Наср · Шумораи 9 2026
Нависандаи қавируҳ ва дардошно
Нигоҳе ба дардҳо ва чеҳраи инсонии устод Сотим Улуғзода
Ман устод Сотим Улуғзодаро аз овони кӯдакӣ медонистам ва бо китоби шавқовараш “Субҳи ҷавонии мо” барвақт ошно будам. Ёд дорам, ки соли хониши синфи панҷум поён ёфт ва мо ба дамгирии семоҳа баромадем. Мани ташнаи китобхонӣ аз шиносҳо китоб мепурсидам. Китобхонаи пешинаи колхозро ба идораи анбори ғалла кӯчонида, дар он табобатгоҳ кушоданд. Дар ҷойи китобхона Фаина ном зани миёнсоли рус ҳам зиндагӣ мекарду ҳам дардмандонро мепазируфт. Ман ҳамроҳи ҷӯраам Иқболшоҳи писари анборчии колхоз Мирзочила ба умеди ёфтани ягон китоби фаромӯшгашта ба табобатгоҳ меомадем. Акнун ҷойи чангу ғубори китобхонаро тоза карда, дар ҷевоне шишаҳои дорувор чида буданд, ки бӯйи навшодиру спирт ба машомамон мерасид. Иқболшоҳ ситоиш мекард, ки дар як гӯшаи анбори калон китобҳоро болои ҳам чидаанд ва дар гӯшаи дигараш гандуму ҷав, наску нахӯд ҷойгир аст. Мо бори чорум ба назди дари анбор омадем ва ду қуфли овезони онро дида қафо гаштем. Анбор аз пас ду тирезаи начандон калони шишаҳояш шикаста дошт. Ман бо ёрии Иқболшоҳ ба тани девор часпида, боло баромадам. Аз сӯрохии тиреза ба даруни анбор даромадам ва андаруни хонаи калони нимторик чашмонамро сиёҳӣ зад. Ман дар гӯшаи анбор китобҳои ғуборгирифтаро дидаму дилам ба тапиш даромад. Аз миёни китобҳо гарду ғубори “Субҳи ҷавонии мо”-ро афшонда, дар гӯшае гузоштам. Сипас, “Модар”-и Горкий ва ниҳоят, “Чор дарвеш” ба дастам афтод. Гирифтори тамошои китобҳо аз кушода шудани дари анбор бехабар мондам. Бобои Мирзочила пешопеш ва писараш Иқболшоҳ аз думбол ба анбор даромаданд. Ман чун дузде назди китобҳои ғуборандуда дар ҷоям шах шудам.
– Эй сағераи лаънатӣ, даруни анбор чӣ мекобӣ?
Овози ман ба дарун афтод, нафасам гирифт ва арақи сард дар тахтапуштам давид. Мадори даҳон кушодану ҳарф задан надоштам. Шабеҳи дузде будам, ки болои ҷиноят дастгир шудааст. Иқболшоҳ аз паси падар садо баланд кард:
– Ин ҷӯраи ман Барот аст, бачаи мудири мактаб.
– Ҷӯраи хонасӯхтаи ту даруни анбор чӣ мекобад?
– Барои китоб даромад, ота. Мо чанд бор омадем, дари анбор қулф буд. Барот аз тиреза даромад.
– Ҳе-е китоб аз сарат монад! Китобҳоятро бардору аз чашмам гум шав!
Дасту поям мадор гирифт, китобҳо дар бағал, сӯйи дари кушодаи анбор давидам. Чашмам дар рӯшании офтоби нимарӯз сиёҳӣ мезад, вале дилам лабрези шодиву фараҳ буд. Кафи пойҳои урёнам рӯйи хоки суда месӯхт, парвое аз хоки тафсида надоштам. Ман дар хона дарҳол муқоваи каме фарсудаи “Субҳи ҷавонии мо”-ро кушода, ба хондан сар кардам. Чашмонам бо шавқу ҳавас сатрҳоро пайгирӣ мекарданд. Саргузашти Собир дунёи наверо ба рӯям мекушод. Дунёи наврасӣ, ҷавонӣ ва талошу пайкорҳо дар роҳи душвору ноҳамвори зиндагӣ. Ман аз паси сатрҳо садои дили насли ҳамсоли падарамро мешунидам, ки мисли ман китобхониро меписандид. Ҳуҷраи мо дар назарам дигар ҳуҷраи пешина набуд. Ман баъзе сатрҳоро бо нимовоз такрор мекардам, саҳнаи шавқовари ҳаёти нависанда пеши чашмам ҷилвагар мегашт. Ман роҳҳои пурғубори зиндагӣ, орзуҳои ширин ва зина ба зина пеш рафтану ба камол расидани Собирро мешинохтам. “Субҳи ҷавонии мо” ганҷи дуздидае буд, ки маро бо устод Улуғзода то ҷое ғоибона ошно кард.
* * *
Роҳи нависандагӣ яке аз роҳҳои душвортарини зиндагии инсон буда, дар баробари заҳмати гарон ва шабзиндадориҳо, боз ҳунару истеъдод, сабру тоқат, дардошноиву ранҷ, таҷрибаи кофии зиндагӣ, мушоҳидаву андешапардозӣ ва ҷасорати руҳиро мехоҳад. Улуғзода аз “Субҳи ҷавонии мо” сар карда, пешаи душвори нависандагиро писандид ва барои баёни фикру андеша дарду ормон ва орзуву талошҳои хеш рӯ ба коғазу хома овард. Эҷод кардан шабеҳи кандану кофтани чашмае андаруни харсанги бузург аст. Нависанда хуни дил мехӯрад, то ҳарфу каломи дилхоҳашро ба рӯйи варақ бирезад. Роҳи зиндагӣ, сарнавишт ва эҷодиёти Улуғзода яке аз душвортарин ва ҳамзамон, пуршарафтарин саҳифаҳои адабиёти тоҷик аст. Ӯ на танҳо нависандаи бузург, балки шахсияте буд, ки тамоми умрашро ба кори эҷодӣ, ранҷи нигориши таърих, таҳаммули захмҳои сиёсат ва дарду фоҷиаҳои ба сараш омада сипарӣ кард.
Давраи кӯдакии ӯ ба замоне рост омад, ки як давраи таърихӣ аз миён рафта, ба ҷойи он сохти нави ҷомеа падид меомад. Ӯ аз овони ҷавонӣ меҳрашро ба адабиёт, ба нигоштани ҳикояҳову мақолаҳо ва тарҷумаҳои бадеиву сиёсӣ бахшид. Бо гузашти айём истеъдоди ӯ эътироф шуд ва чун яке аз адибони тавонои Тоҷикистон ном баровард. Ҳадафи мо пажуҳиши роҳи эҷодӣ ва дастовардҳои адабии устод Улуғзода нест. Адабиётшиносону муҳаққиқон дар ин бора садҳо мақолаву маводҳо ва китобҳои назаррас нигоштаанд. Аз ин рӯ, камина кӯшиш мекунам, ки бештар руҳияи эҷодӣ, ранҷу дарди нигорандагӣ ва назару андешаҳои ӯро дар даҳсолаи поёни умраш ба қалам оварам. Сабру бардошт ва руҳи тавонову иродаи қавии ӯ на танҳо ман, балки садҳо каси заҳматписанду дардошноро ба шигифт афкандааст.
* * *
Бисёр асарҳои бузург аз дарди зиндагӣ ва дархости неруи эҷодӣ падид меояд. Фирдавсӣ 30 сол барои навиштани “Шоҳнома” заҳмат кашид. Лев Толстой солҳои дароз андеша мекард, нақша мекашид, гирифтори шубҳаву гумонҳо мегашт ва ниҳоят, романи “Ҷанг ва сулҳ”-ро тайи даҳсолаҳо ба поён расонд. Ман романи “Восеъ”, повести “Ривояти суғдӣ” ва чандин драмаҳои таърихии устод Улуғзодаро хонда будам. Вале ӯро аз наздик шахсан намешинохтам. Баъзан дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ӯ дучор меомадам. Марде буд қоматбаланду андак лоғарандом, симои андешаманд ва пешонии фарох дошт. Чашмонаш калон ва нигоҳаш амиқу роздор, ҳатто каме ғамандуда метофт. Ҳангоми вохӯрӣ рост ба симои кас менигарист ва гӯё ӯро аз сухану гуфтораш меозмуд. Мӯйи сараш сафедӣ дошт ва ин сафедӣ ба симои ӯ салобати пирони хирадмандро меафзуд. Либоси одӣ мепӯшид ва бештар костюми сиёҳи хокистарӣ бар тан дошт. Баъзан ба сар кулоҳи одӣ мениҳод. Ором сухан мегуфт, суханонаш ҳикматомез садо медоданд. Бодиққат гӯш мекард ва шитоб накарда гом мениҳод.
Ман чун дигарон дар таҳти чашмони ӯ дарди захмҳои нуҳуфтаи сарнавишти писараш Азизро медидам. Дар симои ӯ дарди миллат, муҳаббати падарӣ ва андешаи амиқи эҷодӣ таҷассум мегардид. Вале набояд руҳи қавӣ ва ғурури ботинии ин абармардро фаромӯш созем. Ӯ ғурурашро намоиш намедод, вале ҳеҷ гоҳ дар рафтор ва гуфтор худро дар чашми дӯсту душман заифу руҳафтода вонамуд намекард. Мо қариб ҳама медонистем, ки ӯро аз шаҳри Маскав ва маркази ҷумҳурӣ борҳо водор намуданд, ки расман аз писараш Азиз даст бикашад. Номашро аз китобҳои дарсӣ берун афканданд, чопи асарҳояшро боздоштанд, дар саҳнаи театр намоиш додани драмаҳои таърихиашро манъ карданд. Қариб ҳамаи дӯстони хасакиаш аз ӯ рӯй тофтанд, вале ин абармард ғурури руҳониашро набохт, иродааш нашикаст ва чун марди сахтҷону бовиқор фитрати одамияташро нигоҳ дошт.
Камина панҷ соли охири то Маскав рафтанаш даҳҳо маротиба бо устод Улуғзода вохӯрдам. Бемории сактаро аз сар гузаронда буд. Бо душворӣ роҳ мегашт, вале боре шикоят карданашро ёд надорам. Бо вуҷуди пиронсолӣ ва беморӣ дар сафи пеши воқеаҳои кишвар меистод, аз рӯйдоду ҳангомаҳои даврони бозсозӣ ва ҳаракатҳои бедории миллӣ огоҳии хуб дошт. Ӯ дар бораи писараш Азиз ҳарф намезад, дарди дили сӯхтаашро менуҳуфт ва тамоми ҳастиашро ба кори эҷодӣ бахшида буд. Ӯ огоҳона ба навиштани романи “Фирдавсӣ” рӯ овард. Устод Улуғзодаро барои даст накашидан аз рисолати падарӣ аз узвияти Ҳизби коммунист дур намуданд. Ҳамчунин узвияти Президиуми Шурои Олии Тоҷикистонро низ аз даст дод. Бо вуҷуди ҳамаи ҷазову маҳрумиятҳо ӯ ғурури руҳониашро набохт. Дӯсти вафодор ва маҳрами розаш қалам буд. Ӯ дарун-дарун месӯхту дарди нуҳуфтаашро фурӯ бурда, барои таскини хотир ба қалам рӯ меовард. Дар солҳои танҳоӣ ва узлатнишинӣ ӯ романи “Ғӯрмагас”-и Войнич, “Дон Кихот”-и Сервантес, “Тил-Уленшпигел”-и Де Костеро, “Ҳамлет”-и Шекспир, афсонаи “Моҳигир ва моҳии тилло”-и Пушкин, “Егор Буличев ва дигарон”-и Горкий ва даҳҳо асарҳои дигарро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ӯ огоҳонаву зиракона ба навиштани романи “Фирдавсӣ” омодагӣ медид. Устод Улуғзода “Шоҳнома”-и Фирдавсиро ба наср баргардонда, бо номи “Достонҳои “Шоҳнома” соли 1976 ба табъ расонд. Сипас ба нигориши романи Фирдавсӣ рӯ оварда, дар симои Фирдавсӣ ва фарзанди ҷавонмарги ӯ дарди хешро шинохт.
Ба пиндоре нигориши романи “Фирдавсӣ” барои устод Улуғзода на танҳо рӯ овардан ба сарнавишти сахту сангини пири Тӯс, балки марсияе барои таскини дили сӯхта ва писари дурафтодааш Азиз буд. Гӯё ҳаким Фирдавсӣ ва устод Улуғзода баъди ҳазор сол бо ҳам роз мегуфтанду дар дили шаб гуфтугӯ мекарданд.
“Эй ҳакими Тӯс, ту писари бохтаатро ёд мекардӣ?” – мегуфт ӯ зери лаб бо овози паст. Қалами нимашаб дар дасти устод ларзида рӯйи коғаз меафтод. Садои нарму ғамолуде аз ғайб ба гӯшаш мерасид. “Писарамро дар айни ҷавонӣ рабуданд. Дареғо, ҷавонмарг шуду дили мани Шоҳномасаро шикаст”. “Ман ҳам писаре доштам, номаш Азиз. Ӯ рафт ба мулки дуру дастнорасе. Бо рафтанаш маро зинда бар гӯр кард”. Хомӯшӣ ҳуҷраи кориро фаро мегирифт ва аз чашмони устод қатраи ашк мешорид ва симои Фирдавсӣ пеши чашмам меомад. “Дареғи писарон! Ман писарамро ба хок супурдаму ту ӯро зинда бохтӣ. Мусибати кадомаш талху сангинтар бошад?” Парвонаи сафеде гирди чароғ пар мекашид ва устод Улуғзода мепиндошт, ки руҳи Фирдавсӣ нимашаб аз само фуруд омадааст. “Ҳар ду як дард аст, эй ҳаким. Дарди бохтани писар!” Улуғзода ашки чашмонашро пок карда, назди тиреза мерафт. Шаби Душанбе ором буд, аммо дар дили ӯ туфон талотум дошт.
