Тарҷума · Шеър · Шумораи 9 2026
“Офтоб” ва “Харсанг”-у “Уқобон”
Аз назми муосири Осетияи Шимолӣ – Алания
Валерий Сараев
Шоир, тарҷумон, актёр, режиссёр, ровии телевизион, бунёнгузори факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Осетияи Шимолӣ ба номи Коста Хетагуров ва Театри назми Осетияи Шимолӣ, яке аз ташаббускорони Ҷашнвораи байналмилалии шеъри «Сози осетинӣ», узви Иттифоқи нависандагони Россия, раиси Иттифоқи нависандагони Осетияи Шимолӣ, Ҳунарпешаи халқии ҷумҳуриҳои Осетияи Шимолӣ ва Осетияи Ҷанубӣ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (барои саҳми шоиста дар баргузории Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия ва Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон).
Офтоб
Эй Офтоби нурфишон ҷовидонаҳо
Бо чашми озарин зи само бингарӣ ба мо,
Аз ҳар нигоҳи гарми ту дар бекаронаҳо
Сад дил кушоду гарм шавад зери ин само!
Анвори бешумораи ту меҳру шафқат аст,
Анвори бешумораи ту пуштибони мост,
Эй кони нур, бар сари инсон бимон ту даст,
Бинмой хушк ашки варо, бе ту бепаност!
Аз авҷ, ҳамчун аз сари гаҳвора, бингарӣ
Бар ин ҷаҳони пир чу бар тифли хештан…
Тифли туем мову дилу чашм мебарӣ
Пайваста дар ҷаҳони мунаввар зи мову ман.
Мирандаем мову ту ҷовиди оламӣ,
Моро бихонӣ аз раҳи зулмот сӯйи нур.
Ҷовид мон ту дар раҳи тақдири одамӣ,
Ҳар шуълаи ҳалими туаш бод ҷӯйи нур!
Булут
Ман булути пирам, атрофам тиҳӣ монда…
Аз сари сахтам гузашта рӯзҳои хуш,
К-одамон дар сояам, гарди раҳ афшонда,
Ёд мекарданд даври пурсафои хуш…
Лек чанде пеш баргаштанд мурғон боз
Пур зи овои баҳорон карда авҷамро…
Хуш бувад хоки Ватан бар ман чу як анбоз,
Сер аз обаш шавам ман кай дар ин дунё!
Пирам, аммо ёд дорам тозаву рӯшан:
Аскарон дар сояам савганд мехӯрданд,
Содиқона ҷанг карда баҳри ин Меҳан,
Бе дареғе аз барояш гоҳ мемурданд.
Душманони хунӣ аз бахти нагун ин ҷо
Якдигарро кардаанд эй бас нишони тир,
Доимо дар байнашон ман дидаам худро,
Тирҳое хӯрда з-он бераҳм доругир.
Ошиқон бар сояам меомаданд афзун,
Баргҳои сабзам аз ин бахт меболид,
Мешудам хушбахт аз ҳар чеҳраи гулгун,
Мешуд он дам пур ҷаҳон аз шодиву аз ид…
Ман булути пираму имрӯз танҳоям,
Навбаҳорам рафтаву монда зимистонам.
Шоҳиди некиву нонекии дунёям,
Монда ҷумла ҷовидон дар ҷисму дар ҷонам.
Асп
Афтода тозиёна ба ёли пареши асп,
Дасте, ки дорадаш, дигар аз даст рафтааст.
Банде бувад ба гардани болову реши асп,
Ғарқи арақ шудаст, чу бошаст рафтааст.
Дар рӯйи зин шудаст варо сарнагун савор,
Тан лолагун зи захми дилу бурка лолагун.
То деҳ расида бо чи азобе, ба ҳоли зор,
Бахти забун намуда ду танро басо забун.
Омад ба ёди асп ҳамон сабз марғзор,
Омад ба хотираш галаву модари азиз:
Оҳ, ӯ бувад давон ба пасу пеши моми зор,
Поянда бод он дави зебои рез-рез!
