Сешанбе, 17 ноябри 2026
Садои Шарқ
Нашрияи миллии адабии Тоҷикистон
Хабарҳои идора

САҲИФАИ САРДАБИР. БАРНОМАИ АМАЛИНАШУДАИ СОМОНИЁН

Бо дарки ин масъулияти бузург Пешвои ояндабину давлатсози мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сароҳат ва муҳаббат ба сохтани тамаддуни ҷаҳоншумули ориёӣ рӯ оварданд.

САҲИФАИ САРДАБИР. БАРНОМАИ АМАЛИНАШУДАИ СОМОНИЁН

Сомониён буданд, ки забони дарӣ (форсӣ, тоҷикӣ)-ро аз сатҳи гуфтугӯи ом ба манзалати забони адаб, илм, фалсафа ва давлатдорӣ бардоштанд. Он ҳам дар муддати кӯтоҳ. Давлати муқтадиру муттаҳиду осуда тамаддуни бузургро ба вуҷуд овард ва ба тантанаи арабҳо дар сарзамини паҳновари ориён нуқта гузошт. Динашонро пазируфт, ҳокимияташонро рад кард. Чунин зарбаи миёншиканро истилогарони араб дар ҳеч як қитъаи олам нахӯрда буданд.

Дар муддати қариб 200 соли ҳукмронии аъроб забонҳои қудратманду соҳибхати ориёӣ – паҳлавию суғдӣ аз байн рафтанд. Чун тамоми осори ба ин забонҳо нигоштаро сӯзонданд, соҳибонашонро маҳв карданд.

Аммо Сомониён илоҷи корро ёфтанд. Забони дариро, ки мардуми дарасорони Мовароуннаҳру Хуросон ба он ҳарф мезаданд, ба кори давлатдорӣ кашиданд. Зеро бе забон фарҳанг ва бе фарҳанг тамаддун сохтан мумкин нест, билхоса тамаддуне, ки дар муқобили арабишавии башиддат истодагарӣ карда тавонад.

Забони ширин адабиёти шевою зеборо ба вуҷуд овард. Шеъри марғубу насри маҷзуб дар андак вақт дар фазои сарзаминҳои ориёнишин пар кушуд ва мардуми ташнаи фарҳанги худӣ оҳанги озодиро шунуд.

Ин кори бузургро вазири кабири Сомониён Абулфазли Балъамӣ анҷом дод. Ин давлатмарди меҳандӯст боистеъдодтарин намояндагони илму адабу ҳикмату ҳунару санъатро дар Бухоро ҷамъ овард ва тамаддуни бузурги нави тоҷикиро ҳамроҳи онҳо сохт.

Бо пешкории Балъамӣ на танҳо адабиёти нав рӯйи кор омад, балки аксари кулли осореро, ки ба хотири аз ёдҳо нарафтан ватандӯстони соҳибфазилате ба мисли Рӯзбеҳ пури Худодод ба забони арабӣ баргардонда буданд, ба дарӣ тарҷума карданд. Як мисоли барҷастаи он тарҷумаи достони “Калила ва Димна” аз тарафи устод Рӯдакист.

Ин иқдоми бузург корашро кард. Забон ва адабиёти тоҷикӣ-форсӣ ҷойгузини сазовори тамаддуни ориёӣ гардид, ки то замони мо расид ва, албатта, то ҷаҳон боқист, зинда хоҳад монд.

Ин қисмати аввали барномаи Сомониён, ба эҳтимоли қавӣ аз Балъамиёни дурандешу хирадманд, падару писар Абулфазли Балъамӣ ва Абуалӣ Балъамӣ буд. Он, бидуни шак, қисмати дуюм ҳам дошт, ки ба назари мо, ончунон ки мантиқи инкишофи ҷамъият дар замони Сомониён дарак медиҳад, бозгашти комил ба тамаддуни ориёӣ буд.

Аммо замони хуношом монеи татбиқи ин ҳадафи бузург гардид. Душманон дар дарбори Сомониён ихтилоф андохтанд ва он ҷамъияти ватанпарварро пароканда сохтанд. Гардиши чарх чунин раво донист – амалӣ намудани бахши дуюми барномаро ба зиммаи мо – тоҷикони асри 21 гузошт.

Бо дарки ин масъулияти бузург Пешвои ояндабину давлатсози мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сароҳат ва муҳаббат ба сохтани тамаддуни ҷаҳоншумули ориёӣ рӯ оварданд.

Тоҷикони ҷаҳон ба комёб гардидани ин лоиҳа эътимоди комил доранд, зеро тариқати фармонравоии шоҳи Сомонӣ ва тамаддунсозии Балъамиёнро дар симои ин фарзонафарзанди худ мебинанд.

Оре, барномаи татбиқнашудаи Сомониён амалӣ мегардад!

Боз аз рубрикаи «Хабарҳои идора»

Ҳамаи мавод →
ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Хабарҳои идора

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Хотирнишон менамоям, ки забони гуфториву навиштории тоҷикӣ имрӯз ҳамчун падидаи муҳимми шуури миллӣ яке аз омилҳои таҳкимбахши худогоҳиву худшиносии насли наврас ва ҷавонон ба шумор меравад.

Идораи маҷалла · 5 октябри 2026
САҲИФАИ САРДАБИР. ЧОРДАҲУМИН ИМКОНИ ДАВЛАТДОРӢ
Хабарҳои идора

САҲИФАИ САРДАБИР. ЧОРДАҲУМИН ИМКОНИ ДАВЛАТДОРӢ

Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то чи андоза муассир ва ҳаётӣ будани фалсафаи давлатсозии хирадмандонаи Пешвои тоҷиконро ба маърази ҷаҳониён гузошт.

Ато Мирхоҷа · 15 сентябри 2026
АДАБИЁТ ВА ИСТИҚЛОЛ Кушода
Адабиёт

АДАБИЁТ ВА ИСТИҚЛОЛ

Суҳбати Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим бо рӯзноманигор Мансур Суруш

Идораи маҷалла · 4 сентябри 2026