Наср · Шумораи 10 2026
Руҳи урён
Ё ҳафт суруди носурудаи Робиа
…Асли мо дар насли мо нодон шудаст,
Чун замона хуни мо вайрон шудаст…
Оғоз
Бухоро. Асри даҳ.
Амир арзномаи пурдарди шоираи ҳақталошу некназарро болои миз гузошта, бо нигоҳи андеша ба шаҳсутуни қаср дергоҳ нигарист.
«Ростӣ беҳтарин некӣ аст, хурсандӣ аст. Хурсандӣ барои касе, ки ростиро барои беҳтарин ростӣ бихоҳад…».
Робиа бо дуои авастоӣ номаашро оғоз карда, аз адолатпаноҳ ҷавоби холисона, балки доваронаро мехост.
«Амиро, медонам, ки охир забони сурхам сари сабзамро ба бод хоҳад дод, аммо сабру тамкини хомӯш буданам намонда аст.
Аҳволи мардуми Балх, алалхусус баъди зилзилаи мудҳиш тоқатфарсост. Ба замми ин, боҷу хироҷ мардумро зиндабагӯр карда. Атфол пеши чашми волидайни музтар аз гуруснагӣ ҷон медиҳанд. Бенавоиву муфлисӣ волидайнро қотилу фарзандфурӯш кардааст.
Нахуст зиндонҳои занона низ ихтирои ҳокими вилояти мост. Залилии раият аз беадолатии мулкдор аст. Амиро, мардуми бадбахт аз мани паршикаста, банда аз шоҳи оламу султони бокарам имдодхоҳем. Медонам, шикваву гила аз худӣ меҳри бегонагонро мегурезонад, аммо чӣ кунам, ки бародари ҳамхуни ман ҳамҷони қавми худ нест. Ӯ ҳокими айшу ишрат аст… Бузургворо, эй ки ҷойи падарам ҳастӣ, мани густоху пургуноҳро бубахшой!
Чанд суоле, ки ҷавобашро аз ҳазрат интизорам, маънии ҳастии банда аст:
Амиро, агар ишқ инъоми Парвардигори ҳаждаҳ ҳазори олам бошад, бо оташи аз гардунҳо ба дили мани пастхок расида чун бикунам?
Агар ишқ мазҳаб бошад, ишқи ғуломро ба кадом мазҳаб метавон нисбат дод?
Дар мулке, ки ошиқон ғуломанду ғуломон маҳкуми аҷал, пояи адл то куҷо пойдор хоҳад монд?
Амиро, қудрату ҳашмати салтанат, адолату раиятпарвариятро дар ҳимояи ишқи бегуноҳи ду фарди ноком бинамой, то дар олам решаи адлу ҳақиқат насӯзад! Оре, чун ҷойи падари бузургворам медонамат, бояд арз бикунам:
– Ё ишқ, ё марг! Ману Ораз озодии бахти сониро пазируфтаем…!».
Чунин шикояти урёнро ба унвони амир аз хоҳар алайҳи бародар аз аркон касе ёд надошт.
Шоираи ҳақталабу инсофхоҳро корди ҷабри бародар ба устухони сабру тамкин кора кард. Бонги хусумати ноаҳлии онон пештар низ аз дур ба гӯши аҳли дарбор расида буд. Нотифоқии фарзандони дӯсти шодравонаш, собиқ ҳокими Балх, ки дар хираду адолат шуҳра буд, руҳашро озурд. Рақобати ишон на танҳо дар қолаби як хона, як шаҳр, як ноҳия, балки дар як мулк намегунҷид. Хусуматашон бӯйи хун мекард.
Алъон, ки душманони дохиливу берунии салтанат аз чор сӯй дандони кина тез мекарданд, хурдтарин ҷунбиш хатарнок буд.
Абр агар аз қибла хезад, сахт борон мешавад,
Шоҳ агар одил набошад, мулк вайрон мешавад…
Адолатпеша ба муштипари ҳақназар лутф, ба бародари худобехабараш ғазаб кард.
Амир ҳокими навкурсии Балхро фавран ба Бухоро даъват кард. Ҳорис “назди сояи Худо дар замин” сархаму музтар меистод. Нигоҳаш аз ғазаби ишон дар гулзори рангини қолиҳо паноҳ меҷуст. Хамӯшияш ҳавои пеш аз туфонро мемонд.
Амир таъкиду насиҳаташ кард, ки минбаъд бояд аз ганҷури қаламраваш ҷуз муҳаббати мардум ганҷе нахоҳад. Мисли падари бузургвораш, ки ҳанӯз бо мадори обрӯву эҳтироми шодравон мегардад, раиятпарвару адолатпеша бошад.
Амир лаҳзае барои баёни муддаояш гӯиё сухан ҷуст:
– Ба издивоҷи ҳамшираат бо ғуломи ромишгар фотиҳа бидеҳ!
Ҳорис беихтиёр ба дастаи шамшераш даст бурд. Ҳаракати ҳоким аз нигоҳи амир пинҳон намонд.
– Зудтар фотиҳа бидеҳ! Зарур бошад, раво бошад! Дар кори хайр ҳоҷат ба истихора нест! Дар қаламрави мо аз сарнавишти ду ошиқ дида корҳои муҳимтар низ ҳаст. Мамлакат дар хатар аст, ҳоким!
Ҳукми амирро дару деворҳои арк гӯё такрор карданд.
Ҳокими таҳқиршуда заҳри ғурурашро бо азоб фурӯ бурда, даст рӯйи дил итоаткорона аркро тарк кард.
Раҳораҳ хунаш, мағзаш, нойи устухонаш, рагу пайванди ниқорталабаш якзарб такрор мекарданд:
– Робиа бояд бимирад!
– Робиа бояд бимирад!
Хок зиёда исёнгарони паршикастаро фурӯ бурда, аммо саркашу қайсаре амсоли ҳамшираи ӯ дар гулӯи хок низ дар хоҳад монд.
– Робиаро ба оташ бояд дод! Ба оташе, ки хокистар надорад!
– Робиа бояд бисӯзад!
– Робиа бояд бисӯзад!…
Аз тахти зин то қасри худ
Мири ғазаб н-омад фуруд,
Месӯхт мағзи кинааш,
Мемурд раҳми синааш.
Ҷаҳли шитоб андар рикоб,
Дар дил ниқор,
Дар рӯ ниқоб,
Ях баста даступойи ӯ,
Табларза дар авзои ӯ,
Метохт сӯйи хонааш,
Бо ҳайбати гургонааш
Аз рӯйи зин ҷаҳли набард,
Бар меҳу кеҳон амр кард:
– Зарҷомаҳо дар бар кунед,
Базми тарабро сар кунед.
Шодӣ кунед, бозӣ кунед,
Базми сарафрозӣ кунед.
Бар бенавоён зар диҳед,
Бар ташнагон соғар диҳед.
Нолид аз ҳамширааш,
Бо лаҳни тунду хирааш,
Аз хоҳари худ гила кард,
Бо шеваи бегона, сард:
– Беҳуда, хасми дилхушӣ,
Заҳри ҳалокат мечашӣ.
