Сешанбе, 17 ноябри 2026
Садои Шарқ
Нашрияи миллии адабии Тоҷикистон
Назм · Шеър · Шумораи 9 2026

Рахна

Шеъри зебое аз андуҳи рӯзгор, рӯшноии умед ва хандаи тифле, ки ба зиндагӣ маъно мебахшад.

Рахна

Рахнае дар боми хона,

мечакад андӯҳ,

Мефизояд ҳасрату ғам дар дили тангам.

Фасли сармо кай равад, то пок созам

Бӯйи сардӣ, бӯйи нам аз манзили тангам.

 

Пеш аз дай фасли сабзу гулфишонӣ буд,

Орзуҳоям муниру осмонӣ буд,

Хешро бо рангу бӯи тоза ороям,

Ҳамчу дирӯзе, ки рӯям арғувонӣ буд.

 

Эй ки пиндорӣ маро маъсуму бечора,

Дар ду-се метри мураббаъ

сахт овора,

Шаш ҷиҳатро пур кунам аз нағмаҳои нав,

Гарчи дунёям бувад ҳамҳаҷми гаҳвора.

 

Бок не, гар метапам дар гӯшаи зулмат,

Медурахшад дар нигоҳам ишқу бедорӣ.

Аз ту ҳам дилзандатар, зеботарам аз ту,

Эй баҳоре, ки дами ҷонофарин дорӣ…

 

Рахнае дар боми хона,

метаровад нур,

Мекунад бо нур бозӣ, тифли хандонам.

Мефизояд нусрату шодии оламро,

Рақси нуру шавқу нози пораи ҷонам…

 

Боз аз рубрикаи «Назм»

Ҳамаи мавод →
Борбади Марвазӣ Обуна
Назм

Борбади Марвазӣ

Ба муборакбодии пешниҳоди  Борбади Марвазӣ ба феҳристи ЮНЕСКО  дар шумори чеҳраҳои ҷаҳонии фарҳанг

Камол Насрулло · Шумораи 10 2026
Ифтихор аз Истиқлол Обуна
Назм · Шеър

Ифтихор аз Истиқлол

Бозтоби рӯзҳои пурфоҷиа, талошҳои сулҳофаринӣ ва шукӯҳи Истиқлоли давлатӣ

Аҳмадҷони Раҳматзод · Шумораи 9 2026