Чоршанбе, 18 ноябри 2026
Садои Шарқ
Нашрияи миллии адабии Тоҷикистон
Тарҷума

Пора аз романи “Таъми калела”

Достони зиндагии ду русбачаи ятим, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Тоҷикистон кӯчонда мешаванд ва аз шарофати меҳру мухаббати мардум камол меёбанд.

Пора аз романи “Таъми калела”

Николай Крамной соли 1931 таваллуд шудааст.
Нависандаи касбӣ набуда, бо коргарӣ умр гузарондааст.
Аввалин асараш дар 33-солагӣ дар маҷаллаи «Донбасс» ба табъ расида, баъдан қиссаҳои «Мамнуъгоҳи қотилон», «Тиллои бехосият», «Дӯстони қиёматӣ», «Хоинони хонагӣ», «Ганҷинаи мулло», «Сояҳо дар саҳрои торик», «Галаи гургон», «Дар ҳар қадам қотиле», «Нақши Зардушт», «Марг дар мавсими ҳарир», романи “Соҳирон” ва ғайра ҳамсафи маъруфтарин моҷароофаронаш намудаанд.
Мавзуи Шарқ дар эҷодиёти адиб мавқеи муҳим дорад. Аз ҷумла, қиссаи «Таъми калела» дар бораи ду русбачаи ятимест, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Тоҷикистон кӯчонда мешаванд ва аз шарофати меҳру мухаббати мардум камол ёфта, ба хизмати Ватан камар мебанданд. Гумон меравад, ки асар саргузаштӣ буда, ҳаёти худи муаллифро дар бар гирифтааст.
Тибқи навиштаҳои Интернет солҳои 2000-ум нависанда сокини Донетск будааст ва дар нашриётҳои он ҷо чанд асар ба табъ расондааст. Дар борааш беш аз ин маълумот пайдо нашуд.

Боби 1

Дар паси тиреза дузде меистод.
Ба дузд будани ӯ Витка шубҳа надошт. Он шомгоҳ вай чароғро дарнагиронда буд ва аз паси тирезаи бепардаи хонаи торик тарҳи одамеро, ки дар таги дарахти бед истода буд, аён медид. Аз тиреза то ҷӯе, ки он бед дар лабаш меруст, ҳамагӣ чанд қадам буд.
Рӯзи сеюм аст, ки Витка, интизори бозгашти модар, танҳо зиндагӣ мекунад. Модар, бӯғчаеро бардошта, савори мошини ро ҳгузар барои ашёҳояшонро фурӯхтан ба Ленинобод рафта буд.
– Он ҷо чаканабозори калон аст, ҳама чизро мехаранд, – мегуфт ӯ, кастуму куртаҳои шавҳарро ба бистарпӯши паҳнкардааш печонда.
Қабл аз ин мошини дӯзандагӣ ва палтои зимистонаи гарданаш пашмини модарро, ки пеш аз саршавии ҷанг дӯзонд, ба бозор бурда буданд. Чанд куртаи модар низ дар он қатор ба фурӯш рафт. Вале ашёи падарро то имкони охирин эҳтиёт намуданд.
– Ҳеҷ гап не, сиҳату саломат баргардад, боз меёбем. Луб-луч намеояд-ку, ҳоло як илоҷ карданамон лозим, – худро тасаллӣ медод модар.
Витка, дар ҷобаҷокунии ашё ёрӣ расонда, ноаён пиҷаки шакалотранги мӯйинагиро бӯ кард. Аз он бӯйи падараш меомад.
Ба ёд овард, ки як субҳи тобистон аз назди комиссариати ҳарбӣ якчанд аробаи дуаспа ба куҷое равон шуданд. Дар пеши аробаҳо, рӯйи коҳи густурда, аскарони ба набаргоҳ равон менишастанду дар ақиби аробаҳо халтаву ҷомдонҳои онҳоро ҷой карда буданд.
Аробакашҳо тозиёнаҳояшонро болои сари аспҳо бурдаву ҷилавашонро сар доданд ва аробаҳо, гаштанашонро торафт тезтар карда, дар кӯчаи пурчанг ба давидан даромаданд. Витка бо тӯдаи бачаякони чун худаш, ашки чашмонашро бо дастони ғуборолуд шакида, то дер аз паси аробаҳо давид. Дар яке аз гардишҳо пойи урёнаш ба чизе дармонд ва ӯ рӯйи чангу хоки сарди роҳ афтод. Аз ангушти кафидаи пояш, ба ҳубобакҳои тару тирае табдил ёфта, хун ҷорӣ шуд.