“Эй ҳаким, ту писаратро ба хок супурдиву умедатро аз ҷаҳон кандӣ, вале ман солҳои дароз интизорам. Оё медонӣ интизорӣ бадтар аз марг аст”. Улуғзода баргашта рӯйи курсӣ нишаст ва қаламро дубора ба даст гирифт ва зери лаб беихтиёр номи писараш ба забон омад.
“Азиз! Чаро паёме аз ту намерасад?”
Дар оҳиста кушода шуд ва Элеанораи духтараш гоми сабук ниҳода, финҷони қаҳвае бар даст дарун даромад.
– Дадаҷон, қаҳва овардам,– бо овози паст гуфт духтараш, то сукути шабро нашиканад. Улуғзода сар набардошт, қалам дар миёни ангуштонаш меларзид.
– Ташаккур, духтарам, – Улуғзода сар набардошт ва гуфт: – дар гӯшаи миз бимон.
Чашми Нора ба чеҳраи намзадаи падар афтод ва дар канори пилки ӯ қатраи ашк меларзид. Дили духтар фишурда гашт ва даст ба кифти падар ниҳод.
– Шумо хаста шудед, падар. Боз Азизро ёд кардед?
– Ҳеҷ гап не, мегузарад, Нораҷон.
– Ман ҳам ӯро ёд мекунам, падар. Ҳар шаб ёд мекунам. Ӯ маро дӯст медошт ва ҳангоми сарзаниши модарам хоҳарашро пуштибонӣ мекард.
– Мо бо ёди ҳамдигар зиндаем. Ҳайфи писари забондону ғарибам.
– Зиқ нашавед, падар. Азиз рӯзе бармегардад. Шумо романи “Фирдавсӣ”-ро то куҷо овардед?
– То марги писараш. Фирдавсӣ ҳам писарашро ҳангоми пирӣ аз даст дод, ҷони падар.
– Пас шумо ду падар ҳамдарду ҳамдил ҳастед.
– Оре, духтарам. Ман дарди Фирдавсиро менигораму нолаи дили худамро мешунавам.
Чашмони Нора лабрези ашк гашт. Шаб мегузашт, парвонаи сафед гирди чароғи хирасӯз пару бол мекашид ва номи Азиз дар дили падару хоҳар садо медод.
* * *
Дар бораи фарзандони устод Улуғзода сухан гуфта, модари онҳо Клавдия Александровна Улуғзодаро ёд накардан кори норавоест. Ному насаби ҳамсари устод ҳангоми ҷавонӣ Клавдия Александровна Благовешенская буд. Ӯ дар муҳити хонигарии собиқи туркманҳо, ки зери васояти империяи Россияи подшоҳӣ буд, соли 1909 дар Ашқобод ба дунё омад. Клавдия дар шаҳраки гарму чанголуди Ашқобод дар канори дуртари биёбонҳои Сиёҳрег ба камол расид. Он солҳо сарзамини туркманҳо як давраи пурталотуми таърихиро аз сар мегузаронд ва манзараи аҷибе дошт. Аз як тараф корвонҳои уштурони пурбор, бозорҳои қадимаи шарқӣ, ривояту қиссаҳои шифоҳии биёбонгардон ва аз тарафи дигар истгоҳи роҳи оҳан, мактабҳои русӣ ва бошишгоҳҳои ҳарбиву идораҳои императории рус. Клавдияи ҷавон дар ҳамин муҳити омехтаи дунёи Шарқ ва Ғарб ба камол расид. Ӯ аз хурдӣ ба ривояту қиссаҳои шарқӣ дил баст ва таронаҳову афсонаҳои қиссагӯён тухми муҳаббати фарҳанги Шарқро дар ниҳоди ӯ кошт. Дертар сарнавишт ӯро ба факултаи шарқшиносии Институти Осиёи Миёна дар шаҳри Тошканд бурд ва ба омӯзиши таъриху фарҳанг ва забонҳои минтақаи Осиёи Миёна рӯ овард. Дар ин донишгоҳ ҷавононе гирд омада буданд, ки мехостанд баробари омӯхтани забону фарҳанг дунёи нави Иттиҳоди Шуравиро бисозанд. Он солҳо устод Улуғзода дар бахши тоҷикии дорулмуаллимини шаҳри Тошканд мехонд ва яке аз донишҷӯёни фаъолу дидадаро буд. Шояд Улуғзодаи ҷавону зебо ва хушқаду қомат дар ҳамин муҳити фарҳангии Тошканд бо Клавдияи нозанин шинос гардид.
* * *
Ман медонистам, ки дар муҳити адабии Душанбе миёни зиёиён андешае вуҷуд дошт, ки зани Сотим Улуғзода аз оилаи русҳои яҳудитабор аст. Насаби Благовешенский аз калимаи “благовещение” баромада, ба насаби руҳониёни православии Русия шабоҳат дошт. Аммо баъзе шаккокон андешае доштанд, ки оилаи онҳо дар поёни ҷанги якуми ҷаҳонӣ аз Лаҳистон ба Русия омада, насаби русиро пазируфтаанд. Ҳамсари устод Икромӣ – Саодатбону гумон мезад, ки Клавдия ҳамроҳи падару модараш ба Ашқобод кӯчида, дертар дар шаҳри Тошканд бо устод Улуғзода ошноӣ пайдо кардааст. Ӯ бо садои пасттари розандуда меафзуд, ки дар муҳити адабии солҳои 50-ум ба хонаи устод Улуғзода зиёиёни тоҷик ва аҳли фарҳанги русҳо гирд меомаданд, ки Клавдия гули сари сабади онҳо буд.
Саодатбону қиссаи шиносоии Улуғзодаро бо Клавдия чун як ҳикояи шавқовар ба забон меовард. Гӯё солҳои ҷавонии Улуғзода дар Тошканд маҳфилҳои адабии ҷавонони тоҷик, рус ва дигар миллатҳо баргузор мегашт. Рӯзе дар ин маҳфили адабӣ Сотимхони ҷавон порчае аз навиштаҳои худро бо забони тоҷикӣ хондааст, ки ҳозирин, аз ҷумла русҳо забони тоҷикиро чандон намефаҳмиданд. Дар ин маҳфил духтари ҷавони зебоандом, донишҷӯи бахши шарқшиносӣ Клавдия Благовешенская нишаста буд. Ӯ бархеста назди Сотимхон омад ва рухсат пурсид, ки матни тоҷикиро бадоҳатан ба русӣ баргардонад. Саодатбону ҳикоят мекард, ки ҳозирин дар тарҷумаи Клавдия қиссаро шуниданд ва Улуғзода аз тарҷумаи духтари хушсурат хеле шод гашт. Он рӯз шиносоии нахусти онҳо рӯй дод ва дертар дар донишгоҳу маҳфилҳои адабӣ бо ҳам вомехӯрданд. Клавдия дар тарҷумаи навиштаҳои Сотимхон ба ӯ ёрӣ мерасонд ва дар навбати худ Улуғзода баъзе ибораву вожаҳои забони тоҷикиро ба Клавдия мефаҳмонд. Дӯстии онҳо дар Тошканд ба ишқу муҳаббат печид ва баъзе дӯстон, аз ҷумла, ҳамсари Икромӣ шӯхиомез мегуфт, ки “Улуғзода аввал тарҷумони асарҳояшро пайдо кард ва баъд ҳамсарашро”.
Банда намедонам гумону пиндорҳои Саодатбону то кадом андоза воқеият дошт, вале аз гуфтори розандудаи ӯ бармеомад, ки Улуғзода сарнавишташро бо Клавдия пайваста, баъди сари ӯ чандон зиндагии осуда надошт.
* * *
Соли 1967 дар Ҳиндустон соли гарму намноке буд. Дар кӯчаҳои пурғавғои Деҳлӣ садои мошинҳо, овози фурӯшандагон ва лобаву зории гадоёни қади роҳ бо ҳам меомехтанд. Азиз Улуғзода, ки аз Ленинград ба Ҳиндустон омада буд, аз тирезаи барҳавои меҳмонхона ба берун менигарист. Дар дили ӯ ду эҳсос талотум дошт. Субҳи он рӯз намояндаи як идораи байналмилалӣ расида, бо забони англисӣ пурсид:
– Чаро шумо дар Ҳиндустон паноҳгоҳи сиёсӣ мепурсед?
Азиз чанд лаҳза хомӯш монд. Дар зеҳнаш чеҳраи падар зинда гашт, мизи кории нависандаи заҳматкаш бо китобҳои парешон, коғазҳои навишта ва чеҳраи хаста пеши назараш омад. Азиз пас аз каме андеша оҳиста гуфт:
– Ман Ватанамро дӯст медорам, аммо дар он ҷо имрӯз барои бисёриҳо майдони сухан танг шудааст. Падари ман, ки як умр дар бораи таъриху фарҳанг ва руҳи бузурги абармардон менависад, арҷ гузоштан ба озодию ворастагиро бароям омӯзондааст. Ӯ ба ман панд додааст, ки инсон бояд росткирдору озода бошад, аммо фазои кору зиндагӣ дар Ленинград бароям танг аст ва руҳу равонамро мефишорад.
Дар берун борон меборид ва қатраҳои борон ба шишаи хона зада, чун ашк поён метаровиданд. Ин рӯйдод дар манбаъҳои хабарӣ хеле кӯтоҳ ва фишурда омадааст. Гӯё Азиз Улуғзода ҳангоми сафари Ҳиндустон аз намояндагии дипломатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико паноҳгоҳи сиёсӣ дархост кардааст. Ин воқеа дар замони Иттиҳоди Шуравӣ як ҳодисаи ҳассоси баробар ба хиёнат қаламдод мегардид.
* * *
Ин паёми ногаҳонӣ аз Ҳиндустон чун шамоли сард ба Душанбе расид. Дар идораҳои ҳизбӣ ва сиёсӣ номеро оромона ва бо эҳтиёт ба забон меоварданд: «Азизи писари Сотим Улуғзода ба хиёнат даст зад!» Аз гуфтори саризабонӣ падид меомад, ки писари нависандаи номдор Сотим Улуғзода ҳангоми сафари ҳайати фарҳангӣ ба Ҳиндустон аз Сафоратхонаи душмани маънавӣ ва сиёсии Иттиҳоди Шуравӣ – Амрико паноҳгоҳи сиёсӣ хостааст. Аз рӯйи расмияти мавҷуда ин амалро аз доираи хоҳиши шахсӣ берун бурда, чун нишони хиёнат ба давлат қаламдод мекарданд. Чанд рӯз пас ду мард бо либоси расмӣ дари хонаи устод Улуғзодаро оромона кӯфтанд. Лаҳнашон нарм буд, вале саволҳояшон гарону миёншикан.
– Шумо медонистед, ки писаратон Азиз аз Сафоратхонаи Амрико паноҳгоҳи сиёсӣ мехоҳад?
Устод хомӯшу андешаманд буд. Дилаш меларзид, вале виқору бардоштро аз даст намедод. Рӯйи мизи кории ӯ дастнависи нотамоми “Ривояти суғдӣ” мехобид. Достоне аз таърихи халқи тоҷик ва сарнавишти суғдиёни аҳди қадим. Вале барои ин мардони омада сарнавишти суғдиён ва гузаштаи таърихи миллат аҳаммияте надошт. Ӯ сӯйи кормандони мақомоти амниятӣ нигариста, оромона посух дод:
– Писари баркамоли ман Азиз қариб даҳ сол боз дар муҳити илмиву фарҳангӣ ва сиёсии Ленинград аст. Ӯ роҳи худро мустақилона интихоб кард ва ман аз кору кирдори ӯ огоҳие надорам. Падар шояд барои тақдири фарзанд посух мегӯяд ва бояд бори гуноҳи ӯро бардорад. Писари ман 4-5 забон медонист ва аз сиёсати ҷаҳон хубтар аз камина огоҳ буд. Ӯ ҳамчун шаҳрванди баркамол дар муҳити Ленинград ба воя расида, роҳи худашро интихоб кард. Ман, ҳамчун падар ба фарзанди баркамолу донишмандам дар паноҳгоҳи сиёсӣ хостанаш саҳме нагузоштаам, роҳнамоӣ низ накардаам.
Яке аз рӯзҳои абрандудаи шаҳри Душанбе, ки боди сарҳӯй аз ҷониби кӯҳҳои Ҳисор мевазид, устод Сотим Улуғзодаро ба толори бонуфузи маҷлисгоҳе хонданд. Рӯйи миз коғазҳо, папкаҳои сурх ва чанд телефони вазнини сиёҳу сафед меистод. Устод бо гомҳои гарон, чеҳраи ором ва чашмони аз бехобӣ сурхида ба рӯйи курсии канори миз нишаст. Дар гирди миз чанд нафар шоирону нависандагони номдори ҳамсаф ва кормандони бонуфузи ҳизбиву давлатӣ менишастанд. Дар толор чанд лаҳзаи хомӯшӣ ҳукмфармо гашт ва сипас нафаре ҷузвдонро кушод.
– Шумо медонед, ки писаратон Азиз шаҳрвандии дигар давлатро хос- тааст?
