мешуд, яъне мутаассифона давлат ва роҳбари он ҳудуди беш аз 15 сол масруфи тармиму ислоҳи шикастҳои ҷанги шаҳрвандӣ буданд. Аз соате, ки дар сатҳи Паём аз сифати зиндагӣ барномарезӣ кардаанд, мебинем, ки сол ба сол рӯзгори мардум рӯ ба беҳӣ меорад.
Албатта, омори дақиқи ин пешрафт вуҷуд дорад, аммо ба забони мардумӣ мешавад арз кунем, ки имрӯз дар Тоҷикистон хонае нест, ки як ё якчанд мошин надошта бошад. Дар шаҳри Душанбе шумораи меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо рӯз аз рӯз зиёд мешавад (чанд соли охир мардум одат кардаанд, ки сайругашти дурударози шабона дошта бошанд, баъзе корҳоро ҳам шабона анҷом диҳанд, ки дар ин падида, албатта, тағйири иқлим ҳам ҳаст).
Наслҳое, ки аз панҷоҳу чилсола ҷавонтар ҳастанд, агар ба таъкиду так-рор ҳам бигӯйӣ, бовар намекунанд, ки роҳи Бадахшон панҷ моҳ баста буд. Як мисол аз рӯзгори худам меорам, ки тобути падари дӯсти бадахшониамро як ҳафта фурудгоҳ бурдему овардем. Роҳи мошин табиист, ки маҳкам буд, роҳи ҳаво ҳам пурабру борон. Баъд аз як ҳафта ба чи машаққатҳое раҳматиро ба манзили охираташ расондем…
Роҳи шимол ҳам тақрибан се-чор моҳ баста мешуд. Вақти кушода буданаш ҳам ағбаи Анзобро гузаштан осон набуд. Равонашон шод бод гузаш- тагонеро, ки дар ин роҳ дар садамаҳо гузаштаанд, ба монанди Муқаддас Набиева…
Имрӯз вақте “Баромад аз бунбасти коммуникатсионӣ” мегӯем, ҳар кӣ ин мушкилотро дар ёд дорад, садҳо аҳсан ба кушояндаи ин роҳҳо аз Суғду Чаноқ, Самарқанду Тошканд, то Шуғнону Қулмаву Чин мегӯяд. Тамоми сол, дувоздаҳ моҳи равон инсонҳо бо орзуҳо, нақшаҳо дар чор сӯйи Тоҷикистон дар ҳаракат ҳастанд. Зиндагӣ ҷӯш мезанад. Ман ки бори нахустин ба Бадахшон аз идораҳои сарҳадӣ “виза” гирифта рафта будам, имрӯз Бадахшон, ки меоям, як ҷамъият, як сарзаминеро мебинам, ки аз соли 1974 сурату маънияшро комилан дигар кардааст.
Асри Истиқлоли сиёсии Тоҷикистон, асри роҳнамоиҳо, ҳидоятҳо, ҷонфарсоиҳои фарзанди фидоии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, асри амнияти ватании мо, пурнур гаштани он, ба чор сӯйи ҷаҳон кушодани дару дарвозаҳои ватан, дар ақсои ҷаҳон баланд шудани садои аҳсану офарин ба Тоҷикистон, аҳсану офарин ба Пешвои тоҷикон аст.
Барои мо хусусан боиси ифтихор аст, ки ҳамтаборони мо, яъне Ориёниёне, ки (форсҳо, тоҷикони Афғонистон, курдҳо ва дигар ақвоми эронӣ) бо садои дилпурона барои тамоми ҷаҳон мегӯянд, ки “Тоҷикистон вориси ҳақиқии тамаддуни Ориёни Бостон аст, Пешвои Тоҷикистон Пешвои ориёниёни ҷаҳон аст”. Ин матлабҳо, хусусан дар матбуоти даврии Тоҷикистону Эрону эрониёни хориҷӣ ҳастанд. Хусусан, дар ҷашнҳои ҷаҳонии Наврӯз нашр шудаанд, ҳар гоҳе мо онҳоро бозхонӣ мекунем, дили мо аз ифтихор саршор мешавад, сари мо баланд мешавад.