Дунё барои роҳат аст,
На аз барои ҳасрат аст.
Инсофро барҳам задан,
Бо ғайр сирри ғам задан,
Аз хеш душман кофтан,
Тӯри рақобат бофтан,
Хони риё оростан,
Аз арк ёрӣ хостан,
Кай хоси ҳокимзода аст?
Хоси ғуломи сода аст!
Майли ғуломе кардаӣ?
Боломақомӣ кардаӣ!
Гул хор дорад, ганҷ – мор,
Бе дуд набвад сӯзи нор.
Ман меҳр меҷӯям, ту хашм,
Нозу ниёзат нури чашм.
Эй нур аз нори падар,
Ҳамшира, ҳамҷону ҷигар,
Амри ту армони ман аст,
Бахти ту сомони ман аст.
Хоҳони марги ҳақпараст,
Бахши дуо бардошт даст…
Лутфу маҳорати якборагии ҳокими дар сангдиливу бераҳмӣ шуҳра аҳли хирадро андешаманд кард. Ба дили Доя оташ афтод.
Дар шаҳри шодинописанд,
Гардид шӯри даф баланд…
***
Қадаҳ гир чандею дунё магир,
Ки бадбахт шуд, он ки дунё гирифт.
Арусро, ки аз ҳайрати сурур, аз хастагии бахти мушкил мадори роҳкашияш намонда буд, таронахонону арғуштравон то гармобаи занона гуселонданд. Оразро, ромишгару ошиқу музтару масрурро, ки ба бахташ маҷоли бовар кардан надошт, ҷавонони шӯху базморо то сартарошхона бо шукӯҳ ҳамроҳӣ карданд.
Дари гармоба аз пайи арус, дари сартарошхона аз пайи шоҳмард баста шуд.
Аруси бо муроди худ танҳомонда аз ҳаловати шодии дамгиранда махмурона лаҳзае дида барбаст. Дилаш, тани сабзаш, шаҳболи дастҳояш, сарви пойҳояш, гардани болояш – ҳама баробар арғушти мурод оғоз карданд. Ӯ аз барои худи худ, ки чунин бахтро дар ёд надошт, мерақсид. Гӯё як қарни тамом барои худ базми фараҳу фатҳ ороста буд.
Барои оҳанги орзуҳояш, ки алъон дар дилаш намегунҷид, чаҳор девори мармарини гармоба низ тангӣ мекард. Ногоҳ таронае куҳан, аммо ошно аз вуҷудаш хоҳиши боло шудан кард, аммо вусъати хотираш барои зинда карданаш нарасид. Аз дигар гӯшаи хотираш таронаи маҳзуне садо бардошт, аммо гӯши фараҳи арус онро нашунид. Таронаи тозае оғоз кард аз орзуҳои бешумораш, бехабар аз он ки то маргаш чанд даме монда…
Чунон намуд, ки таронаашро бо ӯ фариштаҳои осмонӣ низ замзама доранд. Баракси Озар, Робиа ба бахти гаронаш якбора бовар кард. Зеро ҳар ранҷ бояст ганҷеро сазовор бошад. Баъди хориву зориҳои дилшикоф, баъди таҳқиру гиряҳои андаростин духтар пеши худ канизакеро мемонд, ки якборагӣ ба маликаӣ расидааст. Ӯ бахти худро карами ҳақиқат, ки нури илоҳӣ дар замин аст, дониста, онро миннатдор пазируфт. Шохаи пажмурдаи эътиқодаш нисбати оламу одам сабз нуму кард. Ӯ симои онеро, ки нахуст марҳами дарди танҳояш гашта буд, пеши дида овард.
– Паём, эй вориси хуршеду умед!
Духтар аз хаёли ёраш, беёру бо ёр, тамъи бахтро дар комаш эҳсос кард. Бахташ мазаи асали баҳорӣ дошт – ширини талх. Хаёлан сӯйи Озар, ки кӯчае он тараф, аз ӯ ҷудо, аммо чун ҷону дилаш бо ӯ буд, бӯсаи ғолибият фиристод.
– Эй ҷони ташна,
Эй қалби хаста,
Эй ишқи дарднок,
Эй ғуломи аз ҳама шоҳон воломартаба,
Шодӣ муборак,
Озодӣ муборак!
Робиа он қадар аз бахт мадҳуш буд, ки шишаи эҳсосаш зарби санги хомӯшии дардноки азизи дилашро эҳсос кард. Маҳбубаш озодии ишқу тараби васлашонро ғойибона сано нагуфт… Ҷисми нимҷони домод андар халтаи сиёҳ метапид.
Арус хилъати сафедашро аз тан бадар карда, ба ҳуҷраи нахуст ворид гашт. Дари гармоба фаврӣ аз паяш баста шуд. Ӯ чизеро дарк накард.
Дилаш,
Ҷонаш,
Орзуҳои гулафшонаш,
Сару сомонаш,
Ишқу армонаш, –
Ҳама Ораз ном доштанду барои Ораз месуруданд;
Суруди аввал
Паём, эй Озари гардуни ахзар,
Замини ман надорад моҳу ахтар.
Барои амни ишқи мо бубояд
Макону қиблаву кайҳони дигар!
Ба кунҷи хона,
Бо ҳамсоя,
Бо ғам,
Зи исёну набардам бемадорам.
Зи абри дидаву борони ҳасрат,
Зи ҳузну ранги зардам шармсорам!
Фурӯғи ишқ умри фосиқон нест,
Дурӯғи ростӣ пешат аён аст.
Ғуруби ишқ марги орифон аст,
Тавоно додхоҳи нотавон аст!
Диламро ишқи ту нури илоҳист,
Зи мо покизатар андар ҷаҳон кист?
Дили беишқ баски сурмадон аст,
Ба софӣ чун дили мо осмон нест!
Гуноҳи ошиқон – чашми ниҳонбин,
Силоҳи номуродон – ашки хунин?
Ҷаҳолатро, Худои ман, зиё бахш,
Ба ҷойи чашми кӯру нафрату кин!
Ману бозии маргу макру довар,
Туӣ, Озар, ягона офтобам!
Гар ошиқ дар ҳисоби осиён аст,
Туӣ, Озар, туӣ, Озар, савобам!
Дубора чашми исматро кушодем
Ба рӯйи даҳр мафтуну музаффар.
Сафири бахти мо шоҳи ҷаҳон аст,
Дуогӯйи фари мо моҳу ахтар!
Зи бахти нақди мо,
Аз марги ҳиҷрон
Занам табли фараҳ то Каҳкашонҳо,
Бубояд Зуҳраи чангӣ фурояд
Ба базми ишқи мо аз осмонҳо.
Ҳамебахшам ман аз маҳри ҷиҳозам
Мукофоти амал дархӯрди ҳар фард,
Ба мардон мардии виҷдон бихоҳам,
Ҳаёи марг хоҳонам ба номард.
Барои оқилон наҷми наҷобат,
Барои ҷоҳилон сели фалокат,
Барои нотавонон қудрати руҳ,
Барои дӯстдорон сабру тоқат.
Занонро ганҷи шарму покии ҳур,
Ба гулшани ҳусни ҷовидон бихоҳам.