Аз ҷо бархоста, чеҳраи аз дард дарҳам фишурдаи падарашро дид, ки сари по шуда, тозиёнаро аз дасти аробакаш тунд гирифту бераҳмона ба сари аспон кӯфт.
Соли дуюм аст, ки падар ба ҷанг рафтааст. Витка инро ба ёд оварду талх гирист.
– Чӣ шуд ба ту? Чӣ шуд? – фиғон кашид модар. – Магар аз дилхушиам ин латтапораҳоро ба фурӯш мебарам? Бало ба сари ҳамааш! – ва куртаи падарро як сӯ партофта, ба кат, дар паҳлуи Витка нишасту ба гиряи ӯ шарик шуд.
Хуб гириста, оқибат ором шуд ва, бӯғчаро баста истода, охирин насиҳатҳояшро ба Витка гӯшрас кард:
– Баъди мактаб аз хона набаро. Шишта, дарсҳоятро тайёр бикун. Бегоҳӣ чароғро барвақттар бикуш. Нони дурӯзаатро овардам, шӯрбо пухта мондам. Натарс, калонак шудаӣ, охир. Ман пагоҳ меоям, – ва писарашро сахт бӯсиду бӯғчаашро сари кифт карда рафт.
Аммо на бегоҳӣ омаду на имрӯз.
Ашёҳояшро худи ҳамон рӯз фурӯхта, то фуромадани торикӣ дар интизори мошин дар назди чойхонаи канори шаҳр истод. Аз кӯҳ пора-пора туман мефуромад ва рӯйи шохаҳои дарахтон дармонда, дар сурати қатраҳои калон-калони борон ба замин мечакид. Дар сари дарахтон бо азми шабгузаронӣ зоғҳо ғавғо мекарданд. Чангу ғубори роҳ, батадриҷ тар шуда, ба лой табдил меёфт. Хунук хӯрдаву аз омадани мошин ноумед гашта, нийяти ба чойхона рафтан намуд модар, то ки чой нӯшида гарм бишаваду шабро он ҷо гузаронад.
Ин дам аз роҳрави байни ниҳолон ду марди дастҳояшон дар кисаҳои нимтана берун шуданд. Лойро чалапос занонда, наздаш омаданд. Оне, ки рафидарӯй буду дар бехи даҳонаш папироси мурда дошт, пурсид:
– Сафарҳо ба хайр, холаҷон.
– Ман чӣ хел холаат будаам? – ранҷид модар.
– Хафа нашав, торик аст, охир, дар торикӣ ҳама пишакҳо сиёҳ менамоянд, – хиррӣ хандид мард ва папиросаш аз даҳон афтод.
– Шумо чӣ, шофиред? – хурсанд шуда, куҷо рафтанашро гуфт модар.
– Шофирем, шофирем, – ҷавоб дод рафидарӯ ва бо ангушт ба ҳамроҳаш ишора кард: – Аз паси ҳамин шуда дер мондем. Ду пояшро ба як мӯза андохта, исрор кард ки ба хонаи арусаш биравем. Даромадему дармондем… Акнун маҷбурем, ки дар ин торикӣ ба роҳ бароем.
Рафидарӯ пушаймон менамуд. Ҳамроҳаш, гӯё ба гуноҳаш иқрор шуда ва вазнашро аз як по ба пои дигар партофта, хомӯш меистод.
– Мошинатон дар куҷост? – нобоварона пурсид модар.
– Дар ҳамин ҷо, наздикак, – сӯйи тирагӣ ишора кард Рафидарӯ ва дилсӯзона илова намуд: – Афсус, ки ту бояд дар болои мошин биравӣ. Ҳамроҳи ду каси дигар, ки ҳоло шип-шилта шудагистанд.
Хабари будани ду ҳамсафар нобоварии модарро аз байн бурд ва ӯ бо ҷуръат аз паси ношиносон равон шуд. Аз чойхона гузашта, ба тангкӯчаи торик даромаданд. Аз паси девор нафаси сарди хатар эҳсос мешуд.
– Ку мошинатон? – баногоҳ истод модар.
– Чӣ, тарсидӣ? Ана, мошин, – дасташро сӯе дароз кард Рафидарӯ.