Матлаби мо, ки мавзуи инсонпарварӣ ва истиқлол аст, нуктаи муҳимтарин аз назари муаллифи ин сатрҳо ҳамнафасӣ, ҳамқадамӣ, ҳусни тафоҳум, эҳсоси иззату эҳтироми Пешвои миллат ва миллат аст. Мо бо дили пур гуфта метавонем, ки дар таърихи пурифтихори тамаддуни ориён пешвоёне будаанд, ки барҳақ аз онҳо ифтихор мекунем, аз он ҷумла Яъқуби Лайс ва Исмоили Сомонӣ, ки шахсияти миллат иззату эътибори онро дар ҷаҳон, дар таърих ҳифз кардаанд ва баланд бардоштаанд бо вуҷуди ин шахсияти сиёсиву маънавии Пешвои тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ҳамоно барҷаста ва бе шакку шубҳа аст. Хусусан, аз он нуқтаи назар, ки номи Тоҷикистонро барои ҷаҳон ҳамчун як давлати ташаббускор таъйин кард, мустаҳкам кард, дар Тоҷикистон ваҳдате эъҷод кард, хусусан Ваҳдати воқеӣ байни шимолиён, кӯҳистониён, тамоми манотиқи Тоҷикистон, ки ин Ваҳдат натанҳо ба баракати бунёд кардани Анзобу Шаҳристону роҳҳои Қулмаву Чин, минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳастанд, балки ваҳдати воқеии тафаккур ва маънавиёти минтақаҳои Тоҷикистон аст.
Пайванди сиёсати инсонпарварӣ ва истиқлоли сиёсӣ дар фаъолияти Пешвои арҷманди мо ба як шакли табиӣ сурат мегирад. Муҳимтарин нуктаи ин фаъолият, ин падидаи иззатманд ин аст, ки дар байни мақомоти олии кишвар, роҳбари ин мақомот ва шаҳрвандон (ба истилоҳи классикони мо “раият”) фосилае вуҷуд надорад. Фосилае, ки вуҷуд дошт, дар пеши чашми мо рӯз ба рӯз камтар мешавад.
Пешвои миллат сареҳу равшан медонад, ки барои кадом қишри ҷомеа кадом тадбир зарур аст. Намунаи равшани ин огоҳӣ, ҳамин Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Дар рӯзгори муосири мо, ки ҷавонон ҳар чи бештар аз адабиёту китоб фосила гирифта, ба адабиёти электронӣ омӯхтагӣ пайдо мекунанд, ин озмун ба як шакли бисёр васеъ тавонист табақаҳои гуногуни ҷомеаро ба омӯхтан, донистан, амонат доштани ганҷинаи классикии мо ҳидоят кунад. Тамоми мардуми Тоҷикистон, тоҷикони бурунмарзӣ аз суханронӣ, ҷаҳду талош, муваффақиятҳои ширкаткунандагони ин озмун фараҳманду хушҳол ҳастанд. Ба назари ман, агар гӯем, ки ин озмун яке аз дастовардҳои бузургтарини истиқлоли сиёсӣ ҳаст, ба гумонам ҳақиқатро мегӯем.
Яке аз дастовардҳои Истиқлол бунёди маҷмааи Истиқлол дар маркази шаҳр дар ҳудуди 30 гектар, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлол буд, бо ороиши беназири чаману гулзору дарахтҳои ороишӣ маҷмааи боҳашамат мебошад, ки барои ман боиси ифтихор ҳам ҳаст, ки ифтитоҳи ин маҷмаа бо суруди ман оғоз шудааст. Дар ин суруд шукӯҳу шавкати сарварии Пешвои миллат, тараннуми инсонпарварии ӯ, орзуи ҷовидонагии Истиқлолияти сиёсати Тоҷикистон тараннум шудааст:
Аз азал ҳам сарварӣ, ҳам сафдарӣ,
Нӯш бодат шаҳди инсонпарварӣ.