Устод оромона сар афшонд ва ибораи “дигар давлат” чун теғ ба дилаш халид. Яке аз мардони бонуфузтарини ҳампешааш ба устод рӯ овард:
– Давлат ба шумо эҳтиром дорад, устод ва хизматҳоятонро қадрдонӣ мекунад. Барои ҳамин мехоҳем, ки ин нишаст овозаю дарвоза нашавад. Шумо ба писаратон Азиз нома нависед, ӯро даъват кунед, ки баргардад.
Устод Улуғзода лаҳзае ба андеша рафт ва сипас пурсид:
– Агар бо дархости падар наояд, чӣ?
– Агар наояд, шумо бояд аз писаратон расман даст бикашед.
Устод Улуғзода пиндошт, ки бо санги вазнине ба сараш кӯфтаанд.
– Даст бикашам? Чӣ хел даст бикашам?
– Ба таври расмӣ дар саросари Иттиҳоди Шуравӣ эълон мекунед, ки писаратонро аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум менамоед ва расман бо ӯ дигар робитае надоред.
Устод аз тиреза ба берун нигарист. Шохаҳои сафедори шафати тиреза аз талотуми бод такон мехӯрданд.
– Шумо мехоҳед писарамро оқ кунам? Ман метавонам ба ӯ нома нависам ва хоҳиш кунам, ки ба Ватан баргардад, вале ҳеҷ гоҳ аз писарам даст намекашам ва расман ин корро карда наметавонам.
Марди сеюм бо норозигӣ пурсид:
– Пешниҳоди роҳбарони Марказро рад мекунед?
– Шояд маро ҳамчун нависанда бишиносанд, ҳамчун шаҳрванд қадр кунанд. Аммо ман пеш аз ҳама падар ҳастам ва аз рисолати падариам даст намекашам.
Ҳама хомӯш монданд, чанд папкаву ҷузвдони сурху сиёҳ пӯшида гашт ва устод Улуғзода оромона аз ҷой бархест ва бори дигар ба ҳозирон рӯ оварда, бо оҳанги қатъӣ гуфт:
– Ман ҳеҷ гоҳ аз писарам Азиз рӯ намегардонам ва ӯро расман аз ҳуқуқи падарӣ марҳум намесозам.
Чашмҳои шигифтзадаву лабрези ҳайрат сӯйи устод менигаристанд. Ӯ аз ҷояш бархест ва вазнинона гом ниҳода, аз толори хурди маҷлисгоҳ берун баромад. Ӯ ба осмони абрандудаи фазои Душанбе нигарист. Боди сард ҳамоно мевазид ва шӯру фиғони мошинҳои роҳгузар нолае ба дили устод меафканд.
* * *
Аз фирори Азиз Улуғзода даҳ сол гузашт. Банда Донишгоҳи миллиро хатм карда, муддате дар шабакаи телевизиони Тоҷикистон ва сипас дар Сарредаксияи энсиклопедияи советии тоҷик кор мекардам. Барои кашидани бори рӯзгор, беҳсозии каму кости зиндагӣ (ба хотири дастмузд) бештар бо шуъбаҳои адабии шабакаи телевизион ва радио ҳамкориҳо доштам. Бо дархости бахши адабии телевизион дар бораи устод Ҷалол Икромӣ киноочерки телевизионие сохтам ва чандин намоишномаҳо омода кардам. Устод Икромӣ аз ҳикоянависии банда огоҳ буд ва чанд бор пешниҳод кард, ки ҳикояҳоямро барои хондан наздаш бубарам. Вале бебокиву густохии эҷодӣ бароям намерасид ва ҷуръат намекардам, ки навиштаҳои шогирдонаамро ба устоди бузурги наср пешниҳод намоям. Ду ҳикояи шогирдонаамро ба маҷаллаи “Садои Шарқ” бо номи “Кимиёкаҳ” ва “Охирин шарики умр” пешниҳод кардам. Аз миён як сол гузашт ва боре бо дили андаке ларзон, вале пур аз шавқу шӯри эҷодӣ ба бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барои пурсидани тақдири ҳикояҳо даромадам.
Аз даромадгоҳ бӯйи ошнои коғазу китоб ва сукути солоронаеро дармеёфтам. Аз дару девори толори дарозу тирезааш барқади бино ёди бузургони адабиёт ва аҳли қаламу эҷод изтироберо ба дилам меангехт. Роҳрав дароз буд, гӯё роҳе буд миёни замонҳо ва солҳои гузаштаву имрӯз. Нохост аз дур ду симои ошно падидор шуданд ва мани ҳаяҷонзада чораи қафо гаштан надоштам. Ҳар дуро дарҳол шинохтам: устод Ҷалол Икромӣ ва устод Сотим Улуғзода бо тамкини бузургворонае пеш меомаданд. Гомҳои ҳарду солоронаву санҷида буданд ва аз симои нуронии Улуғзода ва Икромӣ толор гӯё нур мебардошт. Ман каме канор истодам, даст пеши бар гирифта, мехостам салом диҳам. Ҷалол Икромӣ маро шинохт ва бо лабханди сабуку меҳрубонона сӯям омад. Улуғзода сари баланд, нигоҳи нарму озмоишкорона ва симои ҷиддӣ дошт. Ман салом додам. Устод Икромӣ бо симои гарму меҳри падарона дастамро фишурд. Ӯ маро ба Улуғзода ҳамчун корманди телевизион ошно намуд ва огоҳ кард, ки дар бораи ӯ якчанд барномаи хуб сохтаам. Ман корманди донишномаи тоҷик шуданамро шарҳ надодам. Икромӣ ҳолпурсӣ кард ва аз ҳикояҳоям ёдоварӣ намуд. Посух додам, ки ду ҳикояро ба моҳномаи “Садои Шарқ” овардам, вале ҳанӯз ба чоп пешниҳод накардаанд. Улуғзода дар навбати худ пурсид, ки ҳикояҳоят дар кадом мавзуъ аст? Посух додам, яке “Охирин шарики умр” ном дошта, дар бораи модагургест, ки бо саги чӯпонӣ ошно мешавад. Устод сӯям амиқтар нигарист ва пурсид:
– Ту зиндагии гургонро аз куҷо омӯхтӣ?
Посух додам, ки чанд китоби нависандаи амрикоӣ Ҷек Лондонро хондаам ва сипас, қиссаи бо саги чӯпонӣ ошно шудани модагургро аз чӯпони солхӯрдае шунидам. Устод боз пурсид: “Ту гурги даштиро аз наздик дидаӣ?” Гуфтам: “Бо ҳамсояи шикорчиамон барои сайд задан рафта, аз дур модагургеро дучор омадам”.
Устод Икромӣ ситоиш кард, ки Бароти Абдураҳмон дар муҳити деҳа калон шудааст ва зиндагии мардуми русторо хуб медонад. Ҳангоми хайрухуш устод Ҷалол Икромӣ дастамро сар надода, чанд бор такрор кард: “Ҳикояҳоятро биёр, писар, худам мехонам. Ҷавонтарҳо ҳавсалаи хондан надоранд”. Ва боз пурсид: “Ҳикояҳоятро кай ба хона меорӣ?” Посух додам: “Чопи тоза карда дертар мерасонам”. Гуфт: “Ман интизор, зудтар биёр, писар”.
Ҳарду аз зинаҳои толор поён рафтанд ва суханони онҳо мисли нури офтоби саҳар диламро навозиш мекард. Ман аз паси сари ду устоди бузург нигоҳ мекардам ва мепиндоштам, ки ин дидори хотирмон роҳи маро ба ҷодаи нависандагӣ мекушояд. Дидори ду шоҳсутуни насри тоҷик дар толори бинои нависандагон бо солориву бузургияшон дар ёдам як умр нақш баст.
* * *
Аз миён соле нагузашта панҷ ҳикояамро бори дигар қалам задаву омодаи хондан карда, дар ҷузвдоне хонаи Ҷалол Икромӣ бурдам. Устод Икромӣ дар хона набудааст ва ҷузвдони ҳикояҳоро ба ҳамсараш Саодатбону додам. Аз миён як моҳ сипарӣ нагашта буд, ки маро котибаи сармуҳаррир ба телефони қабулгоҳ даъват кард. Гумон кардам, ки кадом муаллифи маводи илмие ба қабулгоҳ занг задааст. Котиба маро рост ба ҳуҷраи кории сармуҳаррир ҳидоят намуд. Атахон Сайфуллоев гӯшии телефонро ба ман дод. Дертар дарёфтам, ки устод Ҷалол Икромӣ ҳикояҳоро хондааст ва тавсияномаи чоп нависта, мехоҳад наздаш биравам. Бегоҳ ба хонаи устод Ҷалол Икромӣ рафтам. Ӯ маро ба хонааш даровард ва ҳамсараш Саодатбону як чойник чойи хушбӯй ва чанд лаълӣ қанду қурсро наздамон ниҳод.
Ман чашмдор будам, ки шогирди устод Айнӣ қаламкаши ҷавонро “мехояд” ва бароям панди ҳунари нависандагӣ медиҳад. Аз он дар шигифт мондам, ки Икромӣ ҳикояҳои шогирдонаи маро варақгардон карда, бахусус қиссаи “Кимиёкаҳ” ва “Охирин шарики умр”-ро ситоиш намуд. Ӯ барои чоп ба маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” тавсиянома навишта, ҳикояи “Муждагонӣ”-ро пешниҳод карда буд. Сипас, ба маҷаллаи “Садои Шарқ” “Барфи аввал” ва “Охирин шарики умр”-ро тавсия кард ва панд дод, ки ҳар ду ҳикояро рост ба шогирдаш Юсуфҷон Акобиров бурда расонам. Ба болои ҳамаи ин, устод Ҷалол Икромӣ маслиҳат дод, ки ҳикояҳои навамро гирдоварӣ намоям, то онҳоро дар шакли китоб ба шуъбаи насри Иттифоқи нависандагон барои чоп пешбарӣ кунам. Устод ваъда дод, ки ба китоби нахустинам пешгуфтор менависад ва барои роҳ кушодан ба ҷодаи наср дуои хайр медиҳад. Ҳангоми бархестан устод сухане гуфт, ки як умр дар ёдам монд: ”Писар, ту мактаби навиштанро гузаштаӣ. Истеъдоди хуби нависандагӣ дорӣ. Фақат барои худат роҳ бикушо. Пробивать карданро ёд бигир, ки нисфи кори нависандагӣ роҳ кушодан аст”.
Ман бо дили лабрези шодиву фараҳ аз хонаи устод Икромӣ баромадам. Шоми фасли баҳор буд ва ситораҳои дури осмон сӯям дуруд мегуфтанд. Дар он шоми шукуфарез сӯйи хона бармегаштаму андешаи “пробивать – роҳ кушодан” маро мадор мебахшид.
* * *
Сипос ба даргоҳат, эй Яздон пок! Китобчаи нахустини ҳикояҳоям пас аз ҳашт соли панди роҳкушоӣ додани устод Ҷалол Икромӣ бо номи “Шабҳои маҳтобӣ” аз чоп баромад. Садди сангин бо душворӣ кушода мегашт. Пас аз расондани рухсатномаи чоп “Шабҳои маҳтобӣ” ду соли дигар дар нашрия дармонд. Соли сеюм дар садди сангин рахнае пайдо шуд ва ниҳоят ҳикояҳои деринтизор баробари китоби тарҷумакардаам “Бақои одамият”-и адиби номвари гурҷӣ Нодар Думбадзе ба табъ расид. Мани рустоӣ дарёфтам, ки панди устод Икромиро дар боби “пробивать – роҳ кушодан” ба осонӣ корбаст карда натавонистам ва нахустин китобчаи ормонҳои деринаам дар 38-солагӣ рӯйи чопро дид. Намедонам, беҳунарию коҳилии ман буд ё сахтию сангинии роҳи эҷод, ки беш аз нисфи умрам гузашту сипас ба ҷодаи нависандагӣ роҳ кушодам.
Ҳафтае пас аз чопи китоб чанд бор романи навам “Давлати сарам, модар”-ро барои бурдан ба назди устод Ҷалол Икромӣ мегирифтаму боз ба рӯйи миз мегузоштам. Пас аз андешаҳо ва дудилагиҳо панҷ нусхаи китобчаи навамро ҳамроҳи ҷилди тозанашри Энсиклопедияи советии тоҷик гирифтаму сӯйи хонаи устод Икромӣ раҳсипор гаштам. Ҷалол Икромӣ маро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт ва пас аз дидани мақолаву сурати чопшудаи худаш дар Энсиклопедия хеле шод гашт. Барои чопи китобам маро шодбош гуфт ва панд дод, ки асарҳои калонтар нависам. Банда фурсатро созгор ёфта, ба устод пайғом расондам, ки романи “Давлати сарам, модар” омодаи чоп аст ва агар дасти устоди арҷманд бирасад, аз назар гузаронад. Икромӣ лаҳзае ба андеша рафт ва сипас гуфт:
– Хафа нашав, писар. Ман романи нотамоме дорам. Агар дер нашавад, китоби шуморо 6-7 моҳ пас мехонам.
Камина бори дигар сипосгузории хешро барои пешгуфтор ва тавсияномаи чопи устод баён намуда, оҳанги бархестан кардам. Устод маро боздошт ва огоҳ намуд, ки ошро дам партофтааст. Каме сабр кунам ва оши дастии ӯро чашида сипас равам. Ман дубора хоҳиши рафтан намудам, вале Саодатбону чойники чой дар даст даромаду устод ва ҳамсараш бо якравӣ маро боздоштанд. Устод Икромӣ ҳайрати маро пай бурда, шарҳ дод, ки онҳо хӯроки шомро қарибии аср мехӯранд. Ин меъёри хӯрокхӯрӣ ба рафтани синну соли онҳо рост меояд.