Ҳамроҳи хомӯшакаш ба паҳлуи дигари модар гузашт.
– Бачаҳо… бачаҳо… – бо овози ларзон гуфт модар, – накунед ин корро, бачаҳо…
Ва ба девор ҷафс шуда, дастони аз ҳарос бемадоршудаашро оҷизона садди онҳо кард. Хомӯшак кашидаву кушода бо чизе ба чаккаи сараш зад. Модар оҳиста, бемадорона девори гилшударо даст-даст карда, ба замин нишаст.
Хомӯшак, рӯйи ҷисми яксони замин хам шуда, бошитоб, тугмаҳоро канда, аз бағали модар бастаи пулро меҷуст. Оқибат чизи мекофтагиашро ёфт, оҳи сабук кашида, рост шуд ва дастонашро ба нимтанааш молида, назди шарикаш омад.
– Ман пойидани ин беақлро ҳанӯз рӯзона дар бозор сар карда будам, – хиррӣ гуфт ӯ.
Зоғҳо аз шоха ба шоха парида, қар-қар мекарданд.
…Аз ин ҳама Витка дертар огоҳ мешавад, ҳоло бошад…
Ҳоло дар паси тиреза дузд меистод.
Дина, насиҳати модарро дар бораи барвақттар куштани чароғ фаромӯш карда, Витка то дер, дар сари миз, якпаҳлу сӯйи тиреза нишаста, китоб хонд. Аз китоб ногаҳон, дар ҷойи шавқовараш, гӯё касе телааш дода бошад, чашм канд. Бо кунҷи чашм дид, ки аз кӯча, ба воситаи тирезаи бепарда, касе бодиққат хона ва ҳамзамон ӯро наззора дорад.
Витка дар ошхона ба мутолиа машғул буд, каташ, кати борики ҷамъугиршавандаи оҳанӣ, ки ҷойи тӯр дар зераш тахтаҳо дошт, низ он ҷо меистод. Даре, ки ба хонаи дуюм мебурд, боз буд, лекин ошхона чароғ надошт, аз ин рӯ, марди ношинос дида наметавонист, ки он ҷо ягон кас ҳаст ё не.
Витка маҷбуран нигоҳашро ба китоб дӯхт, лекин дигар хонда наметавонист. Саропояшро арақи сард пахш карда буд. Бо кунҷи чашм ба тарафи тиреза нигарист ва оҳи сабук кашид: он ҷо касе набуд. Витка боз каме сабр намуда, баъд бо ҷуръати тамом тунд аз курсӣ хест ва аз болои шишааш пуф карда, чароғро кушт.
Акнун аз хонаи торик ҳавлиро хуб дидан мумкин буд. Ҳавлӣ ҳам набуд он. Майдончае буд назди бино, ки атрофаш панҷара надошт ва се дари долони умумӣ сӯяш кушода мешуд. Он дарҳои калони дутабақаро ҳанӯз дар як шаби торики зимистони аввалини ҷанг канда, шояд ҳезум карда буданд. Кӣ кард ин корро, маълум нашуд.
Ҳавлиро аз роҳ ҷӯйи борики нимқадама, ки қад-қадаш бедҳо мерустанд, ҷудо мекард. Дузд ҳамин ҳоло дар назди яке аз бедҳо, ба танаи он ҷафс шуда, меистод. Витка пай набурд, ки ӯ кай дар он ҷо пайдо шуд, лекин акнун ӯро аён медид.
Шаби гузашта Витка, аз ҳар овоз якқад паридаю бедор шуда, базӯр ғанаб кард. Акнун, дар хонаи торик нишаста, худро сарзаниш менамуд, ки шабгузаронӣ ба хонаи ягон рафиқаш ё ҳамсояашон – амаки Кирилл, ки бо занаш аз девор он тараф мезист, нарафт. Умед дошт, ки имрӯз модараш меояд. Лекин наомад модар.
Дар кунҷҳои тип-торики хона гӯё ҷину аҷинаҳо ҷумбуҷӯл доштанд. Дар рӯйи бухории сардгашта як бари тозаи деги алюминӣ хира ҷило медод. Воқеаҳои яке аз дигаре мудҳиштар, ки дар мактаб аз ҳамсабақонаш шунида буд, ҳеҷ аз сараш берун намешуданд.