Нӯш бодо Сарваратро то абад
Шаҳди инсонпарвариву сарварӣ.
Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии хеш қарор дорад. Истиқлол ин падидаи давлатдорие мебошад, ки дар фазои он инсон озодона умр ба сар бурда, бо истифода аз ҳуқуқи худ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ҳақи ширкат варзиданро дорад.
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлатдории тоҷикон аст, ки ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ, ватандорӣ миллати сарбаланду соҳибтамаддуни тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Истиқлолияти давлатӣ на танҳо пирӯзии халқи тоҷик дар асри гузашта, балки ин дастовард мувафаққияти беназари таърихи куҳани ин халқи соҳибфарҳанг, соҳибтамаддун ва куҳанбунёд мебошад.
Бояд зикр намуд, ки Истиқлоли давлатиро эълон кардан, онро ба расмият даровардан раванди мушкил аст, аммо нигоҳдори истиқлолияти комил ва мустаҳкам намудани заминаҳои устувори он кори басо вазнин мебошад. Маҳз дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар кишвар таҳкурсии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар асоси пояҳои устувор мустаҳкам гардид, аз ҳамин лиҳоз ба даст овардани соҳибихтиёрии комил низ дар кишвари мо ба заҳмату талош, идоракунии мардумсолорона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат алоқамандӣ дорад.
Истиқлолият ва озодӣ неъматҳои ба якдигар вобастагии зичдошта мебошанд. Ин ду неъмат ҳамчун мақсад ва натиҷа маҳсуб меёбанд. Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати беҳамто ва волои ҳаёти инсон, кафили пешрафт ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд.
Хушбахтӣ, пешрафт ва обрӯву нуфузи миллат аз Истиқлолият маншаъ мегирад ва миллате, ки соҳибистиқлол аст, он дар ҷомеаи байналмилалӣ соҳиби эътибору мавқеъ мебошад. Дар воқеъ, андешаи миллатсозӣ, ваҳдат ҳамон вақт самараи дилхоҳ ба бор меоварад, ки, қабл аз ҳама, моҳият ва мафҳуми Ватану ватандорӣ, қадру манзалати истиқлолияти давлатӣ, худшиносиву худафрӯзӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қалбу шуури ҳар як шаҳрванди кишвар ҷой гиранд ва решадор гарданд.
Истиқлолият ва ваҳдат сароғози рушд ва бардавомии давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносӣ ва андешаи миллӣ мебошанд.
Ба ҳар фарди худогоҳу худшинос ва бонангу номуси миллат зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии ҷомеа расида, онҳоро ҳамчун неъмати беназир эҳтиром намояд. Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузург ва воқеан нодиру фараҳбахши таърихӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоид фароҳам овард. Бо шарофати заҳматҳои пайгиронаи Роҳбари давлат худогоҳиву худшиносӣ таҳким ёфта, дар қалби мардум ҳисси ватандориву ватандӯстӣ бедор гардид ва он рӯз аз рӯз афзун мегардад.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.
Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи мо манбаи омӯзиши сулҳхоҳонаи ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик аст.
Истиқлол огоҳӣ аст ва инсони ноогоҳ наметавонад озод бошад ва ба истиқлол бирасад. Зеро имкониятҳои худро дарк намекунад, ҳатман пойбанди расму русуми бегона ва вобастаи дигарҳо аст ва андешаҳои ӯро дигарон тавлид месозанду амалӣ мегардонанд. Инсони ноогоҳ озодиро дарк кардаву молик буда наметавонад. Яъне истиқлолият дониш аст ва дониш офариниш. Истиқлолу озодӣ низ ба инсонҳое, ба ҷомеае тааллуқ доранд, ки худро мешиносанд, маърифат доранд, андеша доранд ва ҳар қадаре ки ин огоҳ буданҳову худбаҳододанҳо зиёд бошад, ҳамон андоза истиқлолият метавонад устувор бимонад.
Сарвари давлат Истиқлоли миллиро пайваста таъкид ва ҳифзи онро муқаддастарин вазифаи инсонию шаҳрвандии ҳар фарди бо нангу номуси миллат арзёбӣ менамоянд ва худ парчамбардори ин давлати соҳибистиқлол пазируфта шудаанд.
