Сешанбе, 17 ноябри 2026
Садои Шарқ
Нашрияи миллии адабии Тоҷикистон
Публитсистика · Мақола · Шумораи 9 2026

Истиқлоли давлатӣ, ватандорӣ ва мо

Имрӯз ҳатто кӯакдони мо коми худро ҳар рӯз бо вожаҳои обдори Ватан, Тоҷикистон, Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ обгардон мекунанд.

Истиқлоли давлатӣ, ватандорӣ ва мо

Дар бораи Истиқлоли давлатӣ, моҳияти он, дастовардҳои беназираш, дар бораи он ки истиқлол ба мо, ба миллати мо чӣ дод, дар тавсифу ситоиши Истиқлоли давлатӣ он қадарҳо гуфтанду гуфтем, ки ба назар чунин метобад, ки сухани нагуфта намондааст. Аммо Истиқлол як мафҳуми бисёр паҳновар ва фарогир аст, падидаест, ки пайваста дар инкишофу пешравист, аз ин рӯ назари мо, муносибати мо ҳам ба он, ба моҳияти он, ба ҳимояву пойдории он, ба рушду нумӯи он низ бояд пайваста пеш равад.

Он истиқлоле, ки моро соҳиби Ватани таърихии худ кард, он истиқлоле, ки миллати моро аз коми фано наҷот дод, имрӯз чӣ дархосте метавонад аз мо дошта бошад?

Вақте дар бораи муносибати мо бо Истиқлоли миллату кишварамон меандешем, аввалин саволе, ки пеши худ бояд гузорем, ба андешаи ман ин аст, ки аз худ пурсем: мо дар баробари Истиқлоли давлатиамон чӣ мавқее дорем, барои ин Истиқлол чӣ кор кардаем ва чӣ кор бояд кунем? Албатта, барномаҳои ҳукумативу давлатии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистони мо чунон роҳандозӣ шудаанд, ки ҳар яки мо тавассути вазифа, касбу пеша, корхонаву идора ва маъмуриятамон дар радифи ҳамагон саҳме барои Истиқлоли давлатӣ гузоштаему мегузорем. Аммо ҳадафи банда аз ин савол паҳлуи дигар дорад, берун аз масъулияту вазифа оё воқеан мо чӣ саҳме дар ободиву рушди кишварамон гузоштаему хоҳем гузошт?

Масалан, оё бо раъйи худ, ташаббуси худ коре барои таҳкиму рушди истиқлоламон кардаем, ягон ниҳоле шинонидаем, ягон гулу сабзае парваридаем, аққалан партоверо аз сари роҳамон бардоштаем? Банда мебинам, ки ана ҳамин эҳсос ҳанӯз дар вуҷуди мо мелангад. Мо ҳама бо гуфторамон дӯстдори истиқлолем, дӯстдори Ватанем, аммо оё бо рафтору кирдору амаламон ҳам чунинем. Ба мушоҳидаи банда, қисми зиёди аҳолии мо, ҳарчанд худро ватандӯсту муаддаб меҳисобанд, на ин ки партовҳоро аз сари раҳ, ҳатто аз канори хонаву ҳавлии худ намебардоранд, балки, баръакс, хунсардона партовҳои дасташонро ба рӯйи роҳ меафкананд. Албатта, ин корро аз бефарҳангӣ, аз танбалӣ, аз бепарвоӣ мекунанд. Аммо, эҳсоси ватандорӣ аз ҳамин амалҳо ва масъулиятҳои дар назар хеле кӯчак сар мешавад.

🔒

Идомаи матн барои обуначиён

Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.

Агар рамзи дастрасӣ доред, онро дар ҳуҷраи шахсӣ ворид кунед.

Боз аз рубрикаи «Публитсистика»

Ҳамаи мавод →