Ҳодисае, ки ба наздикӣ дар кӯчаи ҳамсоя рӯй дод, ба ёдаш омад. Дар ҳамин хел як шаби боронӣ ду нафар назди тирезаи хонае омаданд. Соҳибхонаҳо фурсати аз бистар хестан наёфта, онҳо дар хонаашон пайдо шуданд. Ҳама ашёи хонаро ҷамъ карда, дар ду бӯғча бастанд ва ҳангоми рафтан яке ба соҳибхонаҳои карахтгашта пичиррос зад: «Агар овоз бароред, баргашта, мекушематон!»
Баъд, шитоб накарда, оромона аз дар берун шуданд.
Аз ин ҳама фикрҳо ва шир-шири сеҳрангези кунҷҳои хона дарду алами дилу ҷони Витка меафзуд. Ҳанӯз дина бегоҳӣ ӯ ба умеди занҷирак нашуда, курсиеро ба дар тамба карда буд. Агар одами паси тиреза медонист, ки кайҳо боз дар сандуқи бехи девор ягон чиз нест, шояд ҳоло дар назди бед намеистод. Дар хонаи дигар ҳам, ғайр аз як рафча ва кати хоби модар, чизе нест.
Витка бо кӯшиши ягон чизро дидан боз ба тирагӣ дида дӯхт ва баногоҳ дарк кард, ки дузд аллакай дар даҳлезашон аст. Кай аз ҳавлӣ гузашт вай, Витка пай набурд. Ва акнун ба садоҳои номафҳуми шабонаи кунҷҳои хона шақарроси базӯр шунавои фарши даҳлез илова шуд. Нафари паси дар намедонист, ки Витка курсиро тамбаи он кардааст. Дина, зери нури чароғ, албатта, занҷираи беҷони дарро дидааст ва ҳоло умед дорад, ки бо як силтав онро меканад. Чаро дирӯз ин корро накард, маълум набуд. Чӣ халалаш расонд? Аз кӣ ҳаросид?
Баногоҳ ба фаҳми Витка расид: дирӯз дузд намедонист, ки дар хонаи дуюм ягон кас ҳаст ё не. Акнун аниқ медонад, ки Витка танҳост.
Дилаш бемарому кунд метапид. Ӯ шунид, не, эҳсос кард, ки дарро сахт кашида истодаанд. «Ҳозир занҷиру пояи курсӣ канда мешаванд» – гузашт аз дилаш.
Витка болишти болои катро гирифта, парида болои курсии таги тиреза баромад, бо болишт шишаро зада афтонд ва худро аз тиреза ҳаво дода, фарёдзанон сӯйи хонаи амаки Кирилл давид.

Дар ҳабдаҳсолагӣ мӯйи сари Шкет рехтан гирифт. Ба ҷойи мӯйи камгашта дар сараш пашмаки тани чӯҷаҳо барин як чизи зардранг мебаромад.
– Мӯйи сарам аз дарду ғам рехт, – андешамандона гуфт Шкет, дар оинаи оби ҳавз ба худ нигариста.
Прокаша бо шубҳаи нафратомез ба ӯ нигоҳ карду бодиққат ба селаи моҳиён, ки қад-қади лаби ҳавз дар оби соф шино мекарданд, чашм дӯхта, чизе нагуфт.
Онҳо хомӯшона дар лаби ҳавз нишаста, аз бекорӣ то бехуд шудан папирос мекашиданд. Папиросашон одӣ набуд – «Герсеговина Флор», ки дар замони ҷанг бисёр камёфт ба ҳисоб мерафт.
– Чӣ дарду ғам доштӣ? – Бо дили нохоҳам, барои санги сукутро шикастан, пурсид Прокаша.
– Намедонӣ? – шӯрид Шкет. – Гурехтанҳо чӣ?
– Гурехтанҳо? Ту, ба фикрам, бо ақиби шаттахӯрда танҳо аз падарат гурехтаӣ… Калиат бошад, аз тарсуист, на аз дарду ғам. Аз сулфаи худат метарсӣ. «Гурехтанҳо» будааст… – бо нафрат ба оҳанги гуфтори ӯ тақлид кард Прокаша.
Дуди папирос роҳи нафаси Шкетро гирифт.
– Ман дузди қонуниам, – гуфт ӯ, сулфаашро бартараф карда.
– Ту-у? – бо ҳайрат мад кашид Прокаша.
– Ман!
– Дар пешониат шохҳо рӯидаанду!..
