Сешанбе, 17 ноябри 2026
Садои Шарқ
Нашрияи миллии адабии Тоҷикистон
Публитсистика · Шумораи 9 2026

Истиқлоли ҷовидон – бақои давлати тоҷикон

Истиқлол шаъну шараф ва сарчашмаи ифтихори ҳар як миллату давлат аст.

Истиқлоли ҷовидон – бақои давлати тоҷикон

Чун аз истиқлол суҳбат ба миён меояд, пеши назарам таърихи пурфоҷиаву хуншори миллати тоҷик падидор мешавад; миллате, ки Худованд ӯро рӯйи замини паҳновар, ҳосилхезу пурфайз, дар канори рӯдҳои хурӯшон, чашмасорони зулолу ҷӯшон, дар оғӯши кӯҳсорони пурганҷу дарахтзорони пурмева ҷой дод; миллате, ки хиради кашфи асрор, ҷилои истеъдоди фавқулода ва шоҳкорҳои фарзандони нобиғааш аз қаъри асрҳо то ҳанӯз оламиёнро дар ҳайрат мегузорад; мардуме, ки чун офаранда ва ғизобахши маънӣ дар маснади сарчашмаи тамаддуни башарӣ нишаст; тоҷике, ки ҳазорон сол пеш қасру шаҳрҳо бунёд кард; пойдевори нахустин давлату вазоратҳоро гузошт, бо дили нарм ва пур аз меҳру шафқат бо қавму қабилаҳои кӯчманчиву саҳронишин тарзу усули зиндагии инсонвор, маданияти истифода аз неъматҳои табиатро омӯзонд; қавме, ки рушди илму адаб, риояи адлу инсоф ва ишқу вафоро парчаму ҳадафи рӯзгори абадӣ донист… Ва ниҳоят аз рӯйи нармдиливу хайрхоҳии аз ҳад зиёд заҳри хиёнати ҳасудону ғуломони даргоҳашро чашиду маҳрумият дид ва дар гирдоби ҷангу нокомиҳо печид. Искандари мақдунӣ аз рашку ҳасади ривоҷи созандагӣ, хиради шоҳону шукӯҳу овозаи баланди давлатдорӣ ва кашфиётҳои илмӣ, равнақи фарҳангаш, офаридани шоҳасарҳои нодири пурҳикмат бо лашкар ҳамла оварду солҳо зулму ғорату харобкорӣ карда, ганҷинаи бемислаш – китоби муқаддаси “Авасто”-ро чун ғанимат бурд. Араби истилогари бодиянишин омад ва теғи ситам бар сараш кашида, кушту сӯхту бурд; турк чун мор дар остинаш ҷо гирифт ва бо найрангу чоплусиҳо захми заҳрогини тешаро ба решааш гузошт.

Ин саҳнаи фоҷиаи миллати тоҷикро нависандаи ӯзбек Миркарим Осим дар асари худ: «Аждодларимиз таърихий қиссалари». (Тошкент. «Ёш гвардия», с. 1965, саҳ. 69) бо ҳисси ифтихор хеле дақиқ нигошта: «Сарлашкар Янолтегин, ки дар асл бар зидди Наср Аҳмади Сомонӣ равона карда шуда буд, бе ҷанг ба тарафи Аҳмади Сомонӣ гузашта, «таслим» шуда ва бо ҳамин давлати Сомониёнро мисли себи кирмзада аз дарун ба фасод расонд. Дар натиҷа давлати Сомониён аз ин ҳуҷуми пардапӯшона дар таърихи 23. Х. соли 999 (рӯзи душанбе) аз байн рафт. Ва аз ин рӯз ба сулолаи тоҷикон дар арсаи таърих хотима гузошта шуд».

Ин пора ҳарчанд дарду алами ҳазорсоларо меангезад ва қалбҳоро ба сӯзиш меорад, як саҳнаи ҳақиқати талхи таърихи миллат аст. Пажӯҳишгарони тоҷик Валӣ Самад ва Муҳаммад Ансор дар мақолаи худ «Зи ториву кажжӣ бубояд гирист» барҳақ он рӯзро «фоҷиаи таърихи тоҷикон ва эронитаборон» номидаанд (ниг. рӯзномаи «Самандар», соли 1998). Вале аз ҷониби дигар ин воқеият магар масали «душман бо шакар мекушад»-ро ба ёд намеорад? Оре-оре, дар тули таърих шоҳону амирони мо борҳо фирефтаи душманони дӯстнамо гардида, аз шакари заҳромези онҳо сармасту бехуд ва паркандаву ломакон шудаанд. Чӣ чора? “Дили раҳмин ҳамеша ғамгин” гуфтаанд. Тоҷики гарданфарозу саховатпеша аз рӯйи ин хислати худ давлату сиёсат аз даст доду таҳаммул пазируфт; ғорату кушторҳои гӯшношунидро амри тақдир ҳисобид; ғасби шаҳрҳову хонаи хеш ва хиёнатҳои бешармонаи фарзандони ҷоҳталабу косалесашро бо заҳрханд: «ҷавоби аблаҳ сукут» шумурд ва барои соҳибмаърифат кардани хоҷагони ҷоҳилу зулмпеша, ки ифтихорашон юришу хунрезӣ, ғасбу ғорат буд, ба навиштани пандномаҳо камар баст.

ҳаким Фирдавсӣ муқаддас будани безаволии озодии меҳан, ҷасорату фазлу хирадро бо ҳама шукӯҳу шаҳоматаш дар «Шоҳнома» офарид. Ва ба таъбири пурифтихори Гулрухсор: «ватани бемаргӣ офарид». «Шоҳнома» ватан аст, ватани бемаргӣ». Бале, истиқлоли тоҷик дар андеша пойдор монду дар ҷилди китобҳо. Аммо «душмани донишгадояш» (Бозор Собир) ҳам дар аҳди истилои Искандару аъроб ва ҳам дар замони тохтутозҳои туркон, ваҳшоният ва хунрезиҳои гӯшношуниди муғулу манғит қасд ба китобу осори саршори ҳикмату ифтихори меҳанпарастӣ доштанд. «Авасто»-ро ба боди нестӣ доданд, китобхонаҳоро оташ заданд, удабову уламои китобнависро кӯр карданд, сар буриданд, лаб дӯхтанду санг дар гардан ба дарё афканданд ва сарсону овораи олам сохтанд, то ҳарфи росту озодихоҳиро аз забони онҳо нашунаванд. Чунки озодманишӣ, ҷилои табъу офариниш, донишу хирад, теғи бурои забону истиқлолхоҳии фарзандони дурандеши миллати тоҷик чун шуълаи сӯзон дар китобҳо дурахшида, ғосибони аҳримантинати камфитратро ба таҳлука оварда, хору залил ва оҷиз мегардонд.

🔒

Идомаи матн барои обуначиён

Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.

Агар рамзи дастрасӣ доред, онро дар ҳуҷраи шахсӣ ворид кунед.

Боз аз рубрикаи «Публитсистика»

Ҳамаи мавод →
Истиқлоли давлатӣ, ватандорӣ ва мо Обуна
Публитсистика · Мақола

Истиқлоли давлатӣ, ватандорӣ ва мо

Имрӯз ҳатто кӯакдони мо коми худро ҳар рӯз бо вожаҳои обдори Ватан, Тоҷикистон, Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ обгардон мекунанд.

Камол Насрулло · Шумораи 9 2026