Пас аз нӯшидани пиёлаи чойи хушбӯй ошро дар лаганди калон кашиданд. Даст ба ош бурда будем, ки занги дар садо дод. Лаҳзае нагузашта, устод Сотим Улуғзода ба хона даромад. Ман аз дидори устоди бузургу нуронӣ каме даступо хӯрдам. Икромӣ маро ҳамчун шогирдаш шинос карду устодро ба сари табақи ош хонд. Устод Икромӣ дар миёни таомхӯрӣ ба ситоиши китобчаи нави ман гузашт. Хиҷолатзада китобчаи навамро сӯйи устод Сотим Улуғзода дароз кардам. Ҳангоми чойнӯшӣ устод Ҷалол Икромӣ мани хиҷолатзадаро ситоиш мекард, ки ин ҷавони хоксори кӯҳистонӣ истеъдоди хуби нависандагӣ дорад. Се-чор ҳикояаш дар “Садои Шарқ”, маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” ва ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” чоп шудааст. Фақат ба ӯ ҳунари раҳкушоӣ намерасад. Романи наваш “Давлати сарам, модар”-ро тамом кардааст, вале дасти ман банд аст ва ин романро то наздикиҳо хонда наметавонам. Гирифтори навиштани хотираҳо ҳастам, вақтам танг, танам нотоб ва дилам заифу дардманд аст.
Устод Улуғзода китобчаро варақгардон мекарду дар омади гап аз ман мепурсид:
– Романи “Давлати сарам, модар” дар кадом мавзуъ аст, писар?
– Дар бораи кӯдаки рустоиест, ки падарро бохта, душвориҳои зиндагиро афтодаву хеста паси сар мекунад ва ниҳоят, ба шаҳр меояд. Аз рӯйи мавзуъ ва сабки нигориш ба повести “Субҳи ҷавонии мо” монандие дорад.
– Ту “Субҳи ҷавонии мо”-ро хондаӣ, писар?
Ман қиссаи китобдуздиамро аз анбори колхоз ҳикоят кардам. Устод Улуғзода бо нигоҳи рамузгирона саропои маро меозмуду ба қиссаи китобдуздиам механдид. Ниҳоят, китобчаро ба кисабағалаш андохту довталабона пурсид:
– Ман романатро мехонам. Ба дастам кай мерасонӣ?
Устод Икромӣ аз дархости Сотим Улуғзода хеле шод шуд.
– Кори хайре мекунӣ, Сотимхон. Дастам намерасад, вагарна худам мехондам.
– Хайр, дасти шумо нарасад, мо мехонем, Ҷалолхон, – бо лабханди нарм аввал сӯйи Икромӣ ва сипас ҷониби ман нигарист. – Ба як шогирд ду устод мешавем, ба шарте, ки заҳмати гарони нависандагиро бар дӯш гирад.
Аз ғояти хушҳолӣ дилам меларзид ва аз гунаҳоям арақ мерехт. Аз китобчаро варақгардон кардани устод Улуғзода бардошт накарда, беихтиёр гуфтам:
– Ба хондани ҳикояҳои шогирдонаи банда вақтатонро беҳуда сарф накунед, устод. Навиштаҳои пешинаам чандон арзиши бадеӣ надоранд.
Устод аз камзании ман хандид ва китобчаро варақгардон кардан гирифт. Бо дархости дубораи ӯ ваъда додам, ки нусхаи таҳрири наву мошиннависи тозаи романи “Давлати сарам, модар”-ро баъди ягон моҳ барояшон мерасонам. Устод Икромӣ, ки аз хондани роман раҳида буд, таҳрири дубораро дастгирӣ кард ва сахтгирии устод Улуғзодаро хотиррасон намуд.
Нимаҳои моҳи августи соли 1986 романамро ба хонаи устод Улуғзода расондам. Ман ҷузвдони ғафс дар даст занги дарвозаи устодро фишурдам. Дарро бароям ҷавони наврасе кушод, ки дертар фаҳмидам, ки ӯ Раҳим ном писари устод Улуғзода аз ҳамсари дуюмаш Любов Александровна будааст. Ҷавон маро ба хона раҳнамоӣ кард, ки аз он бӯйи коғазу китоб ва суханони навиштаву нонавишта бармехест. Аз ҳуҷраи дарун овози устод Улуғзода садо дод.
– Омадед? Дароед! Ман ҳозир мебароям.
Аз дари нимкушода медидам, ки устод аз паси мизи болояш пур аз китоб бархеста пеш омад. Айнакаш каме поён лағжид ва ӯ аз болои айнак сӯйи ман нигариста, хандаи нарме мекард.
– Романи “Давлати сарам, модар”-ро овардам, устод ва ҷузвдонро ба гӯшаи миз ниҳодам.
Устод китобчаи пешинаамро дар даст дошт ва онро ба болои миз гузошт. Сипас, ҷузвдонро бо романи дарунаш бардошт ва гӯё вазнашро андоза намуд.
– Роман бояд вазнин бошад, – бо лабханди нарм рамузгирона сӯям нигарист.
Ман хомӯш будам, дилам метапид. Ӯ ҷузвдонро кушода, аз паси айнак сатрҳоро мехонд ва аз болои сатрҳо чашм наканда боз афзуд:
– Навиштани роман сохтани шаҳрро мемонад, писар. Аввал тарҳи як кӯчаро месозӣ, баъд ба дигар кӯча мегузарӣ. Пойдевори биноро мепартоӣ ва хонаҳоро мебардорӣ. Агар дар тарҳи шаҳри сохтаат хатое роҳ ёбад, тамоми шаҳр фурӯ меравад.
Ба толор хомӯшӣ афтод. Ман сӯйи тиреза нигаристам. Аз тиреза нури офтоб ба рӯйи ҷузвдон меафтод. Устод ҷузвдонро пӯшида, китобчаи “Шабҳои маҳтобӣ”-ро ба даст гирифт ва сипас андешамандона гуфт:
– Медонед чаро ман хоҳиши хондани романи нави шуморо кардам?
– Не, устод. Намехостам вақти шуморо бо навиштаҳои шогирдонаам бигирам.
Ӯ сӯям нигарист, дар нигоҳаш ҳам меҳрубонӣ падидор буду ҳам андешаи каме ғамандуда.
– Барои он ки мехостам бубинам, оё аз паси мо касе хоҳиш ва неруи нависандагӣ дорад ё на?
Ман ба андеша рафтам ва пай бурдам, ки устод дар бораи мани рустоӣ не, балки дар бораи идомаи роҳ меандешад. Сипас ӯ китобчаамро кушода, варақҳои чанд ҷояш таҳрирхӯрдаро бароям нишон дод. Ӯ аз нигориши ҳикояҳо розӣ буд ва қиссаи “Кимиёкаҳ”-ро бо “Охирин шарики умр” ситоиш намуд. Бемории сактаи қалб ӯро хастаю ранҷур вонамуд мекард. Ҳангоми суханронӣ каме ба курсӣ такя карда, лаҳзае дам мегирифт. Дар ниҳодам хоҳише пайдо шуд, ки зуд бархезам ва устодро ба ҳолаш вогузорам. Аммо ӯ маро боздошт ва аз ҳангомаҳои бозсозӣ дар шаҳру Иттиҳоди нависандагон пурсон шуд. Чашмам ба мизи пастаки канори хона афтод, ки болояш пур аз рӯзномаҳои русиву тоҷикӣ буд. Дар болои рӯзномае бо ҳарфи калон “Перестройка” навишта буданд ва изтиробу талотуми ҷомеаро бо суратҳо паҳлуи ҳам гузошта тасвир мекарданд. Устод Улуғзода зеҳни гиро, ақли бедор, таҳрирҳои хуби сиёсӣ ва андешаҳои тозаву шавқовар дошт. Ӯ бо садои пасту рамуздор ба буҳрони гарон гирифтор шудани Иттиҳоди Шуравиро ёдрас мекарду аз барбод рафтани дастовардҳои пешин изҳори нигаронӣ менамуд. Ӯ фазлфурӯшии Горбачёвро наҳ мезад ва хосияти нек надоштани холи пешонии ӯро баён мекард.
Дар дилам эҳсоси ниҳоние тавлид мегашт, ки устодро чун фарзанд ба ҷойи Азизи дурафтода дилбардорӣ кунам ва дар ин лаҳзаҳои пирӣ такягоҳ ва ёвараш бошам. Аммо ӯ ғурури мардонаи беҳамтое дошт ва заррае худро нотавону барҷомонда вонамуд намекард. Хӯроки нимарӯз оварданд ва Раҳим чойники чойро аз пас расонд. Баъди сарфи хӯрок устод аз ҷойи корам пурсон шуд. Чун огоҳ шуд, ки меъёри ҳаррӯза ва ҳафтаинаи омода кардани маводҳои донишномавиро дорем, лаҳзае ба андеша рафт. Сипас панд дод, ки агар малол наояд, ҷойи корамро иваз кунам ва ягон ҷойи созгори ба адабиёту нависандагӣ наздиктар пайдо намоям.
***
Дар бораи Азиз ҳарф зада, духтари устод – Элеонораро наметавон аз ёд бурд. Элеонора (Нора) духтари Сотим Улуғзода дӯшизаи зебо ва хушсурате буд, ки мӯйи сиёҳ, чашмони калони пурҷозиба ва абрувони камоншакли дилкаше дошт. Ӯ дар муҳити пур аз китоб ва фарҳанг ба камол расида, шояд дар ҷамъомадҳои оилавӣ ба пажуҳишгари забонҳои суғдӣ ва эроншиноси тавоно Алберт Хромов шинос шуд. Хромов аз ҷумлаи олимони ҷавоне буд, ки дар муҳити шарқшиносии Ленинграду Маскав ба камол расида, ба омӯзиши забони суғдӣ ва мероси хаттиву фарҳангии суғдиёни қадим шавқи зиёд дошт. Ӯ яке аз пажуҳишгаронест, ки ҳуҷҷатҳои суғдии аз Муғ пайдошударо омӯхтаву баррасӣ намуда, дар кушодани бозёфтҳои мероси фарҳангии забонҳои қадимаи суғдӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Шояд муҳаббати муштарак ба фарҳанги бостонии тоҷикон забоншинос Алберт Хромов ва Элеонораро бо ҳам наздик гардонд ва онҳо як оилаи нави илмиву фарҳангӣ бунёд карданд. Элеонора ҳамчун тарҷумон ба баргардонии достонҳои “Шоҳнома” ба русӣ даст дошт ва дар пажуҳишҳои илмӣ ба шавҳараш ёрӣ мерасонд. Аз хонадории онҳо ду фарзанд ба дунё омад. Писараш Леонид ва духтараш Комила. Тайи солҳои 90-ум ҳангоми боло гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ оилаи онҳо пештар аз хонаводаи устод Улуғзода ба Русия кӯч баст.
Банда дар хонаи устод Улуғзода чандин бор бо Алберт Хромов вохӯрдам. Ҷавонмарди тануманди варзидапайкар ба чашм метофт. Мӯйи хурмоӣ ва нигоҳи андешаманд дошт ва кам сухан мегуфт. Ҳамроҳи Улуғзода гоҳ бо русӣ ва гоҳ бо тоҷикӣ ҳарф мезад. Устод Улуғзода набераҳояш Леонид ва Комиларо дӯст медошт ва навозишу меҳрубонӣ мекард. Вале сарнавишт ба Алберт Хромови тануманди зоҳиран қавипайкар дарди шифонопазире ато кард. 20-уми апрели соли 1992 дили ин марди донишманд дар 61-солагӣ аз тапидан монд.
Элеонора то охири умри падар дар Маскав ӯро парасторӣ мекард, ҳангоми пириву нотавониаш то ҷое нигоҳубин менамуд. Писари Элеонора Леонид дар шаҳри Сочи умр ба сар мебурд. Леонид аз қазои сарнавишт дунёи рӯшанро ҳангоми камолоти умр падруд гуфт. Духтараш Комила дар яке аз ҷумҳуриҳои пасошуравӣ зиндагии хоксоронаеро ба сар мебурд.
Алберт Хромов пажуҳишгари тавоно ва беҳамтои забони суғдӣ буд ва бо марказҳои илмии Ленинграду Маскав ҳамкорӣ дошт. Борҳо пиёдаву савора ба Яғноб ва водиҳои Зарафшон сафар намуда, даҳҳо пажуҳишу мақолаҳои илмӣ ва китобҳои забони яғнобӣ ва забонҳои суғдиро ба табъ расонид. Ӯ корҳои нотамоми зиёде дошт ва ҳангоми видоъ дасти Нораро дошту бо чашмони ашколуд гуфт:
– Нораҷон, агар ман бимирам, забони фаромӯшгаштаи яғнобӣ мемирад ё зинда мемонад?
Элеонора дасти лоғари шавҳарашро фишурда, аз чеҳраи пажмуридааш бӯсид.
– Забони яғнобӣ намемирад, Алберт. Шогирдонат кори туро идома медиҳанд.
Алберт лабханди заифе намуд ва нигоҳаш аз тирезаи беморхонаи Маскав ба берун рафт. Ӯ бо нигоҳи огандаи дарду андуҳ гӯё сӯйи кӯҳҳои сарбаланди Зарафшон ва деҳаҳои сангину камодами водии Яғноб менигарист. Соате нагузашта ҷон бохт ва китобҳову дафтарҳои парешон ва хотираҳои нотамомаш ба ёдгор монданд. Элеонора шавҳари ормониашро ба хок супорид ва бори гарони нигоҳубини падар то рӯзҳои вопасин бар дӯши ӯ афтод. Элеонора хотираи неки падарро зинда медошт ва соли 2024 пас аз бемории тулонӣ дар шаҳри Маскав аз ҷаҳон гузашт.