Прокаша, ба пеш моил шуда ба пешонии танги Шкет ангушт зад.
Шкет, ки ба расми шарқӣ чорзону менишаст, ба соқи мӯзааш даст бурд. Прокаша каме рӯйи дастон хест ва пояшро ба пеш моил карда, бо зарбаи сахте ба сари синаи Шкет ӯро парӯ хобонд. Ҳамзамон, бо дасти чап гулӯяшро чунон фушурд, ки чашмонаш аз косахона баромаданд ва бо дасти рост аз соқи мӯзаи ӯ финкаи аҷоибдастаро берун овард. Баъд Шкетро, ки қариб аз ҳуш рафта буд, сар дода, бехушона ба танаи дарахт такя зад. Чашмонаш чун ду санги сабзтоб сарду вазнин буданд.
– Чизаки аҷиб, – «финка»-ро аз назар гузаронда, гуфт Прокаша, – худат сохтӣ?
Шкети ранҷида бо дастон гулӯяшро молида, хомӯшона хур-хур кард.
– Маҳ! – Прокаша нописандона «финка»-ро назди пойи Шкет партофт ва баъд, гӯё воқеае рӯй надода бошад, оштихоҳона таклиф кард: – Биё, камтар бихобем, чӣ гуфтӣ?
Ва розигии шарикашро интизор нашуда, байни решаҳои пурпечутоби дарахт бароҳаттар ҷой гирифта, чашмонашро пӯшид.
Шкет ҳайрон-ҳайрон ба Прокаша нигарист. Нурҳои офтоб аз байни баргҳои дарахт гузашта, рӯ-рӯйи чеҳраи вай медавиданд. Ҳолати нописандонааш бепарвоии комилашро ба ҳаракатҳои имконпазири Шкет нишон медод. «Разил! Ҳеҷ наметарсаде!» – моту мабҳут аз дил гузаронд ӯ, чанде «финка»-ашро печутоб дода, бозӣ кард ва пас ба соқи мӯзааш андохта, ба пушт дароз кашид.
Зери нурҳои офтоби тирамоҳ ғелида хобидан аҷаб роҳате дошт. Бешитоб аз пеши назар лаҳзаҳои бачагӣ мегузаштанд.
Дуздиро Шкет пеш аз савод баровардан ёд гирифта буд. Аввалҳо ба хона чанд ғуҷум ангур меовард. Модар, ҳарчанд дар аввал сарзанишаш мекард, баъдан ангурҳоро шуста, рӯйи миз мемонд, ки «баъди хӯрок мехӯрем».
Қариби бегоҳ падараш – аробакаши идораи ғаллатайёркунӣ бармегашт. Тозиёнаи бузургашро дар як гӯша монда, бешитоб либосҳояшро мекашид ва назди дастшӯяки сабзи сирдор, ки дар як гӯшаи ошхона овезон буд, меомад. Дуру дароз рӯйи тағораи зери об ахутуф карда, ҳамроҳи чангу хоку арақи бадан хастагии рӯзонаашро ҳам мешуст. Дар зери пӯсти офтобхӯрдааш рагу пайҳои аёнаш ин сӯ-он сӯ мерафтанд.
Баданашро сахт-сахт бо сачоқ пок карда, майкаи тозаашро мепӯшиду ба паси миз менишаст. Косаи дами гармро хӯрда, бо дили нохоҳам дона-дона аз ғуҷуми хурд ангур меканду андешамандона ба писараш менигарист.
Шкет аз ин нигоҳҳо метарсид, лекин чашмонашро гурезонда наметавонист.
–Ангурро Володка овард? – сипас мепурсид падар.
– Володя овард, Володя, – бошитоб посух медод модар. – Назди дӯстонаш рафта буд, боғ доранд онҳо.
– Хуб, хуб, – ба оҳанги номуайян мад кашида мегуфт падар ва, шукри ғизо карда, назди ҳамсояҳо папироскашӣ мерафт.
Шкет базӯр мехонд ва қариб ҳар сол дар синфаш мемонд. Падар хомӯшона чеҳра пурчин мекард, лекин ба писараш ёрие дода наметавонист, чунки худ камсавод буд.
Вақте ки Шкет дар синфи сеюм мехонд, падарашро ба мактаб даъват карданд. Ба мактаб аз сафари навбатӣ, савори аробаи дуаспа омад ӯ. Ҷилави аспҳоро ба дарахт баста, тозиёна дар даст ба мактаб даромад. Аз тозиёнааш ҳаргиз ҷудо намешуд падар.