Ба тифлон серии оғӯши модар,
Ба пирон мурдани осон бихоҳам!
Шаҳонро адлу инсофу тавозуъ,
Ба мардум қудрати тамкин, Худоё!
Аҷал шарт аст гар,
Пеш аз ту, Озар,
Ба ҷонам реҳлати ширин, Худоё!
Ҳакимии ду дилро хост ҳоким?
Сано гӯям ба лутфи Ҳотами худ!
Намегунҷам дигар дар арзу олам,
Намегунҷам зи бас дар олами худ!
Ҳамехоҳам бибӯсам тармаҳоро,
Дили саҳро,
Кулоҳи қуллаҳоро.
Барои бахти деру хандаи меҳр
Чӣ сон бӯсам кафи пойи Худоро?!
***
Ишқи ӯ боз андаровардам ба банд,
Кӯшиши бисёр н-омад судманд.
Мисли шаҳпарак сабукбол ба ҳуҷраи дувум ворид шуд. Аз бахт сархуш буду ҷуз сафедии боли он чизеро эҳсос намекард. Он қадар сармасти сурур буд, ки ҳатто худ аз худ боз шудану ҳамчунон баста шудани дарро дарк накард. Ҷавоҳироташро, хилъати қирмизияшро кашид.
Оғӯши гарму нарми бухорӣ гуворо дамгираш кард.
Ҳар гоҳ ошиқони зору низор дуздидаву гургида ба дидори якдигар шарафманд мешуданд, ҳамчунин гармии нарми гуворо вуҷудашро мепечонд, ҳамчунин мурғи дилаш пар-пар мекард. Аммо сурурашон ҳамеша умркӯтоҳ буд. Азизи дилаш пой то сари ӯро бо нигоҳи ташнаву зор бӯсида, ночору дилфигор фирор мекард. Ҷосусони ҳоким чаҳорчашма аз пай ишонро менигаристанд. Чун сабру нотавонӣ низ ҳад дорад, оқибат Ораз ба забони ҳол омад:
– Моро танҳо аҷал аз ҳам ҷудо хоҳад кард!
Ғуломи аз ҳаҷру нокомӣ обу адо то андозае аз хоҷааш ҳаросид, ки байни дарёи Ишқу Аҷал соҳиле намонда буд.
– Оре, танҳо аҷал моро аз ҳам ҷудо хоҳад кард! – посух дод Робиа.
– На, на! Ғалат гуфтем, – савганд ёд карданд ҳар ду. – Аҷал низ қудрати ҷудоии моро надорад!
– Оре, оре! Аҷал низ чунин қудратро доро нест! – гуфт арус барои чаҳор девори мармарини гармобаи занонаи Балх.
Суруди дувум
Туро мекофтам, инсони комил,
Раҳиму роздону раҳнаморо.
Туро мекофтам дар хоки ғамнок,
Азизу меҳрубону муттакоро.
Самову ахтарон маъво гирифта,
Ба чашми чашми ман аз чашми равзан,
Нагунҷида вале дар ҳар ду олам
Мани бесоҳибу танҳоии ман!
Сари бесарвару дарди сари ман
Ба гирди меҳвари тан чархзан буд.
Расуле, ки зи инсон офаридам,
Муроду муддаои меҳри ман буд.
Варо аз аршҳо боло шинондам,
Ки бинам чархро аз дӯши ишон,
Дилу ҷон,
Руҳу имонро супурдам,
Ба ҳукми ноҳақу ҳақ –
Ҳуру шайтон.
Зи сури омади он хони хованд
Шарори хуни набзам қосидӣ кард.
Зи бахтам ахтару хуршед хандид,
Аҷуза – хок аммо ҳосидӣ кард.
Муҳаббат чист?
Пурсидам зи хуршед,
Ба сӯзи поктар сӯзандатар шуд.
Муҳаббат чист?
Пурсидам зи маҳтоб,
Ба фарқи деви шаб тобандатар шуд.
Муҳаббат чист?
Пурсидам зи шайтон,
Бигуфто: «Нафрати ҳар ду ҷаҳон аст».
Малак бо лафзи Озар посухам дод:
– Муҳаббат аз илоҳӣ достон аст!
Манаш гуфтам:
– Муҳаббат нест чизе,
Валекин нестияш ҳастии мост.
Қадаҳ баҳри шаробаш дидаву дил,
Зи бас ҳушёриву сармастии мост?
Набуд ӯ,
Мурда будам,
Ҳасту
Ҳастам.
Зи ҳурони фалак болонишинам.
Шаҳаншаҳ, гарчи аз ман шоҳтар нест,
(Валекин мор андар остинам!)
Гаҳе, ки вориси дарду умедам
Диламро бурда дилдорӣ намекард,
Ғамам бахшида ғамхорӣ намекард,
Сазои ман сазоворӣ намекард,
Зи мардум гӯшаҷӯй,
Аз худ гурезон,
Ба сони мӯйи дар оташ виреҷон,
Ғурурам кушта шуд,
Аз дарди ҳиҷрон,
Чу тифлон шиква кардам, тунду урён,
Ки эй кӯру кару эй лолу нодон,
Чӣ сон мардӣ,
Чаро аз зан гурезӣ?
Магар барфӣ, ки аз гулхан гурезӣ?
Наӣ Юсуф,
Зулайхо нестам ман,
Чаро аз ишқи зори ман гурезӣ?
Ғурури ту гарам сабзида бошад
Ба марзи хокбӯсии асирон,
Ғурури хешро парвардаам ман
Ба шири нанг андар арши кайҳон!
Фишонда ашк Озар посухам дод:
– Гадоро лутфи шаҳ олимақомист.
Туро озори ман дидан раво нест,
Маро бахши ту мурдан зиндагонист!
Маро гардун ғуломат офарида,
Ту ҳокимзода,
Ман погаҳнишинам!
Расида аз адам лутфе ҳаминам,
Ту афлокиву ман хоки заминам!…
Сафои ишқу озодӣ муборак,
Шарори зиндасӯзам,
Озари ман!
Зиҳӣ, уммеди аз ду даҳр навмед,
Зиҳӣ, боли ҳумо – чатри сари ман!
***
Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Баски бипсандид бояд нописанд.
Хоҳони нафаси тоза ба ҳуҷраи савум ворид шуда, хилъати фирӯзарангашро зери қадам афканд.
Зарбаи ногаҳоние сахт таконаш дод. Калавид. Ҳаросон шуд. Эҳсос кард, ки нафасаш дар қафаси синааш печида, роҳи гурез меҷӯяд.
Беихтиёр дари баромадро ҷуст. Овози шинос, аммо амиронае дар гӯшаш садо кард:
– Аз марг то зиндагӣ нафасест!
Нафас зиндагии дар қафасест!
Дар ҷаҳон зистанат бас аст!
– Ман магар зистаам? – посух дод духтари ҳайрон.
– Ман магар зистаам?
– На, на!
Акнун бояд зист!
Беихтиёр худро ба чаҳор сӯй зада, гӯё зиндагиро аз марг ҳимоят кардан мехост.