* * *
Соли сеюм дӯстии беғаразонаи ман бо устод Улуғзода самимиву қавитар мегашт. Раҳим маро “амак” ном мегирифт ва бештари вақт дарвозаи хонаро ба рӯям мекушод. Модари Раҳим – ҳамсари дуюми устод Улуғзода Любов Александровна зани миёнсоли хушсимое буд. Ӯ одатан бо русӣ ҳарф мезад. Ғайр аз салому хуш омадед гапи зиёдатие намегуфт. Улуғзода писараш Раҳимро дӯст медошт ва бо нигоҳи навозишомезу меҳрубонӣ ҳамроҳаш сухан мегуфт. Раҳим баъзан ҳангоми хӯроки нимарӯз бо мо менишаст ва ҳамроҳи падараш гоҳ бо тоҷикиву гоҳ бо русӣ ҳарф мезад. Устод кӯшиш мекард, ки бо писараш бештар бо тоҷикӣ гуфтугӯ намояд.
Раҳим ҷавони қадбаланди лоғарандоме буд ва рӯйи каме дароз, мӯйи сиёҳ, чашмони калон ва абрӯвони каме хамида дошт. Падараш ӯро ба бахши таърихи Донишгоҳи миллӣ барои хондан гузошта буд ва баъзе қиссаҳои шавқовари таърихгунаро барояш ҳикоят мекард. Ман пай мебурдам, ки падар меҳри Азизи дурафтодаро ба Раҳим бахшидааст. Ҳангоме ки суҳбати мо ҳамроҳи устод дарозтар мекашид, модари Раҳим бо хилъати сиёҳу якқади хонапӯшӣ ва мӯйи зарди барои ороиш бо мӯйқапакҳо оростааш ба хонаи мо медаромад ва норозиёна сӯйи устод менигарист. Ман пай мебурдам, ки суҳбатамон ба дарозо кашидааст ва ӯ мехоҳад устоди хаставу аз сактаи мағз раҳидаро танҳо гузорам. Вале устод сӯйи ҳамсари норозиаш лабханд мезаду бо ҳавои даст маро боздоштан мехост.
* * *
Шигифто, чаро номи ман аз рӯйхати Раёсати Иттифоқи нависандагон барои пазируфтан ба узвият нопадид гардид? Охир, ду нависандаи бузург ва шоҳсутуни адабиёти тоҷик – Сотим Улуғзода ва Ҷалол Икромӣ бароям тавсиянома навишта, ба Раёсати Иттифоқ пешниҳод карда буданд. Дирӯз дар рӯйхати Раёсат номи шаш нафар ҷой дошт: ду нафар аз вилояти Ленинобод, як нафар аз Бадахшон, як нафар аз Қӯрғонтеппа ва каминаву шоире аз шаҳри Душанбе. Субҳи имрӯз ба ҷамъомади Раёсат барвақттар омадаму котиби Иттифоқи нависандагон Михаил Левин маро огоҳ намуд, ки гӯё сарварони Раёсати нависандагони ИҶШС занг зада, ҳуҷҷатҳоямро ба ҷаласаи оянда вогузоштаанд. Дар посух каме барошуфта далел овардам, ки ман як маҷмуаи ҳикояҳо, романи “Давлати сарам, модар”, китоби “Розҳои шабҳангом”, боз ду китоби калонҳаҷми тарҷумавӣ чоп кардаам. Вале дар рӯйхати шумо нафароне ҳастанд, ки ҳамагӣ як китоби чопшудаи хурд доранд.
Левин ин гуна густохии бебоконаро чашмдор набуд, дарҳол ба худсафедкунӣ гузашт ва огоҳ намуд, ки дастур аз болост ва коре карда наметавонад. Бо ситезаю густохӣ зуд назди раиси Иттифоқи нависандагон Муъмин Қаноат даромадаму дар гӯшаи мизаш панҷ китоби чопшуда ва чандин шумораҳои моҳномаи “Садои Шарқ”-ро гузоштам. Устод Муъмин Қаноат чизе намегуфт; то оғози ҷаласаи Раёсат камтар аз як соат монда буд. Ман ноумед нагашта, қадру қимати тавсияномаи устодон Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва Гулрухсорро ёдоварӣ мекардам. Ҳамоно нақшаи бебоконае дар сарам падид омаду аз ҷой бархеста, ба устод Қаноат рӯ овардам:
– Аз шумо як хоҳиш дорам, устод. Ҳангоми овоздиҳии аъзои Раёсат бар зиддам овоз надиҳед, кофист.
Устод Қаноат рамузгирона сӯям менигаристу ҳадафи гуфторамро намеёфт. Азмам қавӣ буд ва аз дафтари қабулгоҳ ба устод Улуғзода занг зада, аз рӯйхати Раёсат нопадид гаштани номамро барояш расондам. Устод суханони мани ошуфтаҳолро бо сабру бардошт гӯш карду чанд саволе барои рӯшан кардани нафарони пешниҳодгашта дод. Сипас пурсид: “Ту ягон мошини Иттифоқро ба хонаи мо фиристода метавонӣ, писар? Ман Икромиро огоҳ мекунам ва ҳардуямон расида меоем”.
Ронандаи Қаноат дар берун тирезаҳои мошинашро мешуст. Саросема наздаш рафтаму ба ҷайбаш 10-сӯмаеро андохта, хоҳиш намудам, ки устод Улуғзода ва Ҷалол Икромиро аз рӯйи дархосташон ба Иттифоқ биёрад. Ронанда каме дудила шуд ва ман огоҳ кардам, ки баъд аз ним соат ҷаласа сар мешавад ва устод Муъмин Қаноат намебарояд. Ронанда сӯйи хонаи устод Улуғзода раҳсипор гашт ва бандаи сарсахт дарҳол ба Гулрухсор занг задаму ҳолу аҳволамро барояш фаҳмондам. Ӯ аз сӯйи гӯшӣ барошуфта, чанд сухани талх ба номи сарони котибот фиристоду огоҳ кард, ки расида меояд. Ҷамъомади Раёсат сар шуд ва онро Қаноат бо сухани кӯтоҳ ҳусни оғоз бахшид. Яке аз аъзои Раёсат, ки шояд аз дигаргунии рӯйхати котибот огоҳ набуд, ба ситоиши асарҳои банда рӯ овард. Аз ситоиши ногаҳонӣ дилам метапиду бесаброна расидани устодонро мепоидам. Ногоҳ дари толори хурд кушода гашту устод Улуғзода пешопеш ва Ҷалол Икромӣ аз думбол ба толори ҷамъомад даромаданд. Аъзои ҳайратзадаи Раёсат ба пешвози устодон бархеста, онҳоро аз паҳлуи раис ҷой доданд. Пас аз пурсупоси кӯтоҳ ситоишгар дар ҳузури устодони бузург майдони суханро фарох ёфта, тавсифи романи каминаро идома медод. Михаил Левин ва муовини аввали раис дар ҳоли ногувор монда, чӣ гуна аз сухан боздоштани ситоишгари ҳафтафаҳмро намедонистанд.
Ситоиш поён ёфту устод Улуғзода солорона аз ҷой бархест. Ӯ рӯ ба Икромӣ оварда, бо оҳанги нимҷиддию нимшӯхӣ афзуд, ки мо ду нависандаи калонсол барои шодбоши ба узвият қабул шудани шогирдамон омадем. Ҷалол Икромӣ китоби нахустини Бароти Абдураҳмон “Шабҳои махтобӣ”-ро хонда пешгуфтор навиштааст. Ман ҳам романи навбатии ӯ “Давлати сарам, модар”-ро хондаву то ҷое қалам зада, ба чоп пешниҳод намудам. Мо ду устод як шогирдро ба камол расонда, барояш тавсияномаи қабул шудан ба узвияти нависандагонро додем. Имрӯз басо мамнун ҳастем аз рӯйи тавсияномаи ду устод шогирдамонро ба узвияти Иттифоқи нависандагони ИҶШС мепазиранд.
Пас аз суханони устод Улуғзода дар фазои толор кафкӯбии бардавоме танин афканд. Дар миёни кафкӯбиҳо дар кушода гашту Гулрухсор бошитоб даромад. Ӯ ҳанӯз ба ҷояш нанишаста, бо оҳанги пур аз ситез аввал ба раис ва сипас муовини нахусти ӯ дарафтод. “Ман ду сол боз ба ин даргоҳ наомада будам ва омадан намехостам, вале беадолативу ҳақношиносиҳои шумо маро водор кард, ки додхоҳӣ биоям. Чаро аз як ноҳия ду нафар ба узвияти Иттифоқи нависандагон пешниҳод шудаасту номи Бароти Абдураҳмон, шогирди тарбияткардаи ду устоди бузург аз рӯйхат ғайб мезанад? Аз барои савоб, касе ҳақ надорад ин ҷавони соҳиби се китоб ва чандин повесту ҳикояҳои дар моҳномаи “Садои Шарқ” чопшударо аз рӯйхат берун кунад”.
Гулрухсор ба сари роҳбарони Иттифоқи нависандагон шӯрида, аламҳои дилашро холӣ мекард. Дилам аз ғояти шӯру ҳаяҷон метапид ва дар чашмонам ашк падид меомад. Баъди пуштибонии Гулрухсор дигар касе ҷасорати ҳарф задан намекард. Ниҳоят, ба узвият пазируфтани маро ба овоз гузоштанд. Ҳама қариб баробар даст бардоштанд. Саранҷом устодон Сотим Улуғзода ва Ҷалол Икромӣ маро шодбош гуфтанд. Дар поёни ҷамъомад се гулдастаро ба устодон расондам ва бори дигар дарёфтам, ки бо пуштибонии онҳо садди сангин шикаста шуд.
* * *
Селаи зоғҳо дар фарози чанорҳои баланд парвоз мекарданд ва шӯру фиғони гӯшхароши онҳо дар фазои пойтахт паҳн мегашт. Осмон тира буд ва тӯдаи абрҳои сиёҳ сӯйи уфуқ шино мекарданд. Ман ду шумораи моҳномаи “Илм ва ҳаёт” дар даст аз кӯчаҳои хазонпӯш гом мениҳодаму аз шӯру ғиреви зоғҳо пай мебурдам, ки онҳо аз боридани барф паём меоранд.
Устод Улуғзода маро бо хушҳолӣ пешвоз гирифт ва гилагузорӣ намуд, ки чанд моҳ боз ба дидораш наомадаам. Баҳона пеш овардам, ки ба моҳномаи навтаъсиси “Илм ва ҳаёт” чун ҷонишини сармуҳаррир ба кор даромадам. Гумон доштам, ки дар моҳнома корам осонтар мегардад, вале ба чоп омода кардани он бори гаронеро бар дӯшам ниҳод. Устод андешамандона ду шумораи моҳномаро варақ зад ва чашмаш ба шеъри Бозор Собир афтод, ки ба устод Улуғзода бахшида буд.
– Шунидам Бозор Собир ба сиёсат гаравиш дорад?
– Бале, устод. Ба Ҳизби демократ пайваста, коммунистонро зери тозиёнаи танқид мегирад ва шеърҳои нимсиёсии озодихоҳона менависад.
– Миёни шоирӣ ва сиёсатмадорӣ фосилаи зиёд аст, писар. Шоир парвардаи қутбест, ки ба эҳсос ва шӯру талотуми руҳ мегаравад. Сиёсатмадор зодаи қутбест, ки хуни сард, мағзи орому санҷида ва дили аз раҳму шафқат берун дорад. Шоир бо эҳсосу шӯру ҳаяҷон ба пояи сиёсатмадори хунсарду бозингари моҳир расиданаш душвор аст.
– Наход, пештозиҳои Бозор Собир ӯро ба роҳи хато барад? Масалан, устод Айнӣ ҳам шоир буд, ҳам нависанда ва ҳам таърихнигори ҳунарманд, вале ба ҷодаи сиёсат ҳам гом ниҳод. Чун нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон манфиатҳои миллиро басо зираконаву дурандешона ҳимоя мекард.
– Устод Айнӣ мактаби бузурги инқилоб ва зиндагиро гузашт, писар. Ва тавонист аз балову офатҳои замона эмин монад, агар 70 дурра хӯрдану ба зиндони амир афтоданашро фаромӯш насозем. Маро ҳам ба чанд маҳфилу чорабиниҳо, чун намояндаи насли калонсол, даъват карданд, писар. Бо вуҷуди нотавонӣ дар маҳфиле сухан гуфтам, вале набояд фаромӯш созем, ки ҷунбишҳои фиребанда баъзан хатарҳои мудҳишро аз дунбол доранд. Ману устодат Икромӣ шоҳиди руҳбаландии инқилобии ҷавонон будем. Мо гардиши чархи таърихро бо чашми сар дидем. Нахустин раиси Кумитаи инқилобии Бухоро шоир Аҳмадҷон Ҳамдӣ, яъне Аҳмадҷон Абусаидов ва раиси Шурои нозирони халқ Файзулло Хоҷаеви ҷавон буданд. Инқилоби Бухоро солҳои 1922-1924 бори дигар ба мардуми ҷафокашидаи тоҷик имкони давлатсозиро дод. Аммо фарзандони гумроҳи модари тоҷик ба васвасаи бунёди давлати Турони Бузург гирифтор гашта, аз миллату давлати ҳазорсолаи хеш рӯй тофтанд. Ҳатто Абдурауфи Фитрат, ки шоири ҷӯянда ва нависандаи навовар буд, дар қатори 9 вазири бонуфузи Бухоро аз пуштибонии миллату давлати тоҷикон даст кашид. Аз ин хотир зиёиёни мо бояд ҳар гомашонро андешидаву баркашида ба пеш гузоранд, то ки фирефтаи васвасаи душманони худию бегона нагарданд.