Назди муаллимаи мавзунаки дар ҳаяҷон истода, шикоятҳояшро гӯш кард. Таклифи нишастанро рад намуда, дар як даст тозиёнаву дар дигараш кепкаи пурчангу ғубор, ба мӯзаҳои берангаш нигариста, хур-хур карда меистод ӯ.
– Даҳшат аст ин, даҳшат, – бо ғазаб мегуфт муаллима, – писаратон бачаҳоро маҷбур мекунад, ки пули барои яхмос додаи волидонашонро ба ӯ бидиҳанд; рӯирост папирос мекашад; омада-омада пулҳои маро аз сумкачаам дуздид…
– Чанд сӯм доштед?
– Чӣ фарқ дорад, охир, муҳим далели дуздист, маблағ ягон аҳаммият надорад, ба фикри ман…
– Чанд сӯм доштед? – сухани мукаллимаро бурид падар.
– Хайр… даҳ сӯм… – бе майли хотир гуфт муаллима.
Падар хомӯшона аз ҷайб ҳамёнашро баровард ва бист сӯм гирифта, башиддат рӯйи миз монд.
– Ба яхмоспулиҳо ҳам мерасад!
Падари Шкет бо таълимоти Песталотси ошно набуд ва дар тарбияи фарзанд усули бобоиро ба кор мебурд. Ба хона баргашта, либосашро ҳам накашида, Шкетро бо даст ба фарш зер карду дунбачаашро тозиёнашап намуд. Шкет фарёди даҳшатноке бароварда, ҷобаҷо шошид.
Писари то беҳушӣ тозиёнакӯб кардаашро рӯйи фарш ба ҳоли худаш гузошта, тозиёнаро ба кунҷе монду кӯтоҳакак ваъда кард:
– Ё мекушамат, ё одамат мекунам!
Одам карда натавонист: ҷанг халал расонд. Баъди ба набардгоҳ рафтани падар ду сол дар маҳбаси ноболиғон буд писар. Аз он ҷо бо захираи бузурги сурудҳои олуфтаҳо, дашномҳои болохонадор ва лақаби умрбоди «Шкет» баргашт. Дар тӯрбаи хароби сари китфаш як ҷуфт таҳпӯши чиркин, чанд қуттӣ тамоку ва шонаи шикастаи алюминӣ дошту халос.
Алҳол Шкет мӯе надошт, ки шона занад ва шонаро барои замоне нигоҳ медошт, ки мӯяш ба пешонӣ фурояд.
Чанд рӯз ҳайдав-ҳайдав дар шаҳр гашта, баъд ба сифати шогирди машинист ба неругоҳи барқ ба кор даромад. Касе, ки ин амали шитобкоронаи Шкетро натиҷаи ибрат гирифтанаш бидонад, хатои сахт мекунад. Сабаб содатар буд: ба коргарон карточкаи шашсадграммаи нонгирӣ медоданд.
Неругоҳ аз вақти говгум барқ медоду ногаҳон, вале на дертар аз нимашаб, қатъ мекард. Дар шаҳр муассисаҳои басти шабонадошта набуданд, заводи шаробу фабрикаи консерв меваҷот бошанд, барои рӯзи мабодо барқи худӣ доштанд. Чандсад киловат барқе, ки бо оҳу воҳ неругоҳ медод, базӯр барои равшанкунии биноҳои ангуштшумори маъмурӣ, кинохона ва бист-сӣ хонаи истиқоматӣ мерасид.
Навбаташро гузаронда, беташвиш аз хоб сер мешуд Шкет ва боз рӯзи дароз дар ихтиёраш буд. Ана, ҳамон вақт оғоз меёфт кори асосии ӯ. Дар мушташ даҳсӯмаро тавре, ки як лабаш намоён бошад, фушурда, бозорро якпоя мегашту нархи нону меваро мепурсид. Ӯи лоғарандоми чашмони тангаш ҳилагар қурбонии навбатиашро интихоб мекард ва, худро аз издиҳоми бозор наканда, ба ӯ торафт наздиктар мешуд. Дар лаҳзаи мусоид ҷайбашро дарида, ҳамёнашро меканду бешитоб аз байни издиҳом мебаромад. Одатан аз байни занҳо интихоб мекард қурбониёнашро Шкет, чунки дар ҳолати нокомӣ гурехтанаш осонтар буд.