Бо ёди нерубахши Озар деви ҳаросро мағлуб карданӣ шуда, хаёлан маҳбубаашро фарёд кард:
– Сафои ишқу озодӣ муборак,
Ғами ман, шодиям, шодӣ муборак!
Диди хаёлаш тани бесару ғарқи хуни азизашро намуд. Чашмони сиёҳӣ зеркардаашро сахт пӯшид. Боли суруру фараҳаш сӯхт, ҳарири умедаш пора-пора шуд.
Ҷонсараку хоҳони соҳибдарак дари баромадро ҷуст. Ҳуҷра дар надошт, Музтар монд. Чунонаш намуд, ки пештар низ дар ин гармоба бандӣ буд. Ҳамчунин арус буд. Ҳамчунин ҳафт қабои ҳафтранг дар бар дошт.
Аммо…
Оё он гаҳ гармоба ҳафт ҳуҷра дошт?
Оё он гоҳ ӯ танҳо буд?
Оё арусро танҳо мегузоранд?
На, на! Арусро, ки руҳи фариштагӣ дорад, аз бими деви бадӣ, ки ҳафт шабу ҳафт рӯз хоҳони осеби ӯст, зинҳор танҳо нахоҳанд гузошт!
Чаро ӯ танҳост?
Канизаконаш чаро дар гирдаш парвона наянд?
Чаро дояи меҳрубонаш бо ӯ нест?
Чаро ҳама ӯро тарк гуфтаанд?
Чаро гули васл бӯйи марг мекунад?
Чаро?
Чаро?
Чаро?
Дергоҳ фиғонкунон ба деворҳои сангину кар мушти суолу ҳарос кӯфт, аммо садое нашунид. Шоираи ошиқ, дилдодаи ноумед, бори нахуст. Бо худу бехуд танҳои танҳо буд.
Эҳсос кард, ки беш аз ҳокиму аҳли дарбор, бештар аз барқу туфон, беш аз мору гургон аз худи худ ҳарос дорад.
Эҳсос кард, ки ӯро бо худи худ суолҳо, арзу гилаҳои зиёдест.
Эҳсос кард, ки гаронтарин гуфтугӯ гуфтугӯ бо худу худ хоҳад буд.
Ӯро ҷуз худи худ байни чаҳор девори сангин ҳамсуҳбате набуд…
Суруди савум
Кистам ман? Зи куҷо омадаам,
Ба чӣ шуғлеву чаро омадаам?
Нурзодам, фалакам оқам кард?
Зи қазо бахши ҷазо омадаам?
Чист ин чатри фазо бар сари ман,
Дар чӣ сон тоқ бувад зевари ман?
Аз чӣ сон обу гиле сохтаам,
Аз чӣ сон рӯд бувад гавҳари ман?
Аз чӣ сон нахл бувад хадраи ман,
Насабамро кӣ ба ман нисбат кард?
Асли ман кисту фасли ман чист?
Мазҳабамро кӣ ба ман исмат кард?
Нохост барқи дарке мағзашро сӯзонда, ормони чандинсолаашро, орзуҳои сабзи қудсияшро хокистар кард.
– Оҳ, бедилон!
Сӯхтан низ мазҳаб аст!
Охирин тораки нури умедаш ҳанӯз ногусаста буд.
Ӯ аз худи худ ҳанӯз умеди наҷоту ошноӣ дошт.
Зарраам, зарраи хоки сияҳам,
Дар кафи боди хазон барги каҳам,
Зиндагонӣ на мукофот бувад,
Бо аҷал балки муноҷот бувад.
Зи нишоне чу нишон омадаам,
Зи ҷаҳоне чу ҷаҳон омадаам.
Навбаҳорам ба хазоне нарасид,
Бахши як дам чи гарон омадаам!
Зиндагӣ тифли машаққат будаст,
Бандагӣ модари тоқат будаст.
Ҳардуро тавсани сарҳӯй манам,
Рӯйи санге гули худрӯй манам!
На ба хоси хирадам нодонам,
Зи худу холиқи худ ҳайронам.
Ман агар зодаи меҳри ӯям,
Аз чӣ саркӯби сипеҳри ӯям?
Ҳусни ман ҳамчу гули беоб аст,
Орзуям ҳаваси маҳтоб аст.
Шеъри ман дар нафасам метаркад,
Бахти ман дар қафаси асҳоб аст!
Қадар аз нур ба нурам бубарад,
Сафар аз гӯр ба гӯрам бубарад,
Сабр дар нисбати ҷоҳил ҷаҳл аст,
Ҷабр бар қатли шуурам бубарад…
Ташнаи рӯди висол омадаам,
Фол дар қатраи фол омадаам,
Сода бар даҳри муҳол омадаам,
Соилам. Мисли суол омадаам!…
***
Ту чун моҳею ман моҳӣ, ҳамесӯзам ба тоба-бар…
Арусро касе гӯё ҷабран аз ҳуҷра ба ҳуҷрае меронд. Қамчини ронанда барқ дошт. Хилъати гулобирангашро аз тан канда, ба ҳуҷраи чаҳорум, ки тангтару дилгиркунандатар буд, ворид гашт. Ҷигарбирён об ҷуст. Аммо кӯзаҳои бешумори хурду бузург, ки гӯё барои тамасхур қатор буданд, об не, оташ доштанд. Ба Оташгоҳ, ки акнун дар ҳалқи он месӯхт, рӯй овард…
Хомӯшона аз руҳи ҳафтоду ҳафт пушташ мадад хост. Аммо мададгорон чун деворҳои мармарин хомӯш буданду илҳоми оташ фурӯзон.
Дарки андешааш урён шуд.
Оре, ӯро барои ихлосаш ба оташ ва сарпечияш аз мазҳаби бегона ба оташ додаанд!
– Бузургворо, шаҳидо, бубин дар чӣ ҳолам! Чаро хомӯшӣ, падар?
Робиа охирин умедгоҳаш, руҳи падари бузургворашро фарёд кард:
– Бегуноҳ сӯхтани хунатро эҳсос мекунӣ, падар?
Шуълаи забонаи оташ фурӯзонтар шуд.
– Оне, ки дар зиндагӣ насибаш сӯхтан аст, маргаш низ бояд оташин бошад?
– Бузургворо, чӣ сон ба мардум арз бикунам, ки сӯхтани бегуноҳӣ сӯхтани сӯхтанҳост?
– Мегуфтам, ки Худоро одамон аз нусхаи худ сохтаанд!
– Мегуфтам, ки Инсон сояи шайтон дар замин аст!
– Мегуфтамат, ки писарат бадгуҳару бадзот аст!
– Мегуфтамат, ки аз гавҳари руҳу ҷонат ангиштсанг рӯйида!
– Мегуфтамат, ки ҷуз ба оташкадаи Зардушт ба маъбаде рӯйи саҷда нахоҳам овард! Бубин, алъон дар ин оташкада хокистар хоҳам шуд!
– Мегуфтамат, ки ишқ ҳақиқати ҳақиқатҳост, зеро нури илоҳист. Оре дар дами сакарот низ ба он ақидаам, ки будам.
– Ишқ ҳақиқати ҳақиқатҳост, азбаски бидуни ихтиёри мост!