Истиқлоли давлатӣ дар баробари Ваҳдати миллӣ, ватан, ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ бояд мояи ифтихор ва нангу номуси миллии ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон гардад. Он бояд ғояи муттаҳидкунанда ва сабаби рушди фарҳанги миллии мо бошад. Зеро маҳз музаффариятҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ моро ба сӯйи ҷомеаи ҳақиқатан демокративу хуқуқбунёд ва иҷтимоӣ раҳнамун месозанд.
Ҳамин аст, ки Истиқлол «муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо» арзёбӣ мегардад.
Мафҳумҳои истиқлол, соҳибистиқлолӣ, озодиву мустақилият ва соҳибихтиёрии давлат барои миллат мафҳумҳои тавъаманд. Тоҷикон ҳамчун мардуми тамаддунсолор, миллати озодипарасту озодихоҳ ва халқи машҳур андар ақсои ҷаҳон бо гузашти беш аз ҳазор сол, яъне 9-уми сентябри соли 1991 аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии хеш ноил гардиданд. Вале Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди касби истиқлоли давлатӣ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Бузургтарин дастоварди мо дар тули даврони соҳибистиқлолӣ ин ноил шудан ба сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносӣ ва болоравии ҳисси меҳандӯстиву ватандорист. Ин дастоварди мо бо шахсияти фарзанди барӯманди миллат, наҷотбахши миллат, эҳёгари давлат ва қаҳрамони абадан маҳфуз дар қалби тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
Истиқлоли сиёсӣ хушбахтии миллат аст. Агар дарахти боровару тановарро обу ғизо рушду тараққӣ диҳад, Истиқлоли сиёсиро истиқлоли таффакури шаҳрвандон таъмин мекунад.
Ҳақиқате, ки аз сари мо гузашт, ин аст, ки то даврони истиқлол хештаншиносии миллат гӯё дар як чорчӯбаи маҳдуд ба сар мебурд, яъне миллат имконияти воқеии шинохтани фарҳанги худ, бузургони фарҳанги худ, бузургоне, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ тамаддунсозони дараҷаи яки башарият шинохта шудаанд, надошт.
Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки асарҳои бузургони худро бознашр ва ба мардуми кишвар дастрас намоем.
Тафсирҳои муътабари Қуръони карим, «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абуҳасан ибни Абубакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд.
Дар баробари ин ҳама бояд ба ёд биёрем, ки маҳз дар шароити Истиқлоли сиёсӣ ва боз ҳам бо ҳимояти шахсан Президенти кишвар “Динкард”, “Осори мероси ниёгон” (дар ду ҷилд), Авасто, яъне тамоми осори хаттии тоисломии миллати мо ба нашр расид, ки то Истиқлол нашри инҳо ва ҳатто таҳқиқоти ҷиддии ин осор ҳеҷ имконият надошт. Агар ин мавзуъро давом диҳему рӯйхати осори дар даврони Истиқлол нашршударо ёдовар шавем, дар баробари осори Имом Ғазолӣ, Фаридуддини Аттор, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, асарҳои бузургони классик ва бузургони асрҳои XVI-XIX (ба монанди Носеҳи Хатлонӣ, Фитрат, Сайфи Исфарангӣ, осори комили Ҳоҷӣ Ҳусайн) нашр шудаанд.
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик хушбахтист ва танҳо бо роҳи ваҳдат ва меҳнати ҳалол метавонем истиқлолияти худро ҳифз намоем ва ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Ин ҳадафҳо танҳо ба воситаи илму дониш, ақлу заковат ва меҳнатдӯстӣ муяссар мегардад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин падидаи нодири таърихӣ расем, зеро Истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбӣ меоварад. Поянда бод Истиқлоли давлатӣ!
🔒
Идомаи матн барои обуначиён
Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.
Агар рамзи дастрасӣ доред, онро дар ҳуҷраи шахсӣ ворид кунед.