Гуфтори устод лабрези дарду андуҳ буд. Дар нигоҳи хаставу андешамандаш ормони ҳазорсолаҳои дур падидор мегашт. Ӯ оҳи ҷигарсӯз кашида, ба роҳаткурсӣ такя дод. Дардҳои нуҳуфтаи замираш ба ҷунбишу талошҳои даврони бозсозӣ печида, хаёлаш ҳанӯз дар фазои ғуборандудаи таърих парвоз дошт. Дар ниҳоди ӯ дардҳои талхи сарнавишти хонадони Сомониён нуҳуфта буд. Андешае дар сарам падид омад ва ба чину ожангҳои ҷабину чеҳраи хастаи устод нигариста, беихтиёр гуфтам:
– Сарнавишти фоҷиабори хонадони Сомониён хеле дардангезу ибратомӯз аст, устод. Хуб мешуд, ки ягон романи калонҳаҷме дар бораи падарсолори тоҷикон – Исмоили Сомонӣ менавиштед.
– Ин ормони деринаи ман аст, писар. Кайҳо мехостам ба ин ҳангомаи фоҷиабори таърихӣ рӯ оварам. Ба ҳамин хотир “Достонҳои Шоҳнома”-ро ба наср баргардондам. Таърихномаҳои аҳди Сомониёнро борҳо омӯхта, ҳатто романи “Фирдавсӣ”-ро навиштам. Фазои сиёсии замони шуравӣ нигориши сарнавишти Сомониёнро чандон намеписандид. Ба болои ин тарки Ватан кардани писарам ва чандин воқеаҳои талхе, ки ба сарам омад, маро аз навиштани ин асар боздошт. Акнун дар ин дами пириву ранҷурӣ чандон бовар надорам, ки ин кори мушкилу заҳматписандро ба поён расонда тавонам. Бовар дорам, ки дер ё зуд нависандаи ҷавоне дар заминаи таърихномаҳо бахшида ба хонадони Сомониён асари шоистае менигорад.
Устод оҳи бадарде кашида, чашмони нимапӯшашро лаҳзае ба сақф бурду ба андеша рафт. Ногоҳ дари толор кушода гашту рӯзноманигор Мақсуди Ҳусайн пешопеш ва ҷавони миёнсоле ҷуссаашро такон додаву пояшро кашида ба хона даромаданд. Устод аз омадани меҳмонони нохонда хастагиро гӯё фаромӯш карда, азми бархестан намуд. Ӯ бо чашмони нимапӯш лаҳзае ба симои ҳамроҳи Мақсуди Ҳусайн зеҳн монду каме бо ҳайронӣ садо баланд кард:
– Пӯлод, Пӯлодҷон! Туӣ, писар!? Аз куҷо омадӣ?
– Дуруд, устоди бузургвор! Бо дархости падар аз Хуҷанд расидам.
– Падаратон Раҳимҷон беҳтар шуданд? Шунидам чанд вақт боз бемори барҷомондаанд?
Мақсуди Ҳусайн сумкааш дар китф пеш омад ва аз думболаш каси бароям ношинос пойҳои маъюбашро кашолакунону силтавзанон наздик расид. Устод бархеста ҷавонро ба оғӯш кашид ва ӯро ба нишастан водор намуд. Ҷавон рӯйи каме дароз дошта, ҳангоми ҳарф задан мушакҳои рӯяш кашиш мехӯрданд. Чашмони калони сиёҳ, пешонаи васеъ ва нигоҳи ноорому ҷӯяндае дошт. Гӯё душвории гомниҳӣ ва ҳаракати сусти бадан неруи нигоҳашро фузуда, дидану бозҷӯиро ба чашмонаш ато карда буд. Мақсудҷон нигоҳи озмоишкоронаи маро дарёфта, ҷавонро бароям шинос кард.
– Ин кас писари устод Раҳим Ҷалил, номашон Пӯлодҷон. Бо дархости падари беморашон назди Улуғзода омадаанд.
– Падар чӣ ҳол доранд? Ман салому паём фиристода будам, ба он кас расид ё не?
– Аз ҳолпурсии шумо хеле хурсанд шуданд, устод. Чанд моҳ боз дард мекашанд, ҳеҷ не ки беҳтар шаванд.
– Дареғи умри рафта, – оҳ кашида сар афшонд Улуғзода. – Дар соҳили рӯди Сир нишасту шабҳои хотирмоне доштем.
– Падарам шуморо ёд мекунанд, устод. Маро назди шумо фиристоданд, то хатое аз он кас гузашта бошад, бубахшед.
– Хато!? Чӣ гуна хато? – Улуғзода таконе хӯрда гӯё ҳушёртар гашт. – Дуруст нафаҳмидам. Раҳимҷон чиро дар назар дорад?
– Ман ҳам намедонам, устод. Гуфтанд аввал назди Улуғзода, баъд назди Икромӣ меравию мегӯӣ маро бубахшанду пиҳил кунанд. Дар он рӯзҳои сиёҳ ва гармии хуни ҷавонӣ хатое аз ман гузашта бошад, аз хатоям бигузаранд.
Улуғзода лаҳзае хомӯш монд ва дар чашмони нимапӯшаш хаёли даргузаре падид омад. Гӯё манзараҳои сиёҳкунии шабҳои тарсолуд ва ноороми солҳои 37-умро ба ёд меовард. Садои кӯфтани дар ва гомҳои вазнини касони ба рӯйхати сиёҳ афтода гӯё дар гӯшаш садо медод. Сипас бо кафи даст пешонӣ ва рӯяшро молида гӯё ба худ омад ва андешамандона гуфт:
– Он солҳо замони тарс буд, замони сиёҳкунӣ ва иғвогарӣ. Агар сиёҳ намекардӣ, худатро мебурданд.
Хомӯшии гароне ба фазои хона печид. Вазни ин суханони кӯтоҳ бо тарсу бими зинда мондан, ҳамаро пахш мекард. Устод Улуғзода пас аз лаҳзае сар бардошта рӯ ба Пӯлод овард: – Падарат гуноҳе надорад. Ман ӯро кайҳо бахшидаам. Агар бозгаштӣ, аз номи ман бахшиш бипурс. Агар хатое аз камина дар он шабу рӯзҳои даҳшатнок гузашта бошад, бигузор Улуғзодаи сарсахтро бубахшад. Он солҳо ҳама гирифтори тарс буданд. Баъзан биму ҳарос, зиндону марг касро ба роҳи хато тела медиҳад.
Мақсудҷон, ки аз рӯйи пешааш табиатан кунҷков буд, фурсатро созгор ёфта, ба устод рӯ овард:
– Устод, шунидем, ки ҳангоми ин сиёҳкунӣ ва бадномсозиҳо ҳатто устод Айниро қариб ҳабс мекарданд. Ин воқеа, ки як саҳифаи пӯшида ва дардангези он солҳост, заминае дорад ё на?
– Он солҳо фазоро абри тираи тарсу пайгирӣ ва сиёҳкунӣ фаро гирифта буд, писар. Чун номи шахсе ба рӯйхати НКВД меафтод, гумоштаҳояш назди ҳампеша ва дӯсти наздики ӯ меомаданд. Оҳиста мегуфтанд, ки ту бо душмани халқ ҳамкориву дӯстӣ дорӣ. Агар ӯро сиёҳ накунӣ, номи ту ҳам ба рӯйхати сиёҳ меафтад. Дар он рӯзҳои ноором номи устоди бузург Садриддин Айнӣ низ ба забони сиёҳкорон афтод. Ӯро чун “миллатгаро”, “душмани халқ” ва “ситоишгари замони куҳан” бадном мекарданд. Ин маънои ҳабс шудан ё ба ҷазои аз он сангинтар гирифтор гаштанро дошт. Устод дар он шабу рӯзҳо аз хона қариб намебаромад. Бо кадом василае рӯзи сахт ва пешомади ногуворашро ба устод Абулқосим Лоҳутӣ расонид. Лоҳутӣ чун шоири мубориз ва инқилобгар дар доираҳои болоии марказ обрӯ дошт. Ӯ фаҳмид, ки ҷони устод Айнӣ дар хатар аст, дарҳол ба Марказ, он ҷое ки тақдирҳо ҳал мешуданд, рӯ овард. Ҳатто мегӯянд, ки сухани Лоҳутӣ то гӯши Сталин расид. Ӯ ба идораҳои болоӣ расонд, ки Айнӣ бунёдгузори адабиёти навини тоҷик аст. Агар ӯро аз даст диҳем, гӯё миллатро аз даст медиҳем. Дар ҳамон шабу рӯзҳои пурталотум номи устод Айнӣ аз рӯйхати сиёҳ бардошта шуд.
– Аз ин бармеояд, ки устод Айнӣ бо дастгирии мардонаи Лоҳутӣ аз чанголи бадхоҳон раҳо ёфт.
– Бале, Мақсудҷон, – оҳи сарди дардолуде кашид устод Улуғзода. – Замоне буд, ки дӯст бар зидди дӯст шаҳодат медод. Шогирд бар зидди устод мебаромад ва ҳамқалами хешро сиёҳ мекард. На аз бадхоҳӣ, балки аз тарсу бими ҷони хешро раҳонидан. Баъзан таърих инсонро ба роҳи хато тела медиҳад.
Устод лаҳзае хомӯш монд, сар поён афканд, ангуштонаш меларзиданд. Ман хастагӣ ва ҳоли ногувори устодро пай бурда, аз ҷой бархестам. Мақсудҷони рамузгир ҳам бо ҳавои сар сӯйи ҳамроҳаш Пӯлод ишораи бархестан кард. Устод Улуғзода оҳанги хестани моро пай бурда, аз дасти Пӯлод дошт.
– Чаро зуд хестӣ, Пӯлодҷон? Каме сабр кун, янгаат хӯроки шомро мекашад.
– Умратон дароз бод, устод. Ман паёми бахшидани шуморо ба падар мерасонам.
– Ман сад бор бахшидам, бигузор Раҳимҷон ягон хато ё сухани талхе аз ман шунида бошад, бубахшаду авф кунад.
Мо ҳар се берун баромадем. Шамоли сард аз шохаҳои чанор охирин хазонбаргҳоро канда ба замин меафканд. Селаи зоғҳо дар осмони тира бо шӯру ғирев сӯйи уфуқи абрандуда парвоз мекарданд.
* * *
Беморхонаи ҳукуматӣ ором буд ва боди нарм шохаи арчаҳои сабз ва гулбуттаҳои садбаргро такон медод. Дар яке аз утоқҳои беморхона устод Сотим Улуғзода пас аз бемории вазнин бистарӣ буд. Ман бо гомҳои оҳиста ва дили пур аз хавотириву нигаронӣ дари ҳуҷраро кушодам. Устод рӯйи бистар ёзида буд. Ранги рӯяш каме зард, чашмонаш хаста, вале дар нигоҳаш шуълаи андеша медурахшид. Ожангҳои рӯй ва чинҳои пешониаш фузуда, занахдонаш халта зада буд. Ӯ хомӯшона ба тирезаи барқад менигарист ва омадани маро чандон пай набурд. Гӯё дар берун руҳи Фирдавсиро меҷуст ё хаёлаш сӯйи писари раҳдураш Азиз мерафт. Ман дастовези аёдатиамро ба замин гузошта будам, ки таги шишаи об ба замин бархӯрда садо дод. Улуғзода чашмонашро аз тиреза барканд ва нигоҳаш ба ман афтод. Дар лабонаш табассуми нарме шукуфт.
– Омадӣ, писар? – такон хӯрда аз бистар нимхез шуд.– Хеле шуд ба дидор нарасидем.
– Наҷунбед, устод. Бубахшед, аз бемориатон дертар огоҳ шудам. Аз Мақсуди Ҳусайн фаҳмидам.
– Боке нест, писар. Дар ин синну соли мо беморӣ ҳамдаму ёри бовафо мегардад.
Устод Улуғзода дар посух сабук хандид, хандае ки дар он ҳам андуҳ буду ҳам умед.
– Мо умедвори шифо ёфтани шумоем, устод.
Устод лаҳзае ба андеша рафт ва ман намедонистам чӣ посух диҳам.
– Дард чист медонӣ, писар? Дард он нест, ки ҷисмро биёзорад. Дарди тан мегузарад, мисли туфоне, ки меояду меравад. Дард он аст, ки дар мағзи дил мешинад ва тайи солҳо чорхонаи дилро тарк намекунад.
Чашмони устод каме намнок шуданд ва оҳи сард кашиду бо овози паст афзуд: – Дурии фарзанд дардест, ки на мераваду на табобат дорад.
Ман аз суханони устод лаҳзае гаранг шудам. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз дарду нотавонӣ ҳарф намезад. Устод нафаси чуқур кашида, лаҳзае ба андеша рафт. Нигоҳаш сӯйи тиреза гаравид, гӯё омадани касеро нигарон буд. Дарду ғуссаҳои дарун аз ниҳодаш боло мехест ва дар гулӯяш дармемонд.