Боре ӯ дид, ки кисабури бетаҷрибае фирефтаи як рӯмоли пур аз пул гардид. Рӯмол сахт печутоб додаву ба миёни марди тоҷике баста шуда буд. Ҳар кас ҳам дар рӯмол будани бастаҳои бисёри пулро аён мефаҳмид. Ду мусулмони говзӯр дузди дастгиршударо, аз дасту поҳояш бардошта, бо дунбааш чанд бор ба замин заданд. Вай, ки аз дард рангаш кандаю чашмонаш ало шуда буд, даҳон кушода, фарёд задан хост, лекин натавонист – аз даҳонаш хун сар кард.
Баъди он ҳодиса Шкет чанд рӯз ба бозор нарафт.
Дар анҷоми ҳар рӯзи бобарор, дар ҷайбаш вазни гуворои ҳамёни бегонаро эҳсос намуда, ба боғи куҳнаю пур аз гиёҳу буттаи масҷид мерафт ӯ. Чӣ ба он ҷо меовардаш, худ ҳам намедонист.
Ба танаи ғафси бедҳои куҳна такя зада, бешитоб сайдашро берун меовард Шкет ва ҳисоб мекард. Ҳангоми ҳисоб пешонии тангаш пурчин мешуду лабонаш меҷунбиданд.
Боре банди ин кор хатари ба сараш омадаро нафаҳмида монд. Танҳо вақте ба худ омад, ки сояи касе аз сари китфаш ба тӯдаи пулҳои ғиҷимшуда афтод. Шкет дар ҳавли ҷон худро аз замин канданӣ шуд, лекин дастони пурзӯре китфонашро зер карда, ба нишастан маҷбур намуданд.
– Овоз набарор! – фармуд овозе аз пас.
Шкет арақшор шуд. Ношинос тоб хӯрда, дар рӯ ба рӯйи ӯ қарор гирифт.
Бо чашмони сабзи сардаш Шкети нишастаро бодиққат аз назар гузаронда, ором меистод ӯ. Дар як даст папироси дудафшонро медошту дасти дигараш дар киса буд. Мӯйи нарми мавҷдорашро ба ақиб шона задааст. Кастуми хокистариаш нимдошт, вале ба танаш шинаму зебанда менамуд.
Ҳамоно хомӯшона сари по нишаст ношинос ва ба танаи дарахт такя кард. Дасташро аз киса бароварда, хокистари папироси гаронбаҳояшро бо ҳаракати сабуке афшонд. Шкет ҳамон тавр беҳаракат менишаст: ҳароси аввал, ки аз ҳолати ноаён рух дода буд, гузашт, лекин ҳанӯз дилпурӣ ҳам эҳсос намекард.
Ношинос, пасмондаи папиросашро ба як сӯ партофта, бароҳаттар нишаст ва бо чашм ба пулҳо ишора карда, пурсид:
– Бозӣ мекунем?
«Аз милиса нест!» – бори гароне аз вуҷуди Шкет афтод, вале ӯ сабукдилиашро нишон надод, бигзор ин навпайдо гумон накунад, ки тарсид. Ба ҷойи ин худ кӯшид, ки мурғаки кадом боғ будани ношиносро бифаҳмад:
– Қарта дорӣ?
Ношинос, бо нафрат чеҳра турш карда, фаҳмонд, ки ҳамроҳ қарта гардондан кори Шкет барин беақлҳост. Маҷбур шуд Шкет, ки қартаҳояшро аз киса берун биёрад.
Ду сисӯмаи сурхро монду боқии пулашро ба киса зад ӯ. Лекин, чунон ки зуд маълум шуд, на барои ҳамеша. Ношинос тезу моҳирона қартабозӣ мекард ва қартаҳои бекоршударо бо нигоҳи гиро ба ёд мегирифт. Чун мебурд, шитоб накарда, бе нишонаи ҳарисӣ пулҳоро ба сӯйи худ мекашид; чун мебохт, бе ягон афсус пулҳоро ба давра мегузошт.
Устодии ҳамбозиашро Шкет тақрибан як соат пас фаҳмид: дар ҷайбаш ягон тин намонда буд.
Ношинос, бурдашро ҳисоб карда, як садсӯмаро ба киса заду зери лаб гуфт:
– Барои папирос.
