САҲИФАИ САРДАБИР. ЧОРДАҲУМИН ИМКОНИ ДАВЛАТДОРӢ
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то чи андоза муассир ва ҳаётӣ будани фалсафаи давлатсозии хирадмандонаи Пешвои тоҷиконро ба маърази ҷаҳониён гузошт.
Таърихшиносон бар онанд, ки миллати тоҷик дар тули таърихи мавҷудияти хеш сездаҳ маротиба соҳиби давлат шудаву бо сабабҳои гуногун онҳоро боз аз даст додааст. Ва гуфтаанд, таърих миллати дигареро дар ёд надорад, ки дар рубъи маскун барои сохтани давлати худ ин қадар талош варзида бошад. Сохтааст, бохтааст, сохтааст, бохтааст.., вале маҳв нагаштааст. Сабабгори бақояш забон ва адабиёти бузург будааст. Давлатҳо суқут кардаанд, вале забони дарӣ-форсӣ-тоҷикӣ побарҷо монда, барои ҳар давр асарҳои оламшумуле додааст, ки онҳо на фақат тоҷиконро аз фурудҳо ба фарозҳо бароварданд, балки ақвоми дигарро низ нафҳаи тамаддун бахшидаанд.
Чордаҳумин навбати ба даст овардани давлатдорӣ ва худсолори мутлақи он, хушбахтона, насиби насли мо – тоҷикони охири асри XX – аввали асри XXI будааст. Акнун онро бояд ҳифз кунем.
Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба мағзҳои рӯшанамон тарҳ ва консепсияи онро пешниҳод намуданд. 35 соли охир дурустӣ ва коромадии ин консепсияро дар амал нишон дод. Худшиносӣ, Ваҳдат, Сулҳ ва Созандагию Бунёдкорӣ аслҳои онанд. Зимни суханронӣ дар Ҳамойиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – “Пайванд” Пешвои миллат ин роҳбурдиро чунин тавсиф карданд: “Мо бо ин ибтикороти худ ба ҷомеа ва ҷаҳониён паём додем, ки тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангӣ соҳиби таърихи қадим, тафаккури созанда, анъанаҳои пурғановати илмиву фарҳангӣ ва адабиву мардумӣ мебошанд”.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то чи андоза муассир ва ҳаётӣ будани фалсафаи давлатсозии хирадмандонаи Пешвои тоҷиконро ба маърази ҷаҳониён гузошт. Он ба пархошҷӯёни олам паём дод, ки ҳеч давлату миллати рубъи маскунро ҷангҷӯиву кинаварзӣ хушбахт накардааст ва нахоҳад кард. Роҳи ягонаи саодатмандӣ роҳест, ки Тоҷикистон ва соири давлатҳои ҳамақидааш пеш гирифтаанд! Агар хоҳӣ ҷаҳонро ба даст орӣ, ба дониш рӯй ор, на ба хушунату ситез.
Дарахти ту гар бори дониш бигирад,
Ба зер оварӣ чархи нилуфариро.
– ҳазор сол пеш таъкид намудааст Ҳаким Носири Хусрав.
Вежагии тадбирҳои ҷашнӣ ин буд, ки табрикот на фақат аз ҷониби мақомотҳои расмӣ сурат мегирифт, балки ҳар як сокини Тоҷикистон ба муносибати ин рӯйдоди муҳим пайвандону наздикони худро табрик мекарду барояшон ҳадяҳои идона медод. Мардум ба таври саросарӣ дар тамоми гӯшаҳои ҷумҳурӣ дилхушӣ мекард, – аз таҳти дил, бо самимият, бо ифтихору сарафрозӣ.
Ҷашни Истиқлол иди мардумӣ шуд! Миллат чордаҳумин имкони давлатдории худро дигар ҳеч гоҳ аз даст намедиҳад!