– Ман дар зиндагӣ шодиву ғамро бисёр дидам, аммо дарди дурии фарзанд шифо надоштааст. Тайи солҳои дароз фаҳмидам, ки дард инсонро мешиканад ва боз аз нав месозад. Бояд дардро пазируфт. Дард руҳу равони одамро қавитар месозад. Дард устод аст, панде медиҳад, ки онро аз ягон китоб омӯхта наметавонӣ. Ман дардамро тайи даҳсолаҳо пинҳон мекардам, аммо қаламам онро ошкор менамуд. Агар бихоҳӣ нависандаи хуб шавӣ, дардро бишинос, писар. Дард ба қалам ҷон мебахшад, мурғи илҳомро ба парвоз меорад. Дард ин забони дили хомӯш аст. Он дардҳое, ки инсон гуфта наметавонад, қалам мегӯяд. Дард мисли оташи аҳуроист, писар. Ниҳодатро месӯзонаду пок мекунад. Дарди бузургтарин дар дил ниҳон аст, вале лабханд онро мепӯшонад. Суханони бедарди нависанда мисли сояанд. Шакл доранд, вале аз ҷону руҳ маҳруманд.
Ман аз суханони шунидаам дар шигифт афтодам ва пиндоштам устод ин суханони дардомезро барои осуда кардани хеш мегӯяд. Ба хотири баросудани устод ва таскини шӯру ҳаяҷонаш оҳиста бархестам. Устод ба асояш такя карда, бо душворӣ аз ҷой такон хӯрд.
– Устод хоҳиш дорам. Шумо нахезед, ман меравам, шуморо заҳмат намедиҳам.
Устод бо лабханди ором ва нигоҳи лабрези меҳр гуфт:
– Не, писар. Ман ҳам берун мебароям. Камтар ҳавои тоза гирам. Ин деворҳо диламро танг мекунанд.
Мо ҳар ду аз долон гузашта, ба хараки саҳни ҳавлӣ нишастем. Шоми Душанбе ором буд, бӯйи форами арча ва гулҳои шукуфидаи садбарг ба машом мерасид. Устод лаҳзае ба осмон нигарист ва даст ба китфам ниҳод.
– Ту дигар ҳақ надорӣ асари суст нависӣ. Кӯшиш кун меҳру дарди навиштанро гум накунӣ. Қалам амонат аст, аз даст ба даст мегузарад. Навиштанро давом деҳ, писар ва дар дилат дарду меҳри навиштанро биғунҷон.
Ногоҳ аз дур чанд кас бо дастовез пеш омада, сӯйи мо раҳсипор гаштанд. Дар миёни онҳо ман Сафар Абдулло ва Сатторзодаро шинохтам. Фурсати падруд гуфтан расида буд. Бо дили пур аз андуҳ, вале саршори меҳр, ба устод хайрбод кардам. Аз миёни арчаҳои сабз вазнин гом мениҳодаму пай мебурдам, ки устоди фарзона ва дардошно бароям дуои вопасин дод. Дуои роҳи душвори пур аз шебу фарози қаламфарсоӣ ва нигориши асарҳои нав.
* * *
Дар паҳнои хиёбон мавҷи одамон ба ҷунбиш омадаву такон хӯрда, сӯйи ҳайкали Ленин мерехтанд. Фурсате нагузашта, ҳалқаи занҷирро ба гардан ва чангакҳои симини кранҳоро ба пойҳояш бастанд. Дар ҳавои шӯру ғирев ва хурӯши ҷунуномези издиҳом кашидану силтав задани ҳайкал сар шуд. Кранҳо ғурридаву фиғон кашида, пайкараро пай дар пай мекашиданду силтав мезаданд. Аммо Ленини барқаду устувор аз болои ҳайкалпояаш намеҷунбид.
Ман Мақсуди Ҳусайнро дар миёни анбуҳи одамон тасодуфан дучор омадам. Ӯ шӯру ғиреви мардум, силтавзании кранҳо ва занҷиру симтанобҳои тани пешворо чолокона сурат мегирифт. Ногоҳ чашмаш ба ман афтоду наздам омада ҳолпурсӣ кард. Мо дар маҷалла чандин суратҳои ӯро ҷой дода, барояш музди хуб медодем ва дӯстии касбие миёнамон пойдор буд.
– Устод Улуғзода нотоб аст. Шуморо чанд бор пурсид.
– Устодро кай дида будед? Дар беморхона беҳтар шуда буданд. Хеста мегарданд ё не?
– Базӯр аз ҷой мехезанд. Мумкин бикӯчанд?
– Наход, бикӯчанд? Ба куҷо мерафта бошанд?
– Ман ҳам аниқ намедонам. Ба пурсидан дилам нашуд, вале писараш Раҳим гуфт, ки дар Переделкинои бошишгоҳи нависандагони Маскав барояш хонае ҷудо кардаанд. Дар ин ҷо хонаашро ба фурӯш гузоштаанд.
– Чаро мекӯчида бошанд? Охир, беҳтарин солҳои умрашон дар Душанбе гузаштааст?
– Устод гуфтанд, ки духтараш Элеонора ҳамроҳи шавҳараш Хромов ба Маскав кӯчиданд. Ҳамсари устод Любов Александровна ҳам аз нооромиҳо ба биму ҳарос афтодаанд. Писараш Раҳим низ мехоҳад хонданро дар Маскав давом диҳад. Устод ночор ба рафтан розӣ шуданд. Умедворанд, ки писараш Азиз шояд дар Маскав ба дидорашон биояд.
– Аҷабо, наход хонаи ободашонро партофта, ба Маскав кӯч банданд?
– Гумонам харидор ёфтаанд. Ду боре, ки ба аёдаташон рафтам, шуморо пурсиданд. Ҳатман ба дидори устод биравед. Хайр, Худо нигаҳбонатон.
Мақсудҷон дастгоҳи суратгирӣ бар даст миёни издиҳом нопадид гашту ман дар ҳавои ғурриши кранҳо, бонгу фиғони мардуми шӯрида ва сухангӯии пешвоёни навбаромад ба андеша рафтам.
Моҳи нимаи шигифтзада аз самти кӯҳи пешорӯ ба домани осмон хазида, партави коҳидаашро сӯйи майдони серодам меафканд ва ба манзараи талотӯбу хурӯши анбуҳи одамон ва ҳайкали занҷирбанду каҷшудаи доҳӣ менигарист.
* * *
Устод Улуғзода дар тахти хоби шафати тиреза ба пушт ёзида пинак рафта буд. Ӯ бо душворӣ нафас мекашид ва сандуқи синаи лоғараш аз таги куртаи пешкушода пасту баланд мешуд. Ранги рӯяш зарду пажмурида, лабҳояш хушкидаю парсинбаста метофт ва риши сафеди расидааш кайҳо нотарошида буд.
Ман халтаи дастовезамро ба гӯшаи дар ниҳода, бесадо назди бистари устод рафтам ва дар курсии назди сараш оҳиста нишастам. Нафасгирии устод душвор буда, ду гӯшаи биниаш тангу кушод мешуд. Пилки гирди чашмонаш сиёҳ, лабони хушкидааш кабуд метофт. Дилам ба ҳоли устод месӯхт ва дарде вуҷудамро такон медод. Ба пайкари лоғари устод менигаристаму ниёиши беовое аз дилам метаровид:
“Эй Парвардигоро! Аз вуҷуди устоди бузургвор ҳама дардҳоро берун биафкан, ба ҷисми наҳифу лоғараш мадор ато кун! Бо бузургиву азаматат нигаҳбони миллати мо ва ин фарзанди ҷонфидову дардошно бош! Миллати парешони моро аз ҳама офату фитнаҳои оғози соҳибихтиёрӣ нигаҳбон шав! Магузор, ки фитнагарон сарнавишти миллати моро боз ба хоку хун бикашанд!..”
Дари хонаи хоб бо садое кушода шуд ва Раҳими хушсурату болобаланд бо чойники чой вориди хона гашт. Устод аз садои ногаҳонӣ чашм кушод ва аз дидани писари баркамол дар лабони парсинбаста табассуми дардолуде дамид.
– Чой овардӣ, Раҳимҷон? Саргардон шудӣ, лозим набуд.
– Меҳмон омадааст, падар.
Устод каме ба паҳлу гашт ва маро диду чашмони беҳолаш нур гирифт.
– Кай омадӣ, писар? Пинакам сахт бурдааст.
– Бубахшед, нотобиатонро намедонистам, устод. Дина бегоҳ аз Мақсуд дар майдони “Озодӣ” фаҳмидам.
– Хуб кардӣ омадӣ, писар. Баъди сактаи дил ин зукоми зормонда маро аз пой афтонд. Манзараи ҳайкалшиканиро аз телевизион тамошо кардам. Ошӯби инқилобие бар зидди Ҳизби коммунист боло мегирад.
– Дар ин майдон чандин ҳизбу ҳаракатҳо ҳадафҳои худро доранд, устод. Ҳайкалшиканӣ баҳонае барои барангехтани мардум аст.
– Дар кишварҳои назди Балтика ва чандин вилоятҳои Русия даҳҳо ҳайкали Ленинро сарнагун карданд.
– Навбат ба мо расид, устод. Баъзе нимчамуллоҳо бо шӯру ғавғо чархи таърихро боздоштан мехоҳанд.
– Чархи таърих боз намеистад, писар. Чархиши нав мехӯрад. Майдони Ленин номи Озодиро гирифт. Худо кунад, ки поёни ин ҳайкалшиканиҳо ба хайр шавад. Метарсам, ки ин ҳайкалшиканӣ аз пасаш фитнаву фоҷиаҳои навро меангезад. Ҳамаи инқилобҳо қурбониҳои бузургро аз думбол меоранд, писар. Магар ба сари қудрат омадани Ленин бе хунрезиву ҳайкалшиканиҳо гузашт? Даҳҳо ҳайкалони хонадони Романовҳо ва Николайро шикаста, қасру кушкҳояшонро оташ заданд. Ҳангоми тарҷумаи асарҳои Ленин ба тоҷикӣ фаҳмидам, ки ӯ сиёсатмадори хеле маккор, зирак ва ҳатто бераҳм будааст. Ин гардишу чархишҳои раванди таърих аст, писар.
– Мо намедонем куҷо равонаем, устод. Чӣ пешомаде моро нигарон аст? Фарҷоми нек дорад ё бад?
– Мо нав сӯйи истиқлол гоме ниҳодем, писар. Роҳи душвору сангине дар пеш аст. Метарсам, ки дар оғози роҳи истиқлол душманону фитнагарон моро ба хоку хун кашида, хомталош накунанд? Миллате, ки тақдирашро ба даст нагирад ва ба сарнавишти ояндааш саҳлангорӣ кунад, луқмаи хоми абарқудратон мегардад. Танҳо бо ваҳдату сарҷамъӣ ва иттиҳоди ҳамагонӣ метавонем роҳи душвори истиқлолро паси сар кунем. Бо муште чун путки гарон бояд озодиву ворастагӣ ва соҳибихтиёрии худро пуштибонӣ намоем.
Дари хона нимроғ гашт ва ман аз нигоҳи озурдаи ҳамсари устод оҳанги бархестан кардам. Улуғзода аз суҳбат хаста шуда бошад ҳам, дар чашмонаш нури хираду неруи зиндагӣ медурахшид. Ӯ азми хестани маро пай бурда, бо таконе нимхез шуд.
– Сабр кун, ба ту гап дорам, писар.
– Фурсати хестан расид, устод. Боз ба дидоратон меоям.
– Қариб фаромӯш кунам, писар. Мо нақшаи ба Маскав кӯчидан дорем. Баъзе чизу чораҳои хонаро ба фурӯш гузоштем, вале дилам ба китобҳо месӯзад. Барои ту ду баста китобҳои таърихӣ ҷудо кардам. Чандеаш таърихи давлати Сомониён ва замонҳои баъдинаро фаро мегиранд. Шакли пурраи “Таърихи Бухоро” ва “Таърихи Байҳақӣ” дар миёни бастаҳост. Онҳоро эҳтиёт кун, писар. Бароят даркор мешавад.
Ман аз ғояти ҷавонмардӣ ва дасткушодии устод лолу ҳайрон мондам. Боварам намеомад, ки ин абармарди бузург ганҷинаи нодири таърихиашро бароям подош медиҳад. Хам шуда дастони сарду лоғари устодро бӯсидам ва аз меҳрубонии падарвораш ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Дар берун боди сард мевазид ва хазонбаргҳои дами роҳашро мерӯфт. Чанори бузурги хазонпӯш фасли хазони умри ин абармардро бо ҳама азамату бузургиаш дар худ ғунҷонида буд.
* * *
Устод Сотим Улуғзода дар айёме, ки ватанаш ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд, водор гашт, ки ҳамроҳи хонаводааш ба шаҳри Маскав бикӯчад. Ӯ дар маҳаллаи ороми Переделкинои Маскав, ки замоне боргоҳи эҷод ва паноҳгоҳи садҳо адибони бузург буд, поёни умрашро сипарӣ мекард. Ӯ бар асари сактаи мағз ва фалаҷ аз гуфтор монда буд ва забону лабонаш дигар тавони баён надоштанд. Аммо тани хастааш дар гирдоби андешаҳо ва дардҳои дарунсӯз ором намегирифт. Дилаш аз дарди Ватан ва дарди фарзанди гумроҳаш чун лахчаи даруни оташ месӯхт. Дарди ҷудоӣ аз меҳан, ғами миллат ва нигаронӣ аз сарнавишти фоҷиабори Тоҷикистон ӯро ором намегузошт. Чашмонашро гоҳ-гоҳ сӯйи дар медӯхт. Интизори садои писар, чеҳраи гарми ӯ ва нафаси ошно буд
Рӯзҳое, ки духтараш Элеонора ба дидори падар меомад, ҳавои хона гӯё дигар мешуд ва хомӯшиву дарди сангин андаке мешикаст. Нора бо дили лабрези андуҳ ва чашмони пур аз ашк назди падар менишаст. Дасти сарду ангуштони ларзони ӯро ба кафаш мегирифт ва гӯё бори ғами гарон бар дӯшаш мефитод. Падар сухан гуфта наметавонист, аммо чашмонаш ҳарф мезаданд. Дар нигоҳи ӯ меҳр буд, дард буд, ҳасрати ҷудоӣ буд ва як ҷаҳон суханҳое, ки дигар гуфта наметавонист. Нора ашк мерехт ва Улуғзода бо нигоҳи маънидор сӯйи ӯ нигариста, гӯё гуфтан мехост: “Ватанро фаромӯш макун, духтарам. Ҷасади сарду беҷони маро ба хоки меҳан бубар ва як каф хокро ба ҷойи Азизи гумроҳ ба манзилам бипош”.
Нора ашк мерехт, аммо ҷойи Азиз холӣ буд ва аз сукути безабони падар нола мехест. Нолае, ки фарзанди гумроҳ дар лаҳзаҳои вопасини умр ба дидори падар намеомад. Аз чашмони ғамзадаву лабони хушку парсинбаста ва сандуқи синаи лоғару устухонҳояш барҷаста нолаи беовое хазида, дар гулӯяш дармемонд. “Эй писарам, Азиз! Оё садои дили падари хастаҷонатро мешунавӣ? Чаро ба дидорам намеоӣ? Падари дардошноят 30 сол боз меҳри туро дар ниҳодаш мепарварад, вале дар фарҷоми умр ба ҷойи меҳр захми сӯзоне дар синааш ҷой дорад. Дигар ин холигоҳро на вақт, на сабру бардошт, на ормони худфиребӣ пур карда наметавонанд. Метарсам, ки ҷойи меҳрат дар синаи афгорам холӣ мешавад, Азизи падар! Акнун ба болои дардҳои ту дарди Ватан фузудааст. Дарди Ватан дарди руҳ ва ҷисму ҷони ман аст. Ватан бароям танҳо кӯҳу дарё, манзараҳои хушбоду ҳаво нест. Ватан бароям забон аст, хотира аст, фарҳанг аст, руҳи зиндаи миллат аст. Вақте ки руҳ захмин мешавад, дарди ин захмро нахуст нависандаи ватансаро пай мебарад. Ҷанги шаҳрвандӣ дар таърих дардноктарин ва даҳшатбортарин ҷанг аст. Зеро дар он бародар ба бародар меситезад, падар ба писар дармеафтад ва модари бечора намедонад барои кадомаш ашк бирезад.
Шунидам дар Маскав санади сулҳ ба имзо мерасад ва ду тарафи даргир рӯ ба оштиву созиш меоранд. Сулҳ танҳо имзои як санад нест, паймони созишу ҳамгироӣ бояд аз дилҳо бархезад. Ваҳдат бояд аз ниҳоди ҳар фарди ватандӯст сар бикашад, то захмҳо шифо ёбанд ва дардҳои дарунсӯз фурӯ нишинанд. Мо набояд фаромӯш созем, ки ворисони хоки куҳан, миллати бостонӣ ва таъриху фарҳанги бузургем. Ватан гаҳвораи номуси мост, Ватан решаву дудмони ниёгони мост! Ватан боргоҳи забони модарӣ ва ошёни ҳазорсолаи падарсолорону модарбузургони мост. Агар онро пора созему гум кунем, мо худамон бе ному нишон мегардем ва ба чоҳи фаромӯшхонаи торики таърих меафтем”.
* * *
Маскав он шабу рӯзҳо ором менамуд. Осмони нилфомро пора-пора абрҳои сафед пӯшида буд. Дар назди қасри Кремл мошинҳои сиёҳ рафтуо мекарданд ва андаруни толори бузург, паси дарҳои баста ва тирезаҳои пардадор тақдири миллати тоҷик ҳал мешуд. Ду гурӯҳи солҳо аз ҳам дурафтода ва кинаварз рӯ ба рӯ менишастанд. Чеҳраҳо ҷиддӣ, дар нигоҳҳои хаста шубҳаву гумон падидор мегашт. Касе баланд сухан намегуфт ва бепарвоёна намехандид. Ҳар ҳарфу ҳар калом вазн дошт. Онҳо ду гурӯҳ буданд, аммо фарзандони як миллат. Нигоҳҳои кӯтоҳ ва рамуздор, андешаҳои гарону нуҳуфта, нафаси вазнину изтиробандуда. Дар таҳти нигоҳу андешаҳо манзараи солҳои ҷанг, даҳшати хунрезӣ, ормону орзуҳои гиреҳбаста, фироқи ҷудоӣ ва нооромиҳои Ватан нуҳуфта буд. Дар сарҳо саволи гароне чарх мезад: «Оё Созишномаи пойдории сулҳ ва ваҳдати ҳамагонӣ имзо мешуда бошад?”
Миёни ин гуфтугузори вазнину сарнавиштсоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лаҳзае фурсати баросудан ёфт. Аммо ӯ аз дамгирӣ даст кашида, бо ҳидояти сафири Тоҷикистон дар Русия Рамазон Мирзоев ба дидори Улуғзода сӯйи Переделкино шитофт. Президент ба хонаи оғуштаи бӯйи дору бесадо даромад. Дар рӯйи бистар тани бемадор ва лоғари устод Улуғзода ёзида буд. Ӯ бо душворӣ нафас мекашид ва дил андаруни сандуқи синааш номавзун метапид. Устоди беёд дардманду нотавон буд ва соатҳои вопасини умрашро ба сар мебурд.
Президент бо нигоҳи рамузгирона саропои ин абармарди нотавону ба беҳушӣ афтодаро аз назар гузаронид ва оҳиста дасти сарду ангуштони ларзонашро ба каф гирифт. Улуғзода аз расидани дасти гарму пурнавозиш чашм кушод. Ӯ ҷавонмарди зебои болои сарашро чандон нашинохт ва пиндошт, ки дар дами вопасини умр писараш Азиз ба дидори падар омадааст. Вале садои форам ва навозишомез ба гӯшаш каме бегона мерасид.
– Салом, устод. Мо аз Ватан ба дидори шумо омадем.
Улуғзода хомӯш буд ва чашмонашро васеътар кушода, симои ҷавонмарди зебоандоми болои сарашро ба ёд овардан мехост. Лабҳои хушкидаву парсинбастааш меларзиданд ва ӯ мадори ҳарф задан надошт. Садои гӯшнавози Ватан дили ӯро такон дод ва нолаи ниёишомезе дар гулӯяш шикаст. “Эй Ватан… Эй Тоҷикистони азизи ман! Ман чанд сол аст, ки туро дар хобҳоям мебинам. Меҳратро бо дардҳои нуҳуфтаам ёд мекунам. Ман аз ту чун ашки рехтаи чашмон дур афтодам, вале ҳаргиз фаромӯшат накардам. Боварам намеояд, ки ба аёдати ман Президенти кишвари азизам Эмомалӣ Раҳмон омадааст. Ӯ бо нигоҳи саршори меҳр ва навозиши фарзандона маро ба Ватан мехонад. Садояшро мешунавам, ки мегӯяд: “Устод, биёед ба Ватан баргардед. Мо омадем, ки Шуморо ҳамроҳ бибарем!” Худоё, ман мехоҳам ба Ватанам баргардам! Як бори дигар лаби чашмае ба зону зада, хоки поки Ватанро бибӯсам ва ба дидаҳои нотавонам бимолам. Эй Ватани азиз! Ман дер кардам ва дер ба оғӯши ту бозгаштан мехоҳам. Агар зинда бозгашта натавонам, бигузор пайкари беҷонамро ба гӯшаи хоки ту бирасонанд. Бигузор, руҳи саргаштаву дардманди ман дар болои кӯҳҳои сарбаланду рӯдҳои пурхурӯш ва хоки зархезу сангу саҳроҳои ту парвоз кунад!..”
Президент аз рӯйи панди табибон чанд ҷуръа оби шифои Ватанро ба гулӯи Улуғзода мерезад. Устоди ташнаком оби шифои Ватанро ҳарисона фурӯ мебарад ва чашмонаш нуру мадор мегирад. Эмомалӣ Раҳмон бо садои пасту навозишомез бори дигар такрор мекунад.
– Устод, Ватан шуморо нигарон аст! Омода шавед, мо омадем, ки шуморо ба Ватан ва хонаатон бозгардонем.
Улуғзода даст бардошта мехоҳад чизе бигӯяд. Лабонаш меларзанду аз забонаш ҳарфе намебарояд.
– Хавотир нашавед, устод! – Президент рамузгирона андешаи ӯро пай мебарад. – Мо шуморо бо ҳамаи аҳли хонаводаатон мебарем.
Ба хона сукути вазнине мефарояд. Президент ба сафир рӯ оварда дастур медиҳад, ки ҳамаи аҳли хонаводаи устод Улуғзодаро огоҳ намояд, то чизу чораашонро биғундоранд. Онҳоро дар ҳавопаймои худ пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Душанбе мебарад.
* * *
Дар рӯйи мизи дароз матни Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро имзо мекарданд. Парчамҳо дар ду гӯшаи миз устувор буданд, аммо дар дил туфони чандин солҳои пурошӯб ҳанӯз фурӯ нанишаста буд. Дар чеҳраи ҳозирон як шодии эҳтиёткоронае падид меомад. Шодие, ки аз миёни дарду андуҳ ва тиру туфанги солҳои гузашта роҳ мекушод. Баъзе чашмони андешаманд гӯё аз паси шишаҳои толор, деҳаҳои сӯхта, хонаҳои вайрон, модарони чашм ба роҳ, тифлони ятим ва ҷавонони барнагаштаро медиданд. Сулҳ чун ҳамеша бо ашки хотираву ёдҳо, бо ашки дардҳои фурӯхӯрда, бо ашки умеду ормонҳои нав фаро мерасид. Аммо пас аз имзои Созишнома ва умедворӣ ба оянда ба толор паёми марги устод Улуғзода расид. Марги ин марди қавируҳу дардошно гӯё ба рамзи сулҳ омезиш ёфта буд. Гӯё замон лаҳзае аз ҳаракат монд, дар чеҳраҳои огандаи шодӣ пардаи ғам фуруд омад. Президент рӯ ба ҳозирон оварда гуфт:
– Ман парерӯз ба аёдати устод Улуғзода рафта будам. Устод орзу дошт, ки ба Ватан баргардад. Мехост осмони соф, замини сарсабз ва хотири осудаи миллати тоҷикро бубинад. Аммо тақдир ӯро дар арафаи имзои Созишномаи сулҳ аз миён бурд. Марги устод гӯё ба рамзи сулҳ таблил ёфт. Мо пайкари устодро ба Ватан мебарем ва пешнамози сулҳи тоҷикон мекунем.
Рӯзи дигар ҳавопаймои Президент осмони Ватанро бурида, ба фурудгоҳи Душанбе нишаст ва дар ин ҳавопаймо тани беҷони устодро ба Ватан оварданд.
* * *
Дуруд, эй устоди бузург! Ту ҳангоми нооромиҳо ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ рафтӣ, вале бо паёми сулҳ баргаштӣ. Мо чӣ қадар мехостем ба ин рӯзи нек бирасем. Ба рӯзе, ки садои тиру туфанг хомӯш мешавад ва овои дуруду паёми дӯстӣ боло мегирад. Гӯё тақдир мехост, ки ту дар остонаи сулҳ бозоӣ ва тобутатро онҳое бардоранд, ки кайҳо боз ташнаи сулҳу оромӣ ва осоиши Ватан ҳастанд. Марги ту танҳо рафтан ба олами хомӯшӣ набуд. Ту бо рамзу паёми сулҳ омадӣ ва гӯё мехостӣ бигуӣ: “Агар ман рафтам, бигузор сулҳу осоиш поянда бимонад! Бигузор, кӯдакон биханданд, модарон ашки талх нарезанд. Бигузор, садои тиру туфанг хомӯш гардад ва ҷойи онро паёми дуруду нидои дӯстӣ бигирад”.
Ман имрӯз дар пояи тобути ту гом мениҳам ва мо сӯйи оромгоҳи Лучоб меравем. Дарахтон дар пеши тобути ту сархаму хомӯшанд ва осмон ҳам гӯё ба сукут рафтааст. Ҳама медонанд, ки имрӯз як абармарди қавируҳу дардошнои миллатро ба хок месупорем.
Ту дер баргаштӣ, устод. Гӯё нигарон будӣ, ки кай Созишномаи сулҳ ба имзо мерасад. Дар зери ин Созишнома номи бузурги устоди мо ҳам навишта шудааст. Ман дар назди оромгоҳат сар фуруд оварда сӯят падруд мегӯям. Ҷисматро ба хоки сард месупорем, аммо руҳу равон ва пандҳои падаронаат ҳамроҳи мо мемонад, устод. Мо – шогирдонат савганд мехӯрем, ки сулҳу созиш ва осудагии кишварро пос медорем. Ором бихоб, устоди абармард ва бидон, ки роҳи ту, руҳи ту ва кору пайкори ту зиндаву поянда хоҳад монд.
🔒
Идомаи матн барои обуначиён
Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.
Агар рамзи дастрасӣ доред, онро дар ҳуҷраи шахсӣ ворид кунед.