Шуд он пасон саманди басо хушгили гала,
Баъдан заданд ҳамчу саманде варо лаҷом,
Метохт ӯ чи тунду ба сад шӯру валвала,
Маҳви ҷамолу тоз варо буд хосу ом.
Як бодпо набуд ба Қафқоз мисли он,
Беҳтар аз он саманд дар он гӯшаҳо набуд,
Ҳамдил саворро ба сари зин ба нархи ҷон
Дар ҳар набард аз даҳани нор мерабуд!
Карданд чашм оқибат онро ҳасудҳо,
Бо болу ёли хештан аз пой уфтод,
Сад тири синасӯз расид аз раҳи қазо,
Аз хуни дил ба роҳ басо ҷӯйҳо кушод…
Таркаш намуд қуввати қалбу мадори тан,
Оҳиставу бадарду гарон шиҳае кашид –
Афтода буд сарду хазон дар дили чаман,
Дар ёдҳои хеш вале тунд медавид…
Уқобон
Рўйи дара мепаранд, афканда ҳарос,
Бо печу ба тоби беш ин дам ду уқоб,
Тарсида шамоли тунд аз он ҳайбати хос,
Ҳам қулла ҳаросидаву чашм аст пуроб.
Гӯё ки ба мурдананд омодаву зуд
Худро фикананд сарнагун сӯйи замин,
Дар асл валек инчунин ҳеҷ набуд,
Ҳар ду бишаванд боз бар авҷ қарин.
Дар қаъри дара, миёни сангистонаш,
Бехуд бизанад чӯҷаи онон пару бол.
Бо ёди самост ҳам тану ҳам ҷонаш,
Ҳарчанд ки аз талош рафтаст аз ҳол.
Он содаяк имрӯз нахустин бор аст,
К-аз лонаи волидайн афтода ба зер,
Эҳсоси ҷаҳон намуда бо пову ба даст,
Аз неъмати озодии комил шуда сер.
Модар ба ҳарос аз пайи чўҷаякаш
Рафту ба канори худ кашидаш аз ҷон,
Бинмуд варо ба меҳри афзун таҳи каш,
«Ҳаргиз маҳарос!» – гуфт бо меҳри аён.
Он чўҷауқоб, хаста аз ин савдо,
Дар зери пари модари худ ҷой гирифт,
Андар дили ӯ зӯри навин шуд пайдо,
Чун қудрати модар набувад ҷойи шигифт!
Бахшид ба чўҷааш навин зӯру мадор,
Бинмуд раҳо варо зи қаъри ташвиш,
Бо боли қавӣ хонд ба сӯйи куҳсор,
Пар боз намуда пеш аз тифлаки хеш.
Он чӯҷа ҳам, аз ҳидояти модар шод,
Бикшода пару ба авҷ гардид равон,
Парвози се танро ба дилу рӯйи кушод,
Бингар, ки тамошо бикунад Меҳри ҷаҳон!
Харсанг
Дараи кӯҳ, хуфта харсанге,
К-аз гаронии бор огоҳ аст,
Як замон буд дар сари қулла,
Ин замон зор дар сари роҳ аст.
Гоҳ маҳкуми офтоби тамуз,
Гоҳ маҳкуми боду боронҳост.
Чок-чок аст синаи покаш,
Боз чашмаш ба сӯйи давронҳост.
Сахттар з-ин куҷост тақдире?..
Лек ногаҳ гуле шукуфт бар он
Поку беғаш чу наҷми субҳгаҳон,
Ях бишуд об аз он гули хандон.
Аз рухи пур зи чину пурожанг
Шуд равон оби дидаи харсанг.
🔒
Идомаи матн барои обуначиён
Матни пурраи ин мавод танҳо барои обуначиёни маҷалла кушода аст. Обунаи солона дастрасии пурра ба сайт ва 12 шумораи маҷалларо дар шакли PDF дар бар мегирад.
Агар рамзи дастрасӣ доред, онро дар ҳуҷраи шахсӣ ворид кунед.