Пулҳои боқимондаро ба Шкет дод
– Лозим не, – пулҳоро аз пешаш дур кард Шкет.
Ношинос, дигар садое набароварда, бастаи пулро рӯйи зонуи Шкет монд ва боз ба танаи дарахт такя карда, ба тамошои боғ машғул шуд. Маълум буд, ки ин ҷо писандаш омадааст.
– Аз ин наздикиҳо шароб ёфтан мумкин? – пурсид ӯ ногаҳон.
– Як бева дар ҳамин ҷоҳо зиндагӣ мекунад, шароб дорад. Биёрам? – бо майли хотир бархост Шкет.
– Биёр, – бехушона розӣ шуд ношинос.
Шкетро натарсонд ӯ, то ки пулҳоро гирифта нагурезад; аз афташ бовар дошт, ки бармегардад.
Шкет худ баргашт. Аз даҳони варамидаи кисаҳои шимаш сари ду шиша портвейн намоён буд. Аз кисаи пиҷакаш истакон баровард. Сари зону истод ва онҳоро ба ҳавз зада, хуб об гардонд.
– Истаконро соҳибхоназан дод? – таваҷҷуҳ кард ношинос.
– Соҳибхоназан… Чизе бихоҳӣ, медиҳад ӯ… – Шкет баланд хандид.
– Ҷавон аст?
– Бистучандсола барин… Чӣ буд?
– Ҳамту пурсидам…
Баъди истакони дуюми шароб Шкет сархуш шуд ва нафаҳмида монд, ки чӣ хел ҳама саргузашташро ба ношинос нақл кард. Ӯ гӯш мекарду қулт-қулт шароб менӯшид ва андешамандона истакони пуршаробро байни ангуштони дарози пурқувваташ тоб медод. Баъд, шароби боқиро як қулт карда, пурсид:
– Одам кушта метавонӣ?
Шкет якбора ҳушёр шуд.
– Хайр… вай… агар зарур бошад… – сар ба зер афканда, нимғурма гуфт ӯ.
– Бе шаф-шаф бигӯ: метавонӣ? – исрор кард ношинос.
– Накардаам, – иқрор шуд Шкет. – Намедонам…
Аз иқрори хеш сабукӣ эҳсос намуда, пурсид:
– Чӣ ном дорӣ?
– Ба ёдат расид! – Писханд зад ҳамшишааш.
Ношинос, китфҳояшро рост карда, ҳарисона папирос кашид ва танҳо пас аз он ҷавоб дод:
– Прокаша.
Шкет нафаҳмид, ки ном аст ин, насаб ё лақаб, лекин гашта напурсид.
Ба ин тариқ, як моҳ аст, ки дар ин ҷо вомехӯранд онҳо. Шкет намедонад, ки Прокаша дар куҷо зиндагӣ мекунаду чандсола аст. Аз афташ биступанҷсолааш ҳам гуфтан мумкину беш аз сисола ҳам. Фақат як чизро медонад, аниқтараш, пай мебарад, ки Прокаша ба ҳеҷ ваҷҳ тан ба кор намедиҳад. Боз мушоҳида намуд, ки бо вуҷуди бекории зоҳирӣ аксаран қартабозиро рад мекунаду рӯйи сабза ғелида, бехи ягон дарахте ду-се соат мехобад. Чун ин лаҳза, ки орому табиӣ хоб аст.
Аз соҳили дигари ҳавз, назди зинаҳои мармарӣ, садои дастаи сатил ба гӯш расид: касе об мегирифт. Прокаша чашм кушод ва аз ҷой нахеста, саволомез ба Шкет нигарист.
– Як бача обгирӣ омадааст, дар ҳамин наздикиҳо зиндагӣ мекунад, – ҷавоб дод Шкет ба пурсиши бесадо.
Аз ҷойи нишастаи ӯ хуб дидан мумкин буд, ки чӣ гуна бачаяк сатилашро аз оби ҳавз пур кард ва аз гаронии он якпаҳлу шуда, аз ҳавлии масҷид баромад.
«Маро дар бараш чун посбон нигоҳ медорад, – баногоҳ дарк кард Шкет, – барои аз хатарҳо огоҳаш кардан!»

🔒

Идомаи матн барои обуначиён

Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.

Агар рамзи дастрасӣ доред, онро дар ҳуҷраи шахсӣ ворид кунед.

Боз аз рубрикаи «Тарҷума»

Ҳамаи мавод →