– Ту даҳшати марги маро медонистӣ, падар? Чаро нагуфтиям, хомӯш бошам, то пеш аз аҷали хеш намирам?
Тарҳи чеҳраи нуронии падар дар дурахши оташ намоён шуд:
– Магар пушаймонӣ?!
– На! Пушаймон нестам! Аз номардии маргам хиҷилам!
Чеҳраи падарро забони оташ лесид.
Робиа ба вопасин суоли зиёду ҳасраташ бо деворҳои лол танҳо монд…
Пас аз сари падар орзуҳояш ятим, худ дар паноҳи ҷаҳли бародари ҳокимаш бесоҳибу бепаноҳ монд. Соатҳо оташкадаро тарк намекард.
Худиёни бегона дар бемазҳабӣ, бегонамазҳабон дар бехудоӣ айбдораш мекарданд. Хавфи сангсор шуданаш меафзуд. Ишқи ӯ ба ғуломи бародараш – Озари ромишгар, номаи урёнҳақиқаташ ба номи амир ба поёни китоби умри пуршӯр, аммо нозанинаш нуқта гузошт.
Дили пешбини Доя аз пешомади даҳшатноки дастпарвари меҳрнозаш пайваста меларзид. Вақтҳои охир бо фармони ҳоким Дояро аз дарбор дур карданд. Ӯ имкони бо меҳрпарвари оташинаш сару суҳбат надошт. Чун духтар пинҳонӣ ба аёдати Дояаш мерафт, пиронасарро ғарқи андешаву чашмнам меёфт.
– Ба сари сабзат бозӣ накун, духтарам! – мегуфт Доя.
– Сари зиндаи беор ба дор бод! Зиҳӣ, сари буридаи номус! – ҷавоб мегуфт духтари бебок.
– Забони сурхат сари сабзатро ба бод хоҳад дод, духтар!
Робиа садои гиряи Дояашро, ки баъди марги модар ягона марҳаму ҳамдамаш буд, шунид.
Ногоҳ дар ҷонаш чунон ташнагиеро эҳсос кард, ки амсолашро асло таҳдон набуд. Ӯ олами гулпӯшро, мусичаҳои дар гӯшаи долон хомӯшро, садои шир-шири новадони боғро, хоктӯдаҳои гунҷишкакон барои «таҳорат» сохтаро, гадоёни бозору кӯдакони пойлучи хиёбонҳоро, онҳоеро, ки тавассути қисмати Дояи пиру бенаво дар дилу дидааш ҷой доштанд ва азизи дилаш низ зодаи ишон буд, ташнаҷон ёд кард.
Дар дами вопасин дарк кард, ки олами зарҳалии ӯ ва бародараш, ки бо мадори зӯриву ҷабр барҷост, дар қиёси дунёи баҳорсон хушрангу содаи бенавоён берангу ноҷиз аст. Ӯ боғу «ҷаннат»-и ҳокимро на, пуштаҳову кӯчаҳои Балхро ёд кард, ки мору мӯру малахашон озод асту хандаи бенавоён пару бол дорад. Ӯ номаи ба амир навиштаашро беихтиёр ёд овард. «Оре, – пеши худ тасдиқ кард, – самандари сӯзон раияти бенаво шавад, мулк бебақо хоҳад шуд. Хории раият аз беадолатии мулк аст. Амиро, медонам, забони сурхам сари сабзамро ба бод хоҳад дод, аммо тавони хомӯш буданро надорам!»…
– Забони сурхат сари сабзатро ба бод дод, Робиа!
– Зиҳӣ сари буридаи номус!
– Сари зиндаи беор ба дор бод!
Деворҳо савганди охирину оташини духтарро такрор карданд.
Суруди чорум
Волиди мо дар камар шамшер дошт,
Дар камони нангу ораш тир дошт,
Ҷӯйи адлаш бар ҳақирон шир дошт,
Пири мо дар кори ҳақ тадбир дошт.
Хок бар афлок часпида магар,
Ё замин, ё чархи гардун шуд нагун?
Арғавонӣ аст арзи арғунун,
Безабонӣ аст исёни забун!
Ҳокими ҳамхуни ман нанги ман аст,
Душмани аврангу фарҳанги ман аст.
Тавсани давлат агар дар банди ӯст,
Домани номус дар чанги ман аст.
Он ки бо бадхоҳи меҳан май хӯрад,
Ҳаққи шири тифли бемодар хӯрад.
Хор сабзонад ба боғи қавми худ,
Решаву пойи қаламкашро бурад.
Яхмизоҷу яхниҳоду яхдил аст,
Он ки дар гармоба сӯзад хоҳараш.
Ҳамраҳи имони худ, ирфони худ
Ӯ фурӯшад санги гӯри модараш.
Аспи мо дар куррагӣ лангон шудаст,
Себи мо дар ғуррагӣ резон шудаст.
Асли мо дар насли мо нодон шудаст,
Чун замона хуни мо вайрон шудаст.
Марг аз баски рақиби зиндагист,
Дар ниқоби шиша пинҳон нестам!
Баъди сад қарни дигар эҳё шавам,
Мезиям ин сон! Чун инсон зистам!
Нест дардам аз ҷавонмаргии худ,
Ҳузни ман аз чашми кӯри мазҳаб аст.
Чанд пошад хок бар чашми сабо,
Он ки андар хидмати деви шаб аст?
Дашнаи макру риё бар ҷон мурам,
Шуъласон дар базми тористон мурам.
Зоди ман сад сол аз ман ман бисохт,
То мани мушкил чунин осон мурам?!
Дар сарам шӯри асирон мебарам,
Дар дилам зӯри ҳақирон мебарам.
Аз замона,
Чун нишона
Бар замин,
Ганҷи арзон –
Нанги мардон мебарам!
Баъди ман чун гӯри ҳури бегуноҳ
Пӯштае рӯяд ба домони Ватан,
Шеърҳои дар лаби ман куштаро
Духтаре гӯяндатар гӯяд зи ман!
Тифлаконро кушта ҷаҳли мойндар,
Модари меҳру муҳаббат мурдааст.
Орзуманди хачирак –
Қавми ман
Рахшу Шабдизаш зи хотир бурдааст!…
***
Ҳангоме дар ҳуҷраи тангу сӯзони панҷум хилъати бунафшарангро бехудона аз тан меканд, гӯшҳояш шунаво фарёд заданд:
– Эй марг, нобаҳангом омадӣ!
Гӯшҳояшро бо панҷаҳои оташинаш руст кард, аммо фарёд басанда не.
– Марг!
Киро мехонӣ?
Маро?
Маҳбуби маро?
Ӯ аз ман бузург аст, ҳам дар сол, ҳам дар камол!
Маро бубар, аммо ӯро барои бахту саодат бигузор!
Эй марг, мард бош, ки аз номардон дилам гирифта…
Фарёди бехи гӯшаш таҳлукадор шуд:
– Аллоҳу акбар!
Аллоҳу акбар!
Ёдаш омад, ки имрӯз ҷумъа асту намози ҷомеъ дар масҷиди бузурги навсохт. Аз диди хаёлаш саф-саф аз дарвозаи «хонаи Худо» ворид шуданд. Бародари хоҳаркушаш пешвоёна дасти дуо ба осмонҳо мебардорад, дигарон ҳаракатҳои ҳокимро такрор мекунанд.
– Аллоҳу акбар!
Аллоҳу акбар!
– Худои бузургу ягона, аҷаб бандаҳои ҳақире офаридаӣ!
Ай Худои дар офариниш беҳамто, чи маҳлуқакҳое халқ кардаӣ!
Ӯ медонист. Қавмаш русуми аҳли ин мазҳабро намедонад, ояту мазҳаби тозаро хато талаффуз мекунад, аммо қаламкашон аз ишон намеранҷанд. Хандидан ба ҳоли тифлони болиғ ҳаловате дорад.
«Шукрона, ки танҳо мазҳаби бегонаро пазируфтанд. Забонашро низ чунин итоаткорона мепазируфтанд.
Безабон на кӯҳ ҳасту на дарё, на гаҳвора, на тобут, на зод, на бунёд. Бунёди миллат забон аст. Ҳарчанд як умр бо бародар бо забони модар гуфтугӯ дорад, аммо ҳамдигарро намефаҳманд. Безабонии тифле ҳузновар, безабони миллате марговар аст. Вой бар ҳоли миллати безабон!
– Миллат чист?
– Миллат меҳроб аст!
– Меҳроб чист?
– Меҳроб кӯшиши худосозии хокиён дар замин, аз муҳаббати зод. Агар фарзандон сӯйи меҳроби дигар рӯйи суҷуд оранд, зод пӯсидааст!
Агар фарзандон ба меҳроби дигар ибодат бикунанд, аслу насаби худро ба шайтон фурӯхтаанд.
Соҳибришони қавм низ ҳамчунинанд. Ишон мазҳаби ғайрро на ба хотири имон, балки барои пойдори сиёсати бемадори худ пазируфтаанд.
Чун асли сиёсат нахоҳад буд! Дине, ки асоси руҳу фарҳангу ахлок аст, хидматгори сиёсат нахоҳад шуд! Сиёсатмардони соҳибриш қуввати худро дар шикасти қудрати занон намоиш медиҳанд. Духтарони шуҷои модархудои Суғду Бохтарро номардона таги чодари сиёҳи осоиши худ меронанд. Саркашонро ба оташ медиҳанд, ба оташи ниёгон, ки худ бешарафона аз он рӯй тофтаанд…
Суруди панҷум
Дами кӯтаҳнафасии сакарот
Ҳарзаи лафзи дигар гӯш кунед.
Асли худ,
Решаи худ,
Модари худ,
Чун пакаргашта фаромӯш кунед.
Ҳарчи аз хеш бувад, ғеш бувад,
Ҳарчи бегона бувад, манзур аст.
Баски чашми дили ишон кӯр аст,
Ҳарчи торик бувад, пурнур аст!
Аз чунин буда набудан авлост,
Аз чунин зиндагӣ мурдан авлост,
Аз қабое, ки намояд баданат,
Тани урён. Таги мадфан авлост!
Нигарам дар алави кунди ҳиял,
Маргро бо ситами печонаш,
Макрро бо ҳасади урёнаш,
Ишқро бо аҷали сӯзонаш.
Лоли фарёд шавам. Дод шавам,
Воизе ҳарзаи кишвар бикунад.
Хокро бӯсаму худ хок шавам,
Ворисе саҷдаи довар бикунад.
Дастам аз хок бурун мемонад,
Қарзам аз сифла фузун мемонад.
Баъди ман дар ҳарами Ишқу Умед
Гуле дар кӯзаи худ мемонад.
Баъди ман
Қиссаи талхи ситамам
Гул кунад,
Ғӯра кунад,
Дар ёде.
Об!
Бар ташнаи оташзоде,
Дод!
Аз макри ҳақирон,
Доде!
Дар кафам соғари озар гузарам,
Ташнаи оташи Озар гузарам,
Лек з-оне, ки маро оташ зад,
Мурдаву зинда музаффар гузарам!
Набувад фасли маро сабзу хазон,
Дар шарори нигаҳе зинда шавам,
Дар таги дору шиори «зинҳор»,
Дар ғамеву фараҳе зинда шавам!
***
Дари ҳуҷраи шашум якбора боз шуд. Духтари ташнасӯз, ки бо зиндагӣ не, бо аҷал сару кор дошт, наҳаросид, балки бебокона хилъати заъфаронияшро кашида ба ҳуҷра ворид шуд. Зиндагияш бебозгашт сӯйи аҷал рӯйи муросо гардонда буд.
Забонаш дар ком чун парандаи оташхор ба парвоз омад.
– Магар аз сӯхтани хуни ман хуни ту оташ намегирад, Ҳорис?
Магар аз дамкӯтаҳиҳои ман ту нафасгир намешавӣ?
Он ҷонеро, ки ба ман ато накардаӣ, ҳуқуқи рабуданашро дорӣ?
Эй он, ки дар ин дунё барои худ «ҷаннат» оростаӣ, дӯзах муборак!
Машъали кокули худро нигарам,
Дили худ – қандили худро нигарам.
Духтари оташи ту месӯзад,
Миллати беписари бесипарам!…
Ҳарби аҷал бо руҳу ҷони духтари исёнгар беамон буд.
Робиа медонист, ки дар оташхона қатрае об нахоҳад ёфт, аммо худфиребу умедвори зиндагӣ об меҷуст. Як умр гӯё чунин ташнасӯз буду кӯзаҳои бешумори ҳастӣ об не, оташ доштанд.
Дар дами сакарот чизеро ба ёд овардан мехост, чизи муҳиммеро.
Оре! Ишқи ғулому шоираи ҳокимзода пардаест дар рӯйи сиёсати ҳокиму аҳли ҳукм. Ӯро руҳи исёнгараш, рӯшании дидаи ҳақиқатбинаш ба ҳалокат оварда.
Сӯхтанаш ногузир аст.
Ӯ бояд бисӯзад.
Мисли онҳое, ки то ӯ сӯхтаанд.
Баъди ӯ низ саркашони «мушти пар»-ро ҳамчунин бешоҳиду беайбнома, беҳукми адлия пурасрор хоҳанд кушт.
Ҳамчунин «гесӯдарозони хирадкӯтаҳ»-ро, саркашони осиро, ба азоби алим ба ҳалокат расонда, руҳану ҷисман маҳкум намуда, «худкуш» фатво дода, аз гӯру кафан, аз ҷаноза, аз оши худоӣ маҳрум мекарданд.
Дарки ҳақиқат чунон талх буд, ки нафасе дарди оташзодашро фаромӯш кард.
Азоби руҳ дарди ҷисмро маҳв карда буд.
Ӯ ёди ёдашро ёдрас шуд.
Оре, ӯ ин асрори оташкомро, ин ҳияли мардони занкушро даҳ сада пештар, таҳдон буд.
Оре, ӯ аз ин дарҳои худкушои сангину пурасрор сад бор ворид гашта.
Зеро аз хокистари Робиаи пештар сӯхта ӯ рӯйида аст.
Оне, ки Робиаи кунуниро зодааст, чӣ гуна буд?
Оне, ки аз хокистари ӯ эҳё хоҳад шуд, чӣ гуна хоҳад шуд?
Бигузор модари қисмат нусхаи ӯро зери боли шафқату инсоф бигирад. Вагарна ӯ низ аруси безурёту бешоҳмард, ҳамчунин туъмаи оташи макру ҳиял хоҳад шуд.
Қисмато, ӯро оқилу тавоно биофар!
Муқобили сел бел задан марговар аст.
Ӯ бояд бидонад:
Муросову мадоро осоиши ҳазор насл аст.
Ӯро комил биофар, эй қисмати нокомилон!
Вагарна азоби мурдану эҳёшуданаш беҳуда хоҳад буд…
Суруди шашум
Маро ин сӯхтан нав нест,
Сӯзам кам зи машъал нест!
Ману оташ
Ду ҳамзодем –
Аз хокему аз афлок.
Ману оташ
Ду худсӯзем
Месӯзему мемирем,
Ба умеде зи ғаждиҳо бигардад арзу гардун пок.
Ман аз ин хона чун афсона афсун меравам берун,
Ба сони дона дар марзи ҳақиқат мерасам афзун.
Ҷаҳолат гар чу шаб аз тираосорӣ тавон ёбад,
Ман аз нуру зиёи ҳақ бигардам шуҳраву афсун.
Ба гирди гулхани падруд хонам ҷумла поконро,
Сафири покруҳон,
Руҳи бемарги ниёгонро.
Ба ҷуз ман андар ин дунё нахоҳад дид инсоне,
Фиғони мӯйи дар оташ,
Гули сӯзандаи ҷонро!
Ба оташ дода оташро.
Куҷо донанд қотилҳо
Ки баъдам дар ҷаҳон оташпарастӣ бештар гардад.
Агар боли маро бишкаст гардун ҳамчу нахли тар,
Ба роҳам кӯдаки нозодаи ман раҳсипар гардад.
Арусии фаноямро аҷал мебинаду шод аст,
Ки теғаш бар сари сабзу баланди зиндагӣ болост.
Ки одам аз азал аз ҷабри одам зору гирён аст,
Ки хушбахтии инсоне ба инсоне ғами ғамҳост.
Бад-ин пириву ранҷуриву худхориву худкоҳӣ
Натонам гуфт:
Умри ғунчасон дорам, ҷавонмаргам.
Дареғи ҳақ, ки бо ман зери тӯри макр хоҳад мурд,
Бубахшо шодии мотам,
Аруси ҷовидонмаргам!
Арусе, ки надонад чист бӯйи кӯдаки навзод,
Арусе, ки кафан аз оташи Зардушт медӯзад.
Арусе, ки ба роҳи шоҳмарди безару бесар
Зи гесӯи виреҷон гулхани падруд афрӯзад.
Агар хасоташи ҷаҳли замони худ намебудам,
Авасторо барои ворисон инъом медодам.
Ва тифлеро, ки месозад зани мирандаро бемарг,
Ҳамезодам зи нанги хеш,
«Тоҷик» ном медодам!
***
Ҷонсарак ба ҳуҷраи охирин ворид шуд. Дар дили ҳуҷра санги тафсонеро дид, ки бо нигоҳи арғувонӣ сӯяш менигарист.
Чашмаш сӯхт.
Лабаш сӯхт.
Забонаш сӯхт.
Дилаш сӯхт.
Ҷонаш сӯхт.
Хунаш сӯхт…
Оне, ки умре сӯхтан дошт, дар дами охир аз сӯхтан хаста шуд.
Хунаш дар раги шарёнаш ҷӯшид.
Чун инсони аз «гул нозук» мурда буд.
Чун инсони аз «санг сахт», чун шахсияти дар худ қисматҳоро ғунҷонанда ҳанӯз руҳаш тавони мубориза дошт.
Каломи вопасинаш дар лабаш месӯхт.
Хилъати кабуд – ҷомаи охираташро ханҷолкунон ба ҳуҷраи ҳафтум қадам гузошт. Абрешим ба тани нозукаш кафанвор часпида буд. Ӯ дигар роҳи наҷотро намеҷуст. Ҳанӯз дар руҳи бешикасташ ҳақиқаташ ногуфтае зинда буд. Ӯ садои сӯхтани хунашро мешунид. Хуни ҷӯшонаш андешаҳояшро тасдиқ мекард.
Оре, ӯро на ишқи ғулом, балки руҳи исёниву забони ҳақбаёнаш ба оташ дод!
Умри кӯтоҳи ӯ ном дошт:
– Озар!
Оташ!
Аҷал будаст лутфи шоҳу ҳоким!
Дар дами мавт ҷазои даҳшатноку қадимии ошиқкушӣ ба ёдаш расид. Пеши худ аз лутфи онҳое, ки «кушта дар офтобаш намондаанд», минатдор шуд. Пешин ошиқонро, ки рӯбарӯи якдигар бо расан ҷонкоҳ баста, мардумро ба тамошо мехонданд. Ошиқони ташнаи васл аввал дар дами марг якдигарро муштоқона мебӯсиданд, сипас аз тангии нафас ба ҷон расида, якдигарро хойида мекуштанд…
– Куҷоӣ, эй аз ҳама азизон азизтар, эй Озар!
– Дили шайдоят азоби алими арусатро бароят нагуфт?
– Оҳ, Озар!
– Агар ба ҳокимзодаи асил чунин аҷалро раво дидаанд, қатли ғуломи бечора чӣ сон бошад?
– Озар!
– Ал-амон!
Оинаи чашмонаш хун гирифт. Ду савор ҷасади хуншору бесареро кашолакунон дар биёбон асп меронданд. Хати хунин дар саҳифаи регистон достони фоҷиаи ғулому шоираи нокомро ифшо мекард…
Дили духтар чун дили ҳама ошиқон ҳақиқатро мегуфт.
Робиа бо охирин қатраи хунаш поёни ин достонро навиштан хост.
Ӯ ангушташро газида, хуншор кард. Ранги қалами ҷонаш барқ дошт.
Дар навдаи сабзи танаш
Садбарги оташ панҷа зад.
Бар чашму рӯяш панҷа зад,
Бар тоби мӯяш панҷа зад.
Қатлаш, ки номардона буд,
Ҷон доданаш осон набуд.
Ҳури ҳақиқат дар замин
Месӯхт дар чашмони худ.
Гӯйӣ, ба ҷойи Робиа
Оташ забон оварда буд.
Бинвишта кард армони худ,
Бо хуни нофармони худ:
– Халқи ман.
Сантури беовози ман.
Нанги ман, номуси кайҳонбӯси ман!
Руҳи ман,
Парвардигори холиқам,
Байти нангу ори ту –
Қомуси ман!
Ӯ нафасгир шуд. Тори бирешими нафсаш ба кандан моил гашт. Аммо Робиаро дар дил гуфтание буд, ки аз нагуфтанаш алҳазар! Ӯ арз дошт. Аз номи худу дигарон – ба ҷойи ҳама. Арзаш ба Ҳорису ҳорисҳо на, ба онҳое буд, ки аз номи модару меҳан, миллату мазҳаб пеши имони худ савганд ёд карда, шикастаашонро бо марги худ кафшер хоҳанд кард.
Робиа медонист:
Имрӯз набинандаш, чашми фардо бинотар хоҳад буд.
Имрӯз нафаҳмандаш, номаи нангаш фардо фаҳмотар хоҳад буд.
Ононе, ки ӯро ба оташ додаанд, фардо аз алами ёдаш гирён хоҳанд шуд.
Имрӯз ӯро ба оташаш дода, фардо аз ёди гулхани тани нозукаш ях хоҳанд баст.
Ӯ хоксории безинҳори миллатеро, ки ӯро зодаасту дарди меҳрашро ба ӯ бахшидааст, медонисту месӯхт…
Робиа номаашро ба номи фардо навишта кард.
Суруди ҳафтум
Халқи ман,
Бемори безинҳори ман,
Гулпарасти гулшани озори ман.
Хобро дуздида тифли гушнаат,
Аз фароғи дидаи бедори ман!
Рӯзадори нони дастархони худ,
Гушнаиву шукри серӣ мекунӣ,
Мӯзадорон бар сарат по мениҳанд,
Бандаӣ!
Даъвои мирӣ мекунӣ!
Ҳокимон аз ранҷи ту ишрат кунанд,
Худ вале бечораи бечораӣ,
Пастро боло зи худ биншондаӣ,
Гарчи худ болотарин сайёраӣ!
Бесаронро сарвари худ сохта,
Мекашӣ бори ҳавасҳошон гарон.
Ҷоҳил аз оқил ҳунарвар будааст?
Эй муросо,
Эй мадоро,
Ал-амон!
Лолии як фард дорад ҳузну дард,
Лолии як қавм лафзи ваҳшат аст,
Кӯрии як фард ҷурму иллат аст,
Кӯрии як қавм чашми даҳшат аст!
Дар шаби хобам,
Гаҳи бедориям,
Ту маро аз дарди худ гирёндаӣ.
Эй худои бехуду бебуди ман,
Аз худои хеш –
Аз худ мондаӣ!
Халқи соҳибтоҷи ман, тоҷат куҷост,
То ба қасди тоҷирон бар сар кунам?
Беҳ бувад беқибла мурдан, з-он ки ман
Саҷда сӯйи маъбади дигар кунам!
Безабонӣ офарад лолу забун,
Бандагонро бенавоӣ офарад.
Подшаҳро офарад сабри гадо,
Қотилонро бехудоӣ офарад.
Ташнаатро об на, оташ бидеҳ,
То нахезад з-оҳи сабраш бӯйи дуд.
Аз алам, аз нанг зулфамро бурам,
Борбад ин сон бурид ангушти худ!
Соҳибони мулк соҳир нестанд,
Нозимон дар нанг шоир нестанд,
Варна занро кушта мардони залил,
Зери гардун бо ҳиял мезистанд?
Гирди дастархони макру айши худ
Ҷумла чун ношукр маҳкумам кунанд.
Ҳамчу исёнии додарносипос
Аз дуои меҳр маҳрумам кунанд.
Нонашон аз гандуми пӯсида аст,
Аз хушомад хунашон ях баста аст.
Оташе, ки пок месӯзад маро,
Рӯйи гӯрам з-ишқи ман гулдаста аст.
Ворисони мулк!
Бенангони қавм!
Ҳайфи ришу савлату дасторатон.
Маркаби коҳил бимонад ними раҳ,
Аз каҷии бори нангу оратон.
Санг сӯзад аз шарори хуни ман,
Сар барорад оҳам аз равзан чу дуд.
Шоҳидони марги ман оташ заданд
Ростиро дар танӯри макри худ.
Он ки аз бонги ҳақиқат мерамад,
Ҳафт пушти ҳақрасонро душман аст.
Ҳар хирадманде, ки меварзад сукут,
Дар ҳалокам зомини хуни ман аст!
Ман шикастам,
Хомаам нашкаста аст,
Номаи исёни ман нохонда аст,
Ишқи ман аз бегуноҳӣ сӯхт, сӯхт,
Тифли ман дар батни миллат мондааст!…
Анҷом
Духтари оташи ту месӯзад,
Миллати беписари бесипарам…
Нахуст касе, ки паси дари бастаи гармоба расид, Доя буд. Пиразани дилфигор бо панҷаҳои хуншор дарро харошида, ба гардунҳо фиғони ҷигарсӯз сар дод. Доя модархудоеро мемонд, ки дар ҳалоки ҷигарбанди ягонааш мушти алам ба осмонҳо бардошта, аз разолат бар адолат арза мекард.
Пиразани паршикаста пешонаи сахташро ба дари оҳанин кӯфта, аз худу дигарон, аз замину замон, аз чашми кӯри қисмати ошиқони ноком, аз ворисони лолу рӯзгори маҳол менолиду мегирист…
Фиғони пиразан оммаро аз фоҷиаи хунин огоҳ кард. Мардум паси дари гармоба расида, девори азимеро сохтанд, аз ғазаб аз хамӯшии тарканда, аз ашку аламу ҳасрат. Занони бехонумон чун абри баҳман мегиристанд. Барои ҳамдардии худ, балки барои худ мегиристанд.
Дар масҷиди ҷомеъ намоз идома дошт. Мардони занкуш рӯйи сачҷода меафтоданду мехостанд. Мехостанду меафтоданд.
Доя сӯйи масҷид рӯй гардонд. Ашкаш сӯхта буд.
Забони сурхи пиронасар низ қасди сарашро дошт:
– Бархезед, бешарафҳо!
Бархезед, занкушҳо!
Бархезед, оқипадарҳо!
Оне, ки нафасе аз гули нози худ ҷудоӣ надошт, аз паси дар бо ҷисми оташини ӯ гуфтугӯ мекард; барои Доя бо Робиа ҳақиқату зебоӣ сӯхта буд.
Асли гуноҳи ту чӣ буд,
Эй хасми банду бандагӣ?
Эй кош, ман месӯхтам
Ҷойи ту аз шармандагӣ.
Бар бенавоёнат наво,
Бар лолҳо бӯйи сухан.
Ту бо ҳама дороият
Нодортар будӣ зи ман.
Қасри ту зиндони ту буд,
Шеъри ту исёни ту буд.
Ишқи ту – озодии ту,
Занди ту, ирфони ту буд.
Сабри асирон ёварат,
Пири ҳақиқат доварат,
Хуршедсон воло будӣ
Аз хоки пасти додарат!
Хушрӯ будӣ,
Хушгӯ будӣ,
Садрӯйро
Як рӯ будӣ,
Олуси макру фитнаро
Ойинаи якрӯ будӣ.
Дар ин замони бадгуҳар,
Байни ҷамеи кӯру кар
Ҳам шоҳ будан,
ҳам гадо,
Ҳам теғ будан,
ҳам сипар,
Ҷонам, барои як нафар,
Ин айби кам бошад магар?!
🔒
Идомаи матн барои обуначиён
Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.
Агар рамзи дастрасӣ доред, онро дар ҳуҷраи шахсӣ